Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 21.11.2018

Меркел аз тарҳи баҳсбарангези СММ оиди муҳоҷират пуштибонӣ кард

Ozodi.org 

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз паймони баҳсбарангези Созмони Милали Муттаҳид, ки боиси танқиди бисёр кишварҳо шуд, пуштибонӣ кард. Меркел гуфт, ки ин санад посухи дуруст ба буҳрони муҳоҷират аст, ки ба гуфтаи садри аъзам, танҳо бо талоши дастаҷамъии байналмилалӣ ҳал мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи  21 ноябр хабар дод. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон дастикам 70 миллион паноҳанда вуҷуд дорад, ки  ними онҳо кудакон мебошанд. Ин одамон бо ҳар роҳ мехоҳанд аз 200 низои сабтшуда дар ҷаҳон наҷот ёбанд... Читать дальше...

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон

Ozodi.org 

Вақте дар осмон торикӣ мепечад, дар кӯчаҳои шаҳри Норак гурӯҳи мардоне бо камзул ва дастбанди сурх пайдо мешаванд. Амали шубҳаовар ва муноқишаи хурдтарин дар хиёбонҳо аз чашми онҳо пинҳон намемонад.



Интернети Тселл чаро гум шуд?

Ozodi.org 

Ширкати Тселл (Тcell) бо пахши як огоҳӣ эътироф кард, ки аз шоми 20-уми ноябр ба ин тараф муштариён барои дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯи телефонӣ мушкил доранд. Дар огоҳинома гуфта шудааст, “мушкил бо сабабҳои новобаста аз ширкат пеш омадааст” ва феълан талошҳо барои бартараф кардани он ҷараён дорад.

Додгоҳи олии Русия ҳукми Маҳмадиевро бетағйир гузошт

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи талоши пайвастан ба гуруҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, бетағйир гузошт. Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи 21 ноябр хабар дод, ки баррасии шикояти вакилони дифои Умар Маҳмадиев дирӯз сурат гирифт ва додгоҳ гуфт, ҳукми содиркардаи Додгоҳи низомии ноҳияи Ленинград дуруст аст ва тағйир дода намешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, Умар Маҳмадиев, ки дар минтақаи Ленинград дар як корхонаи хиштсозӣ кор мекард... Читать дальше...

Як қавми дар инзиво будаи Ҳиндустон масеҳии амрикоиро кушт

Ozodi.org 

Як масеҳии амрикоӣ дар Ҳиндустон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қабилае, ки бо ҳазорсолаҳо боз тамаддунҳои дигар иртибот надорад,  кушта шуд. Амрикоии 27-сола дар ҷазираи Сентинели Шимолӣ - яке аз тудаҷазираҳои Андаманси халиҷи Бенгал, аз тири камон ба ҳалокат расид. Қонунҳои Ҳиндустон вуруд ба ин ҷазираро, ки қабилаи маскунаш аз дастовардҳои тамаддун бебаҳра буда, дар шароити асри санг ба сар мебарад, мамнуъ кардаанд. Ҷавони кушташуда мехост ин қабиларо ба дини масеҳӣ ташвиқ кунад. Сайёҳӣ 27-сола Ҷон Аллен Чо шанбеи гузашта кушта шуд... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 21-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Ширкати Т-cell эътироф намуд, ки мушкил ҷой дорад Ҳукми омилони ҳамла ба саёҳони хориҷӣ эълон шуд Собиқ амири ҳаракати тундрави Ҳизбу Таҳрир изҳорот дод Шаш корманди маҳбaси шаҳри Хуҷандро боздошт намуданд Қубурҳои кафида ва шикояти сокинони Рӯдакӣ.

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё дар Алматӣ

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар ҳамин ҳол дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар шаҳри Алматии Қазоқистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад.

Save the Children: 85 000 кӯдак дар Яман аз гуруснагӣ ҷон додаанд

Ozodi.org 

Созмони ғайридавлатии "Save the Children" мегӯяд, ки аз оғози ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман, 85 ҳазор кӯдаки зери панҷсола аз гуруснагии сахт ва хӯроки ғайримуносиб дар он кишвар ҷон бохтанд.


