123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 05.11.2018

Дар Хоруғ чӣ ҳодиса гузашт?

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Бадахшон дар шарҳи ҳодисаи тирпаронӣ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки муноқиша баъди мухолифати гурӯҳе аз ҷавонон бар сари мавҷудияти посгоҳҳои низомӣ дар ин шаҳр сар задааст.

Толибон барои иштирок дар музокироти Маскав изҳори омодагӣ карданд

Ozodi.org 

Толибони Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар музокироти бисёрҷонибаи сулҳ дар Маскав эълон карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 ноябр бо такя ба намояндаи баландмақоми Толибон гузориш дод. Аммо намояндаи ин ҷумбиши ҷангӣ мавҷудияти иҷозаи расмӣ барои сафар ба Русияро рад кард. Мақомоти Афғонистон ва ИМА аз иштирок дар ин музокирот, ки Кремлин ташкил мекунад, даст кашиданд. Раҳбарияти Русия ба маъракаи сулҳсозӣ 12 кишвар ва ҳамчунин намояндагони Толибонро, ки барои барқарор... Читать дальше...



Нархи себ дар Кӯлоб бесобиқа поин рафт

Ozodi.org 

Нархи себ имсол дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг ба таври назаррас поин омадааст. Коҳиши арзиши себро тоҷирон ба серҳосил шудани себзорҳои ҷануби кишвар рабт медиданд, вале кишоварзон  мегӯянд, ки бо сард омадани мавсим, онҳо маҷбур ҳастанд бо нархи хеле паст себро ба фурӯш гузоранд, то талаф наёбад.

Мақомот: Ба сокинони "Варзоб ГЭС" ҷубронпулӣ дода мешавад"

Ozodi.org 

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таҳияи феҳристи сокинони маҳаллаи мавсум ба "Варзоб ГЭС" шурӯъ карданд, ки баъди тахриби манзилҳояшон қарор аст бо ҷубронпулӣ таъмин шаванд. Мақомот гуфтаанд, ки дар ҷои истиқомати 31 хонавода ва ду фурӯшгоҳ, ки дар канораҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошанд, қарор аст як маркази нави сайёҳӣ бунёд шавад. Охири ҳафтаи гузашта даҳҳо сокини ин маҳалла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳоро аз хонаҳояшон берун мекунанд ва бар ивази ин, ба онҳо манзил ва ҷубронпулӣ доданӣ нестанд.

Le Monde: Фаронса амри боздошти раҳбарони хадамоти махсуси Сурияро содир кард

Ozodi.org 

Мақомоти Фаронса бораи боздошти ду мансабдори баландпояи хадамоти махсуси Сурия дастур доданд. Дар ин бора нашрияи Le Monde рӯзи 5 ноябр хабар дод. Ба гуфтаи рӯзноманигорон ин ду нафар ба содир кардани ҷинояти алайҳи башарият муттаҳам мешаванд.  Гуфта мешавад, ки яке аз айбдоршавандаҳо Алӣ Мамлук - раҳбари Идораи амнияти миллии Сурия аст. Таҳқиқ дар заминаи аризаи шаҳрванди суриятабор сурат мегирад, ки соли 2016 муроҷиат кардааст. Ин нафар талаб дорад, қазияи нопадид шудани ду одами назидики ӯ, ки соли 2013 гумном шудаанд, бозҷӯӣ шавад. Читать дальше...

"Дуэл"-и Трамп ва Обама дар остонаи интихоботи миёндавраӣ

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури пешин Барак Обама рӯзи якшанбе дар маъракаҳои пешазинтихоботии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо суханронӣ карданд. Ба гуфтаи Reuters ин суханрониҳо, ки дар як замон сурат гирифт мили "дуэли сиёсӣ" дар остонаи интихоботи 6 нобяр буд, ки сарнавишти назорати ҷумҳурихоҳон бар Конгрессро мушаххас мекунад. Трамп ҳангоми суханронӣ дар аёлати Ҷорҷиа ва Теннессӣ демократҳоро "бандаи раҳзанҳо" номид ва онҳоро ба талошти хароб кардани иқтисоди Амрико муттаҳам кард, дар ҳоле... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 5-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Писари вазири собиқ паси панҷара рафт Таҳримоти сахт ба зидди Эрон ба иҷро даромад Русия дарашро ба руи муҳоҷирон боз мегузорад Русия аз Интерпол хост, зани тоҷикро дастгир кунад Сокинони “Варзоб ГЭС” барои хона даъво доранд Себ дар Кулоб арзон шуд, кишоварзон зиён мебинанд

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барандагони ҷоизаҳои IWPR шуданд

Ozodi.org 

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ ва Орзуи Карим барандагони ҷоизаҳои намояндагии Институти ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон шуданд. Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 5-уми ноябр дар меҳмонхонаи "Серена"-и шаҳри Душанбе бо ҳузури дипломатҳо аз Сафорати Амрико, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма, баргузор шуд. Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бюрои Душанбе барандаи ҷоизаи вижаи "Инъикосгари масоили занону кӯдакон" шуд. Орзуи Карим, хабарнигори Радиои... Читать дальше...

Дар даргирӣ бо Толибон 13 низомии афғон кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки 13 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон дар як задухӯрд дар вилояти Ғазнӣ, дар 150-километрии ҷанубуғарби Кобул кушта шуданд.  Муҳаммадориф Нурӣ, сухангӯи волии Ғазнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки задухӯрд субҳи 5 ноябр ва ҳангоме шурӯъ шуд, ки ҷангиёни Толибон ба посгоҳе дар ноҳияи Хогиёнӣ ҳамла карданд. Ба иттилои Нурӣ, дар ин даргирӣ  шаш афсари полис ва ҳафт сарбози артиш кушта шуданд. Дасти кам чор афсари дигари полис маҷрӯҳ шуданд. Инчунин дар задухӯрди... Читать дальше...

Мақоми рус: "Давлат ба шумо нагуфтааст, ки кӯдак таваллуд кунед". ВИДЕО

Ozodi.org 

Сардори раёсати сиёсати ҷавонони вилояти Свердловск Олга Глатских дар як мулоқот бо наврасони фаъол дар шаҳри Кировград гуфт, ки ба кӯдакон бояд волидонашон кӯмак кунанд ва давлат дар баробари онҳо масъулият надорад. “Давлат ба волидони онҳо нагуфтааст, ки кӯдак таваллуд кунед”, посух дод Глатских ба саволи ин ки то куҷо ҳукумат омода аст барномаҳои марбут ба кӯдаконро маблағгузорӣ кунад. Маълум нест, ки мулоқот Глатских кай баргузор шудааст, вале пахши навори видеоии сӯҳбатҳои ин узви ҳукумат... Читать дальше...

Ҳукми зиндони абади як зани украинӣ дар Малайзия барои қочоқи маводи мухаддир

Ozodi.org 

Як зани 24-солаи украинӣ дар Малайзия барои қочоқи маводи мухаддир ба зиндони абад маҳкум шуд. Додгоҳи олии Малайзия рӯзи 5 ноябр гуфт, ки Клавдия Лопаткина барои  қочоқи беш аз 1,5 кг кокаин гунаҳгор дониста шуд. Ин зан соли 2015 дар фурудгоҳи байналмилалии ҷазираи Пенанги Малайзия боздошт шуд ва дар дохили ҷомадонаш чанд қуттичаи шоколад ошкор шуд, ки дар дохилаш кокаин будааст. Дар мурофиаи додгоҳии декабри соли 2017 додрас гуноҳи Лопаткинаро исботношуда эълон кард, вале дар паи аризаи шикоятии додситонӣ ин ҳукм бозбинӣ шуд. Читать дальше...

Ситораи ҳолливуди Қазоқистон дар 34-солагӣ даргузашт

Ozodi.org 

Ҳунарпеша ва варзишгари қазоқ Қосим Жумағожин, ки дар Ҳолливуд ҳам нақш бозидааст, дар синни 34-солагӣ даргузашт. Маъмурияти сирки давлатии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато рӯзи 4 ноябр гуфт, ки Жумағожин рӯзи 3 ноябр дар паи сактаи қалбӣ даргузашт. Актери ҷавон ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як клуби шабона, ки ҷашни Ҳеллоуинро барпо мекард, ногаҳон худро бад ҳис кард ва даргузашт. Жумағожин дар филмҳои зиёд, аз ҷумла, дар намоишномаҳои амрикоии “47 Ronin” (2013), “The Expendables 2”, (2012) ва “Conan The Barbarian” (2011) ҳамроҳ бо Силвестр Сталлоне... Читать дальше...

Писарони Хошуқҷӣ аз Арабистон хостанд, ҷасади падарашонро бидиҳад

Ozodi.org 

Писарони журналисти кушташудаи саудӣ аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ҷасади Ҷамол Хошуқчӣ барои дафн дода шавад.  Салоҳ ва бародараш Абдулло дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфтанд, мехоҳанд, падарашонро дар қабристони шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дафн кунанд. Онҳо аз падари худ ба ҳайси "инсони ҷасуру хайрхоҳ" ном бурданд. Салоҳ гуфт, ба ҳарфҳои шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бовар дорад ва гунаҳкорони қатли падари вай ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Салоҳ, мақомоти Арабистон таҳқиқи дохилиро шуруъ кардаанд. Читать дальше...

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Бо ифтихор таҳримҳоро мешиканем" ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ва ҷорӣ кардани даври нахусти таҳримҳо дар чанд моҳи пеш, сар аз имрӯз, 5-уми ноябр даври дувум ва сатхттари таҳримҳои ИМА, аз ҷумла таҳримҳои нафтӣ, оғоз мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Бо ифтихор таҳримҳоро мешиканем"

Ozodi.org 

Пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ва ҷорӣ кардани даври нахусти таҳримҳо дар чанд моҳи пеш, сар аз имрӯз, 5-уми ноябр даври дувум ва сатхттари таҳримҳои ИМА, аз ҷумла таҳримҳои нафтӣ, оғоз мешавад.

Twitter саҳифаи рӯҳонии бонуфузи покистониро масдуд кард

Ozodi.org 

Ширкати Twitter саҳифаи як рӯҳонии тундравро дар Покистон бо сабаби пахши назарҳои ифротиву таҳдидомез дар нисбати Додгоҳи олӣ, нахуствазир ва раҳбарони низомии кишвар масдуд кардааст. Назарҳои таҳдидомези рӯҳонии ифротӣ баъди он пахш шуд, ки бо як тасмимаш 31 октябр Додгоҳи олии Покистон ҳукми марги Осия Бибӣ, зани 54-солаи масеҳиро бекор ва ӯро баъди 8 соли зиндон озод кард. Ин ҳодиса мавриди хашми бахши азими ҷомеаи Покистон, бахусус афроди мазҳабӣ шуд, ки давоми  се рӯз даст ба эътирозҳои сартосарӣ заданд. Читать дальше...

Рӯҳонӣ гуфт, Эрон фурӯши нафтро аз роҳҳои дигар идома медиҳад

Ozodi.org 

Шурӯъ аз 5 ноябр марҳилаи нави таҳримҳои ИМА дар нисбати Эрон мавриди иҷро қарор гирифт. Таҳримҳое, ки аз онҳо президент Доналд Трамп ҳамчун “шадидтарин” ном мебарад, бахшҳои энержӣ, интиқоли борҳо аз роҳҳои баҳрӣ, сохтмони киштиҳо ва соҳаи молиро дар бар мегирад. Мақомоти амрикоӣ дар гузашта гуфтаанд, ки тасмими ҷорӣ кардани таҳримҳо ба хотири водор кардани Теҳрон ба “тағйири рафтор” ва хатми ба гуфтаи Амрико, фаъолиятҳои тахрибкоронаи Ҷумҳурии Исломӣ дар минтақа гирифта шудааст. Президенти Эрон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

«Он ни разу не наступил мне на ногу!»: Тина Синатра высказалась о планах Мартина Скорсезе снять фильм об ее отце





Персональные новости
Спорт

В Гостином дворе прошел форум «Мы вместе. Спорт»





Ифтитоҳи маҷмааи дуюми коркарди пахта дар Данғара

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Данғара рӯзи 5 ноябр  бахши дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ба истифода дода шуд. Ин маросим бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ин корхона имкони коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як солро хоҳад дошт.  Дар корхона 200 ҷои нави корӣ эҷод шудааст. Маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”  дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, маҳсулоти он дар бозори фурӯши маҳсулоти таҳияшуда дар ин корхона - Русия... Читать дальше...

"Падарҷон, модарҷон, маро бубахшед, фарзандонам ба Шумо амонат"

Ozodi.org 

"Падарҷон, модарҷон, маро бубахшед, фарзандонам ба Шумо амонат" - ин охирин навиштаи Фаррух Муродови 29-сола, сокини деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки пеш аз даст ба худкушӣ задан, дар девор ҳаккокӣ кардааст.

Ҳамсари Осия Бибӣ аз раҳбарони ғарбӣ паноҳандагӣ хост

Ozodi.org 

Ҳамсари Осия Бибӣ, як зани масеҳии сокини Покистон, аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дархост кард, ки ба хонаводааш дар Ғарб паноҳандагӣ бидиҳанд. Осия Бибии 54-сола ва модари чор фарзанд соли 2010 бо гумони тавҳин дар ҳақи дини Ислом ба ҳукми марг маҳкум шуд, вале худи ӯ ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Дар паи интиқодҳои байналмилалӣ, додгоҳи олии Покистон 30 октябр ҳукми ин занро бекор кард, вале дар пай давоми се рӯз дар саросари ин кишвар бо талаби ба қатл расондани ин зан намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Читать дальше...

Медали тиллои Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни мардону занон ба хотираи Турар Жолдибоев, соҳибкори маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир шуд, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Тоҷири узбек президенти AIBA интихоб шуд

Ozodi.org 

Муштзани пешин ва тоҷири узбек Ғафур Раҳимов, ки дар робита доштан бо олами ҷиноӣ гумонбар мешавад, президенти Эътилофи байналхалқии бокси ҳавасмандона - AIBA интихоб шуд. Раҳимов бо 86 раъй аз 134 овоз рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Москва президент интихоб гардид. ИМА пештар аз ин Раҳимовро бо гумони доду гирифт доштан бо "тоҷирон"-и маводи мухаддир шомили рӯйхати таҳримшудаҳо кард. Таҳримҳои ИМА ба шаҳрвандон ва ширкатҳои Амрико иҷозат намедиҳад, ки бо Раҳимов тиҷорат кунанд. Ахиран хабар расид, ки... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Бадоса из-за травмы снялась с матча против Соболенко и заплакала у сетки


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Самое опасное" начнётся в пятницу: Синоптик предупредил об аномальной погоде в России





Путин в России и мире
Москва

Путин 22 апреля проведет в Москве переговоры с президентом Азербайджана Алиевым


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: Западу неинтересны планы Киева по атаке на Крымский мост


Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Желдорреммаш

В АО "Желдорреммаш" введен единый Стандарт системы неразрушающего контроля на производстве



Москва

В Красногорске открылась площадка «Мегабак»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net