Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2021

Новости за 29.03.2021

Киштии дармонда дар обҳои Суэз аз банд раҳо шуд

Ozodi.org 

Киштии азими борбаре, ки дар обҳои канали Суэз наздики як ҳафта дармонда буд, пурра рӯи об баргашт ва базудӣ ҳаракат дар обҳои канал барои ҳама киштиҳои дигар барқарор мешавад. Дар изҳороти маъмурияти канали Суэз рӯзи 29-уми март гуфта шуд, ки “Адмирал Усома Раби, сардори раёсати канали Суэз дар бораи азсаргирии ҳаракати киштиҳо дар канали Суэз хабар дод”. Субҳи душанбе мақомот гуфтанд, ки киштии дармонда “Эвер Гивен” қисман аз хоку гил раҳо шуд, чун ҳангоми ҳаракат қисмати пеш ё нӯги киштӣ дар гилу хоки бистари канал дармонда буд. Читать дальше...



Падари як муттафиқи Навалний бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят боздошт шуд

Ozodi.org 

Падари Иван Жданов, раиси Бунёди зидди коррупсияи мунаққиди зиндонӣ Алексей Навалний бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом боздошт шуд. Жданов дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии худ рӯзи 29-уми март навишт, ки падари 66-солаи ӯ Юрий Ждановро 26-уми март  дар шаҳри Ростори лаби Дон боздошт карданд. Жданов навишт, ки “бидуни шубҳа парвандаи ҷиноӣ ба хотири ман ва фаъолиятҳои ман боз шудааст”. Ба навиштаи ӯ, “ин як сатҳи нави палидӣ ва бадкорӣ аз тарафи маъмурияти президент аст”. Жданов гуфт, пеш аз он ки соли гузашта ба нафақа барояд... Читать дальше...

Навалний гуфт, ки ба ӯ ҳабс дар утоқи ҷазо таҳдид мекунад

Ozodi.org 

Мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний гуфт, ки аз эҳтимоли ба утоқи ҷазо интиқол ёфтанаш ҳарос дорад, чун, ба навиштааш, ӯро дар чандин ҳолати хурди вайрон кардани қоидаҳои зиндон гунаҳгор кардаанд. Дар як изҳороташ, ки 29-уми март дар саҳифаи ӯ дар Инстаграм нашр шуд, омадааст, ки дар давоми ду ҳафта ба ӯ шаш бор ҳушдор доданд. Ӯ навишт, “ду огаҳии дигар медиҳанду ба утоқи ҷазо мебаранд. Ин як макони нохушоянд аст, шароиташ ба шиканҷа наздик аст”. Мунаққиди 44-солаи президенти Русия Владимир Путин  дар зиндони рақами 2-и шаҳри Псков... Читать дальше...

Суперҷоми Тоҷикистон: Кӣ ғолиб мешавад -"Истиқлол" ё "Равшан"?

Ozodi.org 

Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои  ”Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва «Равшан»-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи шанбе, 3-юми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 оғоз меёбад. Барои мухлисон тамошои бозӣ дар варзишгоҳ ройгон аст. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори дувоздаҳум доир мегардад. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. Читать дальше...

Русия рӯҳонии тоҷикро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва ба Душанбе ихроҷ кард. Эшони Саиднуриддин дар озодист ё боздошт? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Русия шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷикро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Саиднуриддин Розиқови 60-сола, машҳур бо номи Эшони Саиднуридин, то ин вақт дар ноҳияи Режи вилояти Свердлов мезист.



Матбуот: Дар Новая Москва се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ ва як нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Хабаргузории расмии ТАСС менависад, дар паи як муноқиша дар минтақаи Новая Москва афроди номаълум ба  шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамла карданд ва  дар натиҷа, се нафар маҷрӯҳ ва як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Ин хабаргузорӣ бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои тафтишотӣ менависад, ки ба ин нафарон бо корду силоҳ ҳамла кардаанд.  Як манбаъ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 27-уми март дар минтақаи Новая Москва рух дод. Ӯ гуфтааст: “Дар суроғаҳои мухталиф ҳамла ба ҳадди аққал чор шаҳрванди Тоҷикистон рух дод. Читать дальше...

WHO: Дар Тоҷикистон 6 нафар ба фалаҷи атфоли навъи дувум гирифтор шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.