Музыкальные новости




Персональные новости




Теъдоди қурбониёни ҷашни мавлуди пайғамбар аз 50 нафар гузашт

Ozodi.org 

Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд. Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла беш аз 80 тани дигар низ захмӣ шуданд. Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард. Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе эътроф накардааст. Читать дальше...

Президент Трамп аз равобити наздик бо Риёз пуштибонӣ кард

Ozodi.org 

Рӯзи сешанбе президенти ИМА Доналд Трамп даъвати қонунгузорон барои вокуниши қотеъ ба куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷиро рад кард ва гуфт, ки Амрико ба ин ҷиноят алакай посухи муносиб дод. Президент ҳамчунин гуфт, ки равобити танготанг бо Арабистони Саудӣ ба манфиати ИМА аст.  Дар изҳороти дусаҳифагии Кохи сафед, Трамп куштори мунақиди мақомоти Саудӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истамбулро "ҷинояти мудҳиш" номид. Ба гуфтаи президент дар заминаи ин ҷиноят 17 шаҳрванди Арабистони Саудӣ таҳрим шуданд. Читать дальше...

Ҳосили "Нелегал-2018": 5 миллион доллар ҷарима аз муҳоҷирон

Ozodi.org 

Сохторҳои ҳифзи қонун дар паи анҷоми амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи “Нелегал-2018” дар ҳаҷми 5 миллион доллар ҷаримаҳои маъмурӣ содир карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Гуфта мешавад, ки  61 дар сади ин маблағҳо дар ҷараёни амалиёт пардохт шудааст. Масъулин хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт, ки ба иттилои СПАД дар ду марҳила – моҳҳои май ва сентябри соли ҷорӣ баргузор шудааст, 443 шахси дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта боздошт шуд. Читать дальше...

Генерали рус сабқати раҳбарии Интерполро бохт

Ozodi.org 

Генерали рус Сергей Прокопчук, ки яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раҳбари Интерпол номбар мешуд, сабқатро ба намояндаи Кореяи Ҷанубӣ бохт. Ким Чен Ян раҳбари интерпол шуд.  Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, Украина, Литва, намояндагони мухолифини Русия ва соҳибкори таҳти таъқиби Маскав Уилям Браудер ба номзадии Прокопчук мухолифат нишон доданд. Онҳо гуфтанд намояндаи кишваре, ки қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад, наметавонад раҳбари пулиси байналмилалӣ бошад. Мухолифони номзадии Прокопчук ҳамчунин аз ин нигарон буданд... Читать дальше...

Аз хонаи як сокини Бишкек 10 мошин партов бароварданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кормандони ширкати "Тазалик"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон давоми ду рӯз партови ҷамъшудаи хонаи як сокини шаҳрро кашониданд. Аз хонаи ин сокин қариб 10 мошини боркаш партов бароварда шуд. Аз шаҳрдории Бишкек хабар доданд, ки 18 ноябр як сокин аз кафидани қубури хонаи ҳамсояаш хабар дод. Кормандони таъмири қубурҳо оби гарми биноро бастанд. Аммо кормандон натавонистанд сари вақт садамаи қубурро бартараф кунанд. Зеро манзили якҳуҷрагии сокин аз партов пур буд. Ҳамсояҳои ин сокин хабар доданд, ки... Читать дальше...

Раиси порлумони Узбекистон "Роғун"-ро барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим номид

Ozodi.org 

Нурдинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон, гуфт, ки аз фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун дар охири ҳафтаи гузашта “ба ваҷд омадааст”. Ӯ рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, “ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ мемонад”. Раиси порлумони Узбекистон мегӯяд, пурра иҷро шудани тарҳи Роғун на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Нурдинҷон Исмоилов бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои амниятии минтақа... Читать дальше...

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net