Суперҷоми Тоҷикистон: Кӣ ғолиб мешавад -"Истиқлол" ё "Равшан"?
Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои ”Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва «Равшан»-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи шанбе, 3-юми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 16:00 оғоз меёбад. Барои мухлисон тамошои бозӣ дар варзишгоҳ ройгон аст. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори дувоздаҳум доир мегардад. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол»-и Душанбе нӯҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020), «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баранда шудаанд.
Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд.
Суперҷоми Тоҷикистон - 2021
3-юми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Истиқлол» – «Равшан»
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020)
2010. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1