Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 17.11.2020

Бонкдори пешинро дар Қазоқистон 11 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон бонкдори пешин Жомарт Ертаевро ба ғорати 329,5 ҳазор доллар аз бонки RBK айбдор ва 11 сол зиндонӣ кард. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 17-уми ноябр навиштанд, баррасии парвандаи ҷиноии мазкур моҳи декабри соли 2019 шуруъ шуда буд. Дар ин қазия 37 нафар муттаҳам буданд ва дар ҷараёни баррасии парванда як нафари онҳо вафот кард. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон мегӯянд, ғорати 329 ҳазор доллар аз соли 2011 то 2017 сурат гирифтааст. Бисёре аз айбдоршавандаҳо дар додани қарзҳои бебозгашт даст доштаанд. Читать дальше...

Ҳукумати Қирғизистон ба сокинони қарздор аз бонкҳо 1,2 млрд сом кумак мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон барои дастгирии сокинони қарздор аз ташкилотҳои молии ин кишвар, ки ба иллати пандемияи коронавирус дар вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ қарор гирифтаанд, санадеро ба имзо расондааст. Санад дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон нашр шуда, дар он ба созмонҳои моливу қарзии ин кишвар тавсия шудааст, шаҳрвандонеро, ки то 1 октябри соли равон на бештар аз 100 ҳазор сом қарз гирифтаанд, дар моҳи декабри соли 2020 ва моҳҳои январу феврали соли 2021 аз пардохти фоиз озод намоянд. Вале ин... Читать дальше...



Дар Узбекистон кормандони давлатӣ муваззаф мешавад, ки варзиш бикунанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон вазорати тарбияи ҷисмонӣ гуфт, ки назорати ширкати кормандони сохторҳои давлатӣ дар машқҳои варзишиву тарбияи ҷисмониро назорат мекунад. Рӯзи 16-уми ноябр дар ин замина миёни вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва Оҷонсии рушди хадамоти давлатии назди президенти Узбекистон як ёддошти тафоҳум имзо шуд. Бар асоси ин санад, вазорат дар ҳамкорӣ бо Оҷонсӣ ҳар сари чанд вақт дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ барои ходимону мақомоти сохторҳои давлатӣ ташкил карда, аз ин роҳ, ба таблиғи ҳаёти солим ва беҳбуди сиҳҳатии омма машғул мешавад. Читать дальше...

Помпео барои гуфтугӯи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ ба Гурҷистон меравад

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст шоми 17-уми ноябр барои баррасии  ҳамкориҳои амниятиву дифоӣ вориди Гурҷистон шавад. Помпео баъди анҷоми як сафари кӯтоҳмуддат ба Туркия, ки он ҷо бо раҳбари калисои ортодокс Бартоломюи 1 мулоқот кард, ба Қафқози Ҷанубӣ меравад. Дар сафари Истамбул, ки онро вазорати хориҷаи Туркия ҳамчун сафари “комилан берабт” сифат додааст, ҳеҷ мулоқоте бо раҳбарияти ин кишвар барпо нашуд. Дар қиёс, дар Гурҷистон қарор аст Помпео рӯзи 18-уми ноябр бо президент Саломе Зурабишвили... Читать дальше...

"Роҳи оҳан" омодааст, мусофирони тоҷикро аз Русия биорад, вале кишварҳои ҳамсоя ризоят надодаанд

Ozodi.org 

Масъулони "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон гуфтанд, омода ҳастанд, ки мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе-Маскав-Душанберо аз сар гиранд, аммо кишварҳои ҳамсоя “бинобар вазъи ногувори беҳдоштӣ” иҷоза намедиҳанд.

Президенти Арманистон ба интихоботи пеш аз муҳлат даъват кард. АКС

Ozodi.org 

Президенти Арманистон Армен Саркиссян ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ даъват кард. Вай гуфт, ин тасмим барои аз байн бурдани ихтилофҳое зарур аст, ки баъд аз имзои созиш дар бораи Қаробоғи Кӯҳӣ ба вуҷуд омадаанд.



Раҳбари НАТО аз беруншавии пеш аз мӯҳлати нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

Ozodi.org 

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 17-уми ноябр ҳушдор дод, ки паймони низомӣ дар сурати хеле пеш аз мӯҳлат  тарк кардани Афғонистон қимати бузургеро пардохт хоҳад кард. Изҳороти мазкур дар вокуниш ба гузоришҳое садо дод, ки мегӯянд, президент Доналд Трамп мехоҳад нирӯҳои амрикоиро аз хоки Афғонистон берун кашад. Столтенберг бо нашри изҳороте гуфт, “мо ҳоло дар муқобили як тасмими бисёр сангине қарор дорем. Мо тахминан 20 сол дар Афғонистон ҳастем ва ҳеҷ як узви эътилофи НАТО намехоҳад, ки беш аз мӯҳлати зарурӣ дар ин ҷо бимонад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 17-уми ноябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, омодааст муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ватан интиқол диҳад, вале кишварҳои ҳамсоя ин иқдомро дастгирӣ намекунанд, мақомоти тоҷик мегӯянд, лимити барқ нест, сокинон мегӯянд, барқ ҳам нест, муолиҷаи бемории гурда дар Кӯлоб, тахриби муҷассама дар рафти таъмири он ва матолиби дигар.

Баъди ваъдаи ҳукумат, эътирозгарон масдудкунии шоҳроҳи Исломободро хотима доданд

Ozodi.org 

Баъди ваъдаи мақомот дар бораи баррасии талаби  берун кардани сафири Фаронса аз Покистон, як гурӯҳи исломии эътирозгар рӯзи 17-уми ноябр масдудкунии роҳи вуруд ба пойтахт - шаҳри Исломободро хотима дод. Баъди он ки моҳи октябр президенти Фаронса Эмманул Макрон аз ҳақи нашри карикатураҳо ҳимоят кард, дар чандин давлати мусалмонии ҷаҳон эътирозҳои зидди Фаронса бархост. Рӯзи 15-уми ноябр аъзо ва тарафдорони гурӯҳи исломии “Таҳрики Лаббайки Покистон” шоҳроҳи даромад ба Исломободро масдуд карданд. Дар... Читать дальше...

Шогирди Манижаи Давлат "хомӯшӣ"-и аҳди коронавирусро шикаст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохта ва аз шогирдони Манижаи Давлат, баъд аз хомӯшии дароз дар ҳади коронавирус, маҷмӯи таронаҳои навашро бо номи "Намебахшам" пешниҳоди ҳаводорон кард. Маросим шоми 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.

Зулайхо Маҳмадшоева "Намебахшам"-ро дар Душанбе муаррифӣ кард

Ozodi.org 

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохта ва аз шогирдони Манижаи Давлат, баъд аз хомӯшии дароз дар ҳади коронавирус, маҷмӯи таронаҳои навашро бо номи “Намебахшам” пешниҳоди ҳаводорон кард. Маросим шоми 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.

Хабарҳои умедворкунанда аз воксинаи дуюми зидди COVID-19

Ozodi.org 

Хабари зоҳиран муассир будани воксинаи дуюми зидди коронавирус рӯзи  16-уми ноябр хуш пазируфта шуд, дар ҳамин ҳол дар ИМА  эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нави марбут ба пандемияи COVID-19 вуҷуд дорад. Воксинаи дуюме, ки қарор аст дар борааш моҳи ҷорӣ хабари расмӣ нашр шавад, мисли воксинаи аввал то ҳол нишон додааст, ки дар 90 дарсади ҳолатҳо натиҷаи мусбат дорад ва умед барои аз байн бурдани ин бемории марговарро бештар мекунад. Воксинаи мазкур аз ҷониби ширкати Moderna санҷида шуда, дар марҳилаи сеюми озмоишҳо нишон додааст... Читать дальше...

Гузоришҳо: Трамп дар бораи имкони зарба ба маконҳои ҳастии Эрон суол кардааст

Ozodi.org 

Дар фурсати ду моҳ то хатми мӯҳлати президентиаш Доналд Трамп аз мушовиронаш суол кардааст, ки оё имконияти зарба задан ба муассисаҳои ҳастаии Эрон вуҷуд дорад ё на. Дар ин бора матбуоти амрикоӣ хабар медиҳад. Бино ба навиштаи New York Times, дар ҷаласаи рӯзи 12-уми ноябр дар Кохи Сафед  Трамп аз чанд ёвараш, аз ҷумла, муовини президент Майк Пенс, котиби давлатӣ Майк Помпео ва фармондеҳи ситоди муштарак генерал Марк Милли суол кардааст, ки “то куҷо ӯ имкон дорад дар ҳафтаи наздик алайҳи маконҳои... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

Невеста Тимати ответила на слухи о пластике ягодиц





Персональные новости
Россия

Аналитическое исследование «585*ЗОЛОТОЙ» показало, сколько тратят на обручальные кольца в 2024 году в разных городах России





Митч МакКоннел аз хуруҷи босуръати нирӯҳо аз Ироқу Афғонистон ҳушдор дод

Ozodi.org 

Митч МакКоннелл, раҳбари аксарият дар Сенати ИМА рӯзи 16-уми ноябр, баъди он ки президент Доналд Трамп эълон кард, ки дар чанд рӯзи наздик дар Ироқу Афғонистон нирӯҳоро кам мекунад, аз коҳиши босуръати сарбозон  дар ин кишварҳо ҳушдор дод. МакКоннелл - пешвои ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат, гуфт, ки ба чунин шакл кам кардани нирӯҳо ба тундгароҳо баҳона мешавад, ки таблиғоти пирӯзии худро ба роҳ монанд. МакКоннелл гуфт, ки аз ин тасмим “Ал-Қоида барои пропагандаи пирӯзии  худ  ва  эҷоди паноҳгоҳи нав дар... Читать дальше...

Майк Помпео ба Гурҷистон меравад

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст рӯзи 17-уми ноябр барои баррасии масоили дифоъ ва амният  бо раҳбарияти Гурҷистон ба Тифлис сафар кунад. Помпео, ки дар як сафари корӣ қарор дорад, шоми сешанбе аз Туркия вориди Гурҷистон мешавад. Рӯзи 18-уми ноябр Помпео бо президент Саломе Зурабишвили, нахуствазир Гиорги Гахариа, вазири хориҷа Давид Залкалиани, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешвои калисои ортодокси гурҷӣ Илияи 2 мулоқоту гуфтугӯ хоҳад кард. Дар гуфтугӯҳои баландпояи дипломатӣ  ҳамкориҳои... Читать дальше...

Муаллифи луғатномаи чорзабона: "Кушиш кардам шуғнонӣ аз байн наравад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Як донишманди ҷавони тоҷик дар тӯли 13 сол луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро таҳия карда, аз ҳисоби маблағи худ онро нашр кардааст. Шервоншо Аламшоев, муаллифи ин луғатнома мегӯяд, ки ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон ҳарф мезананд ва дар луғат ҳудуди сӣ ҳазор калима гирдоварӣ ва тарҷума шудааст. Ин донишманди тоҷик дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, дар оғоз ба ин суол, ки чӣ омиле сабаб шуд ба таҳияи чунин як луғатнома иқдом кунад, гуфт... Читать дальше...

Шервоншо Аламшоев луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро таҳия кард

Ozodi.org 

Як донишманди ҷавони тоҷик дар тӯли 13 сол луғатномаи шуғнонӣ-тоҷикӣ-русӣ-англисиро таҳия карда, аз ҳисоби маблағи худ онро нашр кардааст. Шервоншо Аламшоев, муаллифи ин луғатнома мегӯяд, ки ҳоло дар Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ба ин забон ҳарф мезананд ва дар луғат ҳудуди сӣ ҳазор калима гирдоварӣ ва тарҷума шудааст.

Олимпиадаи Токио дигар ба таъхир гузошта намешавад

Ozodi.org 

Бозиҳои олимпӣ дар Токио, ки бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шудааст, сарфи назар аз он ки ҷаҳон то ҳоло муборизаро бо пандемияи коронавирус анҷом надодааст, дар замони муқарраршуда доир мегардад. Дар ин бора раҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах ва сарвазири Ҷопон Йошиҳиде Суга дар Токио ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад нашрияи Deutsche Welle. Суга изҳори итминон кард, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тобистони соли оянда баргузор мешаванд. Бах ба сарвазир барои талошҳояш ташаккур гуфт ва таъкид кард... Читать дальше...

Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ба Узбекистон рафт  

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон субҳи имрӯз, 17-уми ноябр, озими Тошканд шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе бо худ ба Узбекистон 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдониро бурдааст. Вале бозигарони бошгоҳи «Сипар»-и Хуҷанд Собирҷон Гулаков ва Иқбол Воситзода, инчунин Умед Қузиев аз дастаи «Соро... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Заместитель директора Росгвардии генерал-полковник Алексей Воробьев поприветствовал участников патриотического конкурса в Центре спорта и образования «Самбо-70»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Павлюченкова и Потапова не смогли выйти в финал турнира WTA в Мадриде в парном разряде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Лесной северный олень Прохор переехал в Керженский заповедник из зоопарка





Путин в России и мире
Москва

В городах России выступят летом юные вокалистки из Приамурья


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья приехал в Минск и попросил защиты у Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Джиган

Джиган собирается торговать пивом



Москва

Российский турист напился и улегся спать на карнизе второго этажа музея, шокировав прохожих

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net