Посух ба чанд суол дар бораи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ чанд рӯз пеш хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш 6 мавриди гирифторӣ ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд. Мусоҳиб бо мутахассиси СҶТ, Шоҳин Ҳусейнов (бо забони русӣ)

Баҳром Азаматов ба зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Баҳром Азаматов, корманди пешини раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғдро бо гуноҳи "садамаи марговар" ба чаҳор сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шуд.

Гузориши нави HRW  саркӯби журналистон дар Беларусро таҳқиқ мекунад 

Ozodi.org 

Гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch, ки 29-уми март нашр шуд, мегӯяд, мақомот дар Беларус давоми панҷ моҳи гузашта фишор болои матбуоти мустақилро афзоиш дода, ба боздоштҳои беасос, ҷаримабандӣ ва ҳабс бар асоси ангезаҳои сиёсӣ даст задаанд. Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, ки қонуншиканиҳои сабтшуда талоши мақомоти Беларус барои хомӯш кардани садои матбуот аст, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон ва эътирозҳои сулҳомези Беларус баъди интихоботи президентии моҳи август гузоришҳо нашр мекарданд. Читать дальше...

Мақомоти тоҷик сабаби пайдоиши фалаҷи кӯдаконро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву беҳдоштии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, сабаби пайдоиши ҳолатҳои олудагӣ ба полиомиелит ё фалаҷи атфоли навъи 2 дар ин кишвар он аст, ки ин кӯдакон сари вақт ваксина нагирифтаанд. Ба гуфтаи ин мақомдор, ҳолатҳое ҷой доранд, ки волидайн аз эмкунии кӯдаконашон даст мекашанд ё ин ки нафарони калонсоли хонавода намегузоранд, кӯдакон зидди ин беморӣ эм карда шаванд. Ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар сомонаи худ аз хуруҷи бемории фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон хабар дод. Читать дальше...

Матбуот: Тоҷикистон бо Русия афзоиши парвозҳоро машварат мекунад

Ozodi.org 

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, барои роҳандозии парвозҳо ба минтақаҳои мухталифи Русия бо мақомоти рус гуфтугӯ доранд. Дар ин бора раҳбари оҷонсӣ Икром Субҳонзода дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои русӣ хабар додааст. Субҳонзода гуфтааст, ки  Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аз моҳи июни имсол барои рафтуомади ҳавоӣ аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон иҷозат дода шавад. Русия гуфтааст, ин масъаларо меомӯзад. Қаблан Оҷонсии нақлиёти ҳавоии Русия рӯйхати ширкатҳоеро, ки барои ташкили парвозҳо ба Душанбе... Читать дальше...

Ҳусейн Сомон то поёни моҳи май дар боздошт мемонад

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Головинскии шаҳри Маскав охири ҳафтаи гузашта ҳукм кард, ки  шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусейн Сомони 25-сола то поёни моҳи май дар боздошт мемонад. Ин ҷавон ба он муттаҳам мешавад, ки бо мошинаш ду зани русро пахш карда, боиси марги онҳо шудааст. Садама рӯзи 23-юми марти имсол дар яке аз хиёбонҳои шимоли Маскав рух дод. Ронандаро як рӯз баъди ин садама боздошт намуданд. Ҷавони гумонбар дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳ тормози мошинаш аз кор баромад ва, азбаски аз фоҷеаи рухдода шок шуд... Читать дальше...

Қоидаи кӯмак ба зиндониҳо сахттар шуд. Баъди қазияи Дониёр Набиев?

Ozodi.org 

Дар зиндонҳои Тоҷикистон талабот барои интиқоли ғизо ва ё расонидани дастовез ба маҳбусон сахттар шудааст. Минбаъд фақат хешу табори наздики зиндониён ҳаққи расонидани савғотӣ ба онҳоро доранд. Мансурҷон Умаров, сардори низоми зиндонҳои кишвар ба хабаргузории “Азия-плюс” гуфтааст, ҳарчанд қаблан ҳам талаботи мазкур вуҷуд дошт, вале хешу ақрабои дурафтодаи зиндониён метавонистанд дасотовезро тавассути афроди бегона, мисли ронандагони таксӣ ва ё шиносҳояшон бифиристанд. Ӯ гуфтааст, дар ин охирҳо “аз... Читать дальше...


Музыкальные новости
Оркестр

Оркестр «Серебряные трубы» выступил в Чехове в преддверии 9 Мая





Персональные новости
Сергей Брановицкий

Композитор Классической музыки Сергей Брановицкий представляет произведения классической музыки.





