123ru.net
World News in Tajik
Июль
2021

Новости за 23.07.2021

Хадамоти кашф сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои Амрикоро меҷӯяд

Ozodi.org 

Вилям Бернс, раиси Хадамоти иктишофии Амрико (СIA) гуфт, ки ин ниҳод талошҳои худро, ҷиҳати муайян кардани сабаби ба бемории мармуз гирифтор шудани дипломатҳои ИМА-ро ба беморие, ки "Синдроми Гавана" гуфта мешавад, афзоиш додааст. Ин беморӣ, ки боиси ранҷуриҳои гуногун, аз ҷумла чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, дарди сар ва аз даст рафтани ҳофиза мешавад "Синдроми Гавана" ном дорад, зеро он бори аввал соли 2016 дар сафорати ИМА дар Гавана пайдо шуда, даҳҳо дипломатҳоро мубтало кард. Аз он замон инҷониб... Читать дальше...

Олимпиадаи Токио-2020 оғоз шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар шаҳри Токио оғоз шуд, дар пойтахти Ҷопон то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Олимпиада рӯзи ҷумъа дар Варзишгоҳи миллии Токио доир гардид.



Тоҷикистону Русия тарҳи созишномаи нафақаи муҳоҷиронро ниҳоӣ кардаанд

Ozodi.org 

Тоҷикистону Русия дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расидаанд. Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, лоиҳаи созишномае, ки ҳаҷми нафақаро танзим мекунад, барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст. Интизор меравад баъд аз имзо шудани ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ месупорад, бо расидан ба сини бознишастагӣ, метавонад ба нафақа умед бандад. Читать дальше...



Мақомоти қазоқ гӯш кардани телефони роҳбарони он кишварро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон хабари гӯш кардани телефони роҳбарон, фаъолон ва чанде аз рӯзноманигорони кишварашро шарҳ дод. "Душвор аст, ҳарфе гуфтан, вақте чизе рушан нест. Ба мо хабари пурсарусадое доданд, вале далеле пешниҳод накарданд ва акнун пешниҳод доранд, ки ба он бовар кунем", - гуфт Даврон Абаев. Пештар аз ин ҳукумати Қазоқистон хабари истифодаи барномаи ҷосусии Pegasus-ро барои гӯш кардан ва хондани муколамаҳои чанде аз қазоқистониҳо "пуч" унвон карда буд. Читать дальше...

Дар Узбекистон маъракаҳои интихоботи президентӣ оғоз шуданд

Ozodi.org 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон 23 июл қарор кард, ки маъракаҳои интихоботи президентии он кишвар оғоз карда шаванд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба раиси комиссия Зайниддин Низомхоҷаев иттилоъ доданд. "Бар асоси банди 90 ва 117-и Конститутсияи Узбекистон тасмим гирифта шуд, маъракаҳои интихоботи президентии кишвар, ки қарор аст, 24 октябр баргузор гардад, аз 23 июл оғоз карда шаванд", - изҳор доштааст Низомхоҷаев дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд. Тибқи Кодекси интихоботии Узбекистон... Читать дальше...

Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, ки "Имон"-ро "нахӯрданд"

Ozodi.org 

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, гузориши OCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта)-ро дар бораи таъсир расондани ӯ ба фурӯши саҳмияҳои ташкилоти "Имон интернешнл" (Imon International) рад кард.

Тоҷикистон барои назорати сарбанди кӯли Сарез дастгоҳҳои нав насб мекунад

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар кӯли Сарез низоми нави огоҳсозӣ аз хатарро насб карданист, ки ба иттилои мақомот, арзиши он  беш аз як миллион доллар аст. Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, ки "дастгоҳҳои низоми нави маниторинг ва огоҳсозӣ моҳи август дар кӯли Сарез насб хоҳанд шуд." Ба қавли ӯ, дастгоҳҳои низоми нав бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд аз сӯи як ширкти итолиёвӣ дастрас шудааст. Насби дастгоҳҳо дар доираи тарҳи  миллӣ оид ба мудирияти хатари фалокатҳои ногаҳонӣ... Читать дальше...

Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca туҳфа кард

Ozodi.org 

Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca -ро ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристод. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бастаҳои ваксинаҳо тариқи ҳавопаймо аз Боку ба Душанбе интиқол ёфта, дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ ва тибқи нақша байни аҳолии кишвар тақсим мегардад.  Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар доираи барномаи COVAX зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca дарёфт карда буд. Ҳамчунин дар охири моҳи июн Чин ба Душанбе 300 ҳазор... Читать дальше...

Мавлавӣ Абдуллобеки Язғуломиро аз боздоштгоҳи Душанбе ба Хоруғ бурданд

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотӣ рӯҳонии шинохта Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро барои таҳқиқи парвандааш, яъне гумони “Даъвати ифротгароӣ тариқи Интернет” (моддаи 307, қисми 1) аз Душанбе ба Хоруғ овардаанд. Бо тасдиқи ин хабар як манбаъ дар Додситонии Хоруғ рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски иттиҳомоти мавриди тафтиш дар Язгулом ва Ванҷ рӯй додаанд, айбдоршаванда Қувватбеков як ҳафта пеш ба ин ҷо интиқол дода шуд ва то анҷоми тафтиш дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад. Читать дальше...

Токио-2020: Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокс маълум шуданд

Ozodi.org 

Рақибони варзишгарони тоҷик дар даври муқаддамотии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми июл доир гардид, муайян шуданд. Рӯзи 25-уми июл ду муштзани тоҷик дар даври 1/16-ниҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 килограмм бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 килограмм бо Даксианг Чен аз Чин вориди сабқат мешаванд. Сиёвуш Зуҳуров бошад, 29-уми июл дар вазни беш аз 91 килограмм қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунад. Читать дальше...

Тоҷикистон мегӯяд, тавони қабули то 100 ҳазор паноҳандаи афғонро дорад

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тавони қабули то 100 ҳазор паноҳандаи афғонро доранд. Дар пасманзари ба дасти Толибон афтодани манотиқи зиёде дар Афғонистон, эҳтимоли сарозер шудани паноҳандагон аз ин кишвар ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, бештар шудааст. Дар ҳоли ҳозир аксари манотиқи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон дар дасти Толибон қарор дорад. Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки айни ҳол қабули 100 ҳазор паноҳандаи афғон ба нақша гирифта шудааст. Читать дальше...

Бозиҳои олимпии Токио-2020 имрӯз оғоз мешавад

Ozodi.org 

Имруз, ҷумъаи 23-юми июл дар пойтахти Ҷопон Бозиҳои олимпии Токио-2020 оғоз мешавад. Ин мусобиқа ба хотири паҳншавии коронавирус як сол ба таъхир афтод. Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, ки 11 ҳазор варзишгар аз 204 кишвар дар ин Бозиҳо иштирок хоҳанд кард. Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август  баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо - Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) ... Читать дальше...

Раиси Бонки миллӣ гуфт, қарзҳои ду бонки муфлисшуда назди муштариён коҳиш ёфтааст

Ozodi.org 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ду бонки муфлисшудаи Тоҷикистон -- "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" беш аз 52 дарсади маблағҳои амонатгузоронро баргардониданд. Ҳоким Холиқзода рӯзи 22-юми июн зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳамакнун шумораи амонатгузорони "Тоҷиксодиротбонк" аз 56 ҳазор нафар то наздики шаш ҳазор нафари ҳозира, яъне қариб 10 маротиба коҳиш ёфта, қарзи умумии "Агроинвестбонк" назди муштариён аз 2,4 миллиард сомонӣ то 1, 38 миллиард сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ин ду бонки як замон азим ва ба истилоҳ "низомсоз"... Читать дальше...

Чин нахост, фарзияи хуруҷи коронавирус аз озмоишгоҳи Вуҳон санҷида шавад

Ozodi.org 

Мақомоти Чин аз ҳамкорӣ дар рафти таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи манбаи хуруҷи коронавируси нав даст кашиданд. Қарор буд, дар марҳалаи дувуми тафтишот фарзияи хуруҷи коронавируси нав аз озмоишгоҳе дар Вуҳони Чин санҷида шавад. Пекин ин фарзияро комилан рад карда, пешниҳод дорад, ки фарзияи аз хориҷ ба Чин ворид кардани вирус таҳқиқ карда шавад. Хабаргузории Reuters навишта, ки мақомоти Чин рӯзи панҷшанбе аз иштирок дар марҳалаи дувуми тафтишот даст кашидаанд. "Нақша ақли солимро нодида гирифта... Читать дальше...

Додситонии Туркия хост, Орхан Инандӣ то 22,5 сол зиндонӣ шавад

Ozodi.org 

Додситонии шаҳри Анқараи Туркия барои президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" дар Қирғизистон Орхан Инандӣ аз 15 то 22,5 соли зиндон талаб кард. Ба иттилои расонаҳои туркӣ, Инандӣ ба "идораи созмони мусаллаҳи террористӣ" айбдор мешавад. Расонаҳои Туркия навиштанд, ки Орхан Инандӣ гӯё дар рафти бозпурсӣ айби эъломшударо эътироф кардааст. Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 5 июл хабар дода буд, ки Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Ба гуфтаи Эрдуғон, амалиёти... Читать дальше...

Дар Узбекистон се наврас ронандаи таксиро бераҳмона куштаанд

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фарғонаи Узбекистон чаҳор нафареро дастгир карданд, ки ба куштори бераҳмонаи ронандаи 45-солаи таксӣ айбдор мешаванд. Се нафари онҳо наврас мебошад. Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Куштори барқасдона бо маслиҳати пешакӣ" ва "Ғоратгарӣ, ки боиси расонидани зарари сахти ҷисмонӣ мешавад", парванда боз шудааст. Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар, аз ҷумла се навраси аз 16 то 17-сола шаби 20 июл, тақрибан соатҳои 2:00 маслиҳат кардаанд, ки таксиеро даъват карда... Читать дальше...

Пас аз ҷанҷоли марзӣ. Тоҷикону қирғизҳо дар Мурғоб чӣ гуна зиндагӣ доранд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ҷанҷоли марзии Душанбеву Бишкек ба муносибати сокинони ин ноҳия, ки аз қирғизҳову тоҷикҳо иборат аст, таъсире нарасонд. Танҳо, ба гуфтаи онҳо, баста шудани марз дидорбинии наздиконро мушкил кардааст.

Спорт в России и мире
Москва

На окружном полуфинале конкурса «Это у нас семейное» Калмыкию представляют четыре семьи


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Полина Кудерметова проиграла Плишковой в первом круге турнира WTA в Руане


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии отечественного судостроения   


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Юрий Лоза

Лоза счёл полупустой зал на концерте Серова в Угличе знаком



Москва

Депутат Госсовета РТ предложил перевести время на час вперед

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net