Соҳиби ду ватан. Чаро қирғизҳо аз Лахш мекӯчанд?
Дар солҳои охир бисёре аз қирғизҳои маҳаллие, ки қарнҳо боз дар қаламрави ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин)-и Тоҷикистон ба сар мебурданд, оилавӣ ба Қирғизистони ҳамсоя кӯч мебанданд. Мавҷи бузурги ҳиҷрат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) мушоҳида шуда буд.