Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июль
2021

Модари бонуи аввали Тоҷикистон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудааст

0

Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шудааст.

Ин зани 88-сола, ки модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст, панҷ рӯз боз зери назорати пизишкон қарор дорад.

Мақомот хабари гирифтории ӯ ба коронавирусро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфтааст ва зери дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор дорад.

“Шаби гузашта аҳволаш хеле вазнин буд, ҳоло як каме беҳтар шудааст, вале ба ҳуш наомадааст”,--гуфт ӯ.

Узбекбӣ Асадуллоева сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) аст. Дар ҳукумати ин ноҳия ва ҳамсоягонаш хабари бемории ӯро тасдиқ карданд.

Фарзандони ин зан дар ҳукумати Тоҷикистон аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Духтари бузурги ӯ, Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба гуфтаи манобеи огоҳ, дар тасмимгириҳои кадрӣ нақш дорад. Ҳасан Асадуллозода, писари ӯ бонки “Ориёнбонк”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро раҳбарӣ мекунад.

Фарзандони дигари ӯ- Амонулло Асадуллоева, ки дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст ва Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд. Пайвандони дигари ӯ ба тиҷорат машғуланд ва аз нуфузи вижа бархӯрдоранд.

Сирояти модари бонуи аввали Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомот ва сокинон аз афзоиши паҳншавии ин вирус дар кишвар хабар медиҳанд. Мақомоти тоҷик аз моҳи январ то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт нашудааст.

Рӯзи 21-уми июн Ситоди муоқбила бо коронавирус тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо аз фавти сокинони гирифтор ба КОВИД-19 нашр мешавад. Дар як моҳи ахир исми даҳҳо нафар, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд, нашр шуд, ки пас аз гирифторӣ ба КОВИД-19 фавтидаанд. Мақомот ин ҳолатҳоро тасдиқ ва ё рад накардаанд. Танҳо рӯзи 3-уми июл Вазорати тандурустӣ марги ду нафарро ба КОВИД-19 тасдиқ кард.

Ба гуфтаи мақомот, аз оғози панедмия беш аз 13 ҳазор дар кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 92 нафар фавтидаанд. Оморе, ки сокинон ва коршиносон онро ба маротиб бештар медонанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: Москва взяла Гран-при премии «Умный город» за цифровизацию горхозяйства


Спорт в России и мире
Москва

Шествие трубачей и уроки танцев: что ждет посетителей парков Москвы в майские праздники


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина заявила, что скучает по России, но пока не может приехать


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Huawei представила IDS на 26-м Всемирном энергетическом конгрессе





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время движения поездов от Москвы до курортов Черноморского побережья до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певица

Певица Ольга Бузова прошла плановый осмотр в больнице



Москва

Горожан предупредили о сильном ливне и грозе в ближайшие часы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net