Дар ғарби Кобул 25 нафар қурбонии ҳамлагари маргталабе шуданд
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар паи таркиши як маргталаби бомбгузор дар як маҳаллаи ғолибан шианишин дар ғарби Кобул 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамла рӯзи 15 август дар муқобили маркази маърифатии маҳаллаи Дашти Барчаи шаҳри Кобул рух дод. Мақомоти полис гуфтанд, ки дар ин ҳамла дасти кам 35 нафар захмӣ шуданд.
Ваҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин омор муқаддамотӣ буда, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониву осебдидаҳо вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Ҳамлаи Кобул дар ҳоле буд, ки чанд соат пеш аз ин дар вилояти Бағлон дар паи ҳамлаи Толибон ба чанд муассисаи низомии ин вилояти шимолӣ дасти кам 30 сарбозу афсари полис кушта шуданд.
Муҳаммад Сафдор Муҳсинӣ, раиси шӯрои вилоятӣ рӯзи 15 август гуфт, ки шабонгоҳ ҷангҷӯён ду посгоҳи амниятиро дар Бағлони Марказӣ ҳамла карданд. Ба иттилои дигар мақомот, Толибон ба як пойгоҳи низомӣ ва ҳам