Дар Узбекистон арзиши оби гарм боло меравад
Дар Узбекистон ба дунболи болоравии арзиши бензин, нерӯи барқ ва гази табиӣ, нархи оби гарм ва гармидиҳӣ низ меафзояд.
Ин дар қарори ҳукумат аз 1 ноябри соли 2018 “Дар бораи тағйири марҳилавии нарх ва тарофаҳои манбаъҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ” пешбинӣ шудааст.
“Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, маъмурияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамроҳ бо Вазорати молияи Узбекистон аз 16 ноябри соли 2018 тарофаҳоро барои нерӯи ҳароратӣ бо афзоиши на бештар аз 10 дарсад барои аҳолӣ ва бо назардошти арзиши аслӣ барои дигар истифодабарандаҳо тасдиқ намоянд”, - омадааст дар санад.
Дар пеш узбекитстониҳоро ду марҳилаи болоравии арзиши нерӯи барқ ва газ интизор аст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Дар марҳилаи аввал, аз 16 ноябр арзиши газ барои аҳолӣ то 320 сум барои як метри мукааб ва аз 1 июли соли 2019 бошад, то 350 сум меафзояд.
Инчунин аз 16 ноябр нархи як киловатт нерӯи барқ то 250 сум (ҳоло 228 суму 60 тин), аз 1 июни соли 2019 бошад, то 280 сум боло меравад.