Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Кӯчокӯч дар пайи тахриби Қасри президент. Шаҳрдорӣ ба ҷойи МТС, "Ховар" ба ҷойи "Азия плюс".

0
Кӯчокӯч дар пайи тахриби Қасри президент. Шаҳрдорӣ ба ҷойи МТС,

Дар пайи тахриби бинои Қасри раёсати ҷумҳурӣ ва шаҳрдории Душанбе, миқдоре аз сохторҳои давлатӣ ва расонаҳои хусусӣ водор ба кӯч бастан ба дафтари нав шуданд. Шаҳрдории Душанбе, ки муваққатан дар Қасри пешини раёсати ҷумҳурӣ ҷой дода шуда буд, ба биное, ки Маркази таҳқиқоти стратегӣ, хабаргузории "Ховар", Маркази исломшиносӣ ва чанд ниҳоди дигар ҷойгир буданд, мекӯчад. Мақомот тасмим гирифтанд, ки дафтари ободшудаи хабаргузории хусусии "Азия Плюс"-ро дар маҷмааи "Шарқи Озод", дар ихтиёри агентии давлатии "Ховар" вогузор кунанд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, ки то ин авохир дар вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ифои вазифа мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи нақшаи "Генплан" ё бозсозии шаҳри Душанбе, қарор аст бинои "Қасри президент" пурра тахриб карда шавад. Ба ин далел, зарурате пеш омадааст, ки як қисми ин бино, ки дар онҷо феълан шаҳрдории Душанбе қарор дорад, низ аз байн бурда шавад.

Маҳмадсаид Зувайдзода афзуд, "шаҳрдории Душанбе дар ин бино муваққатан ҷой гирифта буд. Ҳоло қарор шуд, ки шаҳрдорӣ ба бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ кӯчонида мешавад. Баъд аз анҷоми сохтмони бинои нави порлумони Тоҷикистон, шаҳрдорӣ ба бинои феълии Маҷлиси олии Тоҷикистон мекӯчад".

Дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, ҳамзамон чанд ниҳоди давлатӣ низ ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла, хабаргузории расмии давлатии "Ховар" якҷо бо радиои "Ховар" низ дар ҳамин бино кор мекарданд.

Ҳамакнун, қарор аст хабаргузории "Ховар" ба бинои маҷмаи "Шарқи озод" ё ба истилоҳ "ГЖК" кӯч бандад. Феълан ин хабаргузорӣ дар ошёнаҳои болоии ин маҷмаа ҷой дода шудааст. Аммо роҳбарияти "Шарқи озод" ба хабаргузории "Азия Плюс", ки дар табақаи дувуми ин бино тӯли бист соли ахир фаъолият мекунад, пешниҳод кардааст, ки дафтарҳои кориро барои "Ховар" холӣ кунад.

Қурбоналӣ Файзуллозода, мудири "Шарқи озод" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муассиса зерсохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст ва бояд барои сохторҳои давлатӣ шароити хуби корӣ фароҳам кунад. "Дар ҳамин бино меистанд, ягон ҷои дигар намераванд. Фақат ошёнаашон иваз мешавад, тамом. Шароит барои ҳама як хел аст. Ягон камбудӣ нест онҷо. Боз мо дастгирӣ мекунем, аз тарафи мо ягон ёрдам мешавад".

Вале масъулини хабаргузории "Азия Плюс" мегӯянд, онҳо унвонии Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон бо номае муроҷиат карда, хостори дар ҳамин дафтари корӣ мондани агентӣ шудаанд. Искандар Икромӣ, мудири иҷроияи гурӯҳи расонаҳои "Азия плюс" мегӯяд, ки барои ба шароити феълӣ овардани ин дафтари корӣ, солҳо ва маблағи зиёде сарф шудааст.

"Ин хабари ногаҳонӣ буд. Мо интизор набудем, ба вижа феълан, ки фасли сармо аст. Директори "ГЖК" моро даъват карда гуфт, дар зудтарин фурсат ин биноро холӣ кунед. Албатта, ин барои мо хеле ногаҳонӣ аст. Вақте мо соли 2016 ба ин ҷо омадем, ин биноро дар ҳолате қабул кардем, ба шумо тасвир карда наметавонам. Дар инҷо чизе набуд. Танҳо сақфу фарш буд. Ҳамашро мо худамон сохтем ва имрӯз ба як оффиси замонавӣ табдил шудааст".

Раҳбарияти хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, ҳоло омода нестанд, ки таҷҳизот ва кормандонашонро дар муддати кӯтоҳ ба дигар ҷой интиқол диҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин боиси халали ҷиддӣ ёфтани кор дар радио ва оҷонсии иттилооти "Азия-Плюс" хоҳад шуд.

Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони ин марказ ба бинои Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон кӯчидаанд. Қарор аст, баъд аз анҷоми сохтмони бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон, МТС ба бинои феълии ҳукумат дар паҳлӯи "Кохи миллат" кӯчад. Дар бинои феълии МТС ниҳодҳои роҳбарикунандаи шаҳрдории Душанбе ҷойгир карда мешаванд.

Сохторҳои дигари шаҳрдорӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бинои "Душанбе-плаза" ҷойгир шудаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Зиёӣ, бархе аз сохторҳои дигари давлатӣ, ки дар бинои МТС ҷойгир буданд, аллакай ба биноҳои дигар кӯчидаанд.

Аз ҷумла, Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба бинои маркази тиҷоратии "Созидание" ва Маркази исломшиносии Тоҷикистон ба бинои Донишкадаи исломӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч дода шудаанд.

Мақомот дар моҳи апрел ба вайрон кардани Қасри пешинаи президент оғоз карданд. Ин бино соли 1957 бунёд шуда, маҳалли кори мансабдорони сатҳи боло, маркази тасмимгириҳои сиёсӣ ва шоҳиди ҳодисаҳои таърихие ба монанди "Баҳмонмоҳи хунин" ва гирдиҳамоиҳо дар оғози солҳои 90-ум будааст.

Се сол боз дар онҷо ҳукумати пойтахт фаъолият дошт. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин бино Кумитаи марказии Ҳизби коммунист воқеъ буд. ​

Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани чунин биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои зебову бисёртабақа бисозанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин и Белозеров запустили на линии МЦД поезд нового поколения «Иволга 4.0»


Спорт в России и мире
Москва

«Кубок футбольных мам» прошел на стадионе «Москвич» в Лобне


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Полина Михайлова

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Воспитанник Московского дворца пионеров стал лауреатом конкурса «Эксперимент в космосе. Космос для всех»





Путин в России и мире
Москва

Путин: пример поколения ветеранов Великой Отечественной войны вдохновляет и сейчас


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске одобрен проект соглашения о системе таможенного транзита ЕАЭС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Shaman

Екатеринбуржец исполнил хит Shaman’а в метро и получил тростью от бабушки



Москва

Тема дня: Правительство утвердило Концепцию развития автомобильного туризма до 2035 года

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net