Интиқоли борҳои Чин тавассути роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт

Ozodi.org 

Бо афзоиши арзиши интиқоли борҳо тавассути роҳҳои баҳрӣ, ширкатҳои чинӣ барои интиқоли борҳояшон ба Аврупо ҳарчи бештар аз роҳҳои оҳани Русияву Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Нашрияи Financial Times мегӯяд, дар давоми ду моҳи аввали соли 2021 аз Чин ба Аврупо 2 ҳазор қатори борбар мол бурдааст, ки ин ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.  Як ширкати интиқолдиҳандаи бор дар шаҳри шарқии Йивии Чин ба нашрияи амрикоӣ гуфтааст, ки дар давраи пандемия талабот ба дастгоҳҳои электронӣ ва ҳама гуна таҷҳизоти хонагӣ афзоиш ёфт. Читать дальше...

Ашраф Ғанӣ гуфт, "Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар Афғонистон аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар ин кишвар аст. Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар нишасти "Қалби Осиё" ба Душанбе омадааст, рӯзи 29-уми март гуфт, “ин паёме ба Толибон ва ҳомиёнаш аст.”

Дар суқути чархбол дар Аляска миллиардери Чехия Петр Кёллнер кушта шуд

Ozodi.org 

Нашрияи The Washington Post менависад, чархболе, ки лижаронҳоро аз осоишгоҳи Tordrillo Mountain Lodge интиқол медод, рӯзи шанбе дар пиряхи Кник афтода пора-пора шуд. Дар ин чархбол соҳибкори маъруфи чех Петр Кёллнери 56-сола ва чор нафари дигар нобуд шуда, як нафар зинда мондааст. Сабаби рӯй додани садама таҳқиқ мешавад. Петр Кёллнер муассиси Гурӯҳи байналмилалии сармоягузории PPF буд. Маҷаллаи “Форбс” дороиҳои ӯро соли 2020 дар ҳаҷми 13,2 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Давоми 15 соли охир ин... Читать дальше...

ВКД-и Русия маълумотномаи электронии хориҷиҳоро ташкил мекунад

Ozodi.org 

ВКД-и Русия мехоҳад як пойгоҳи воҳиди электронии бақайдгирии хориҷиҳоро таъсис диҳад, ки дар он маълумот оид ба тамоми шаҳрвандони кишварҳои беруна, аз ҷумла, муҳоҷирони корӣ ворид шуда, хориҷиҳо бар асоси он метавонанд кору фаъолияти расмии худро ба роҳ монанд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти ВКД-и Русия мегӯяд, ин пойгоҳ як захирагоҳи электронии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ мешавад ва дар он баробар бо аксу ному насаб ва маълумоти биометрии шахс, маълумот оид ба макони кору зиндагии ӯ дар Русия  ворид мешавад. Читать дальше...

Дар Бритониё чораҳои маҳдудкунанда сабуктар мешаванд

Ozodi.org 

Қарор аст аз 29-уми март дар Инглистон чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба пандемияи коронавирус сабуктар шаванд, вале нахуствазир Борис Ҷонсон бо ёдоварӣ аз дигар нуқоти Аврупо гуфт, ки таҳдиди шаклҳои нави коронавирус вуҷуд дорад, аз ин хотир, аҳолиро ба эҳтиёту ҳушёрӣ даъват намуд. Муқаррароти сахти хонашинӣ каме сабук шуда, ҳамакнун барои сокинон иҷоза мешавад, ки дар як маҳфил ва дар як вақт на ду нафар, балки то шаш кас ваё ду оила бо ҳам ҷамъ шаванд. Ба варзишгарони ғайрикасбӣ ҳам иҷоза дода шуд... Читать дальше...

Мансабдори пешини БДА-ро барои садамаи марговар 4 сол зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳром Азаматов, корманди пешини раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғдро бо гуноҳи "садамаи марговар" ба чаҳор сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шуд.

Спорт в России и мире
Москва

"Спартак" не сумел обыграть "Пари Нижний Новгород"


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек и Соболенко устроили триллер за престижный трофей


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Ежемесячную денежную выплату получают более 1,6 млн пострадавших от радиации





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о героях нашего времени


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Русских заявил о субсидировании новых авиарейсов до Минска




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певица

Певица Бузова заявила, что ее устраивает быть «второй после президента Путина»



Москва

Германия отзывает для консультаций посла в РФ Ламбсдорфа на фоне кибератаки

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net