Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Додситонӣ шиканҷа шудани зани муттаҳам ба озори кӯдакро таҳқиқ мекунад

0
Додситонӣ шиканҷа шудани зани муттаҳам ба озори кӯдакро таҳқиқ мекунад

Додгоҳ, мурофиаи пурсарусадои занеро ки ба сузанзанӣ ба бадани тифли худ муттаҳам буд, муваққатан боздошт ва талаб намуд, ки таҳти шиканҷа эътироф кардани гуноҳи ӯ санҷида шавад. Қарор аст, ин таҳқиқ  аз сӯи Додситонии кулл анҷом шавад. Ҳоло масъалаи таҳти шиканҷа иқрор шудани модар ба амали худ дар нисбати фарзанадаш як гиреҳи бастае дар ошкор кардани қазияи мазкур боқӣ мондааст.

Худоёр Ёрматов, вакили дифои ин зан, 2-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додрас хостааст қазияро додситони кулл аз нав таҳқиқ ва муттаҳами аслиро пайдо кунад. Ин вакили дифо гуфт, зерҳимояш аз пурсишҳои аввал гуфтааст, ки ҷурмро зери фишору шиканҷа ба ӯҳда гирифтааст. “Аз ин хотир мо ҳам гуфтем ки, бигузор додситонии кулл аз нав инро таҳқиқ кунад ва хулосаи худро гӯяд”.

Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов, тифле, ки табибон охири моҳи июн дар баданаш беш аз 10 сӯзан ёфтанд, рӯзи 3-юми октябр дар толори додгоҳ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишору таҳдиди пулис ба гардан гирифта буд, “аммо дар асл ин корро накардааст”.

Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Ёқубоваи 26-сола, модари Мудассир Каримови яксоларо барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад.

Аммо Муҳайё Ёқубова ба суоли аввалини додрас ва додситон, ки оё ӯ ба бадани фарзандаш беш аз даҳ сӯзан халондааст, посухи рад дод. Вай гуфт, рӯзи 6-уми июли имсол дар бозпурсии панҷсоатӣ, ин иттиҳомро зери фишор ва таҳдиди маъмурони милиса ба гардан гирифтааст.   Муҳайё Ёқубова гуфт: “Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам. Ҳамчунин дар шуъбаи корҳои дохилӣ, ки қариб панҷ соат маро бозпурсӣ карданд, гапҳои бад гуфтанд. Аз тарси рафтори номуносиби панҷ нафаре, ки маро бозпурсӣ мекарданд, ночор гуноҳро ба гардан гирифтам. Гуфтам, “ҳар чизе, ки мехоҳед, гӯед, ҳамонро мегӯям”.

Ҳоло парвандаи ин модар дар додгоҳ, бар асоси моддаи 110, қисми 2, яъне “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” баррасӣ мешавад. Барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Аввали моҳи июли имсол табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.

Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: В Москве создана самая маленькая схема метро в мире


Спорт в России и мире
Москва

ФК «Зенит» представил стартовый состав на суперфинал Кубка России в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Организм был не в состоянии: Потапова прокомментировала поражение на «Ролан Гаррос»


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Горожане вновь могут увидеть стрижей





Путин в России и мире
Москва

Путин 7 июня выступит на ПМЭФ и будет говорить не только об экономике


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский: после «заморозки» конфликт опять вспыхнет


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Rammstein

Интимный момент между Лолитой и солистом группы «Rammstein» попал на камеру



Москва

День Владимирской иконы Божией Матери - история иконы и её чудеса

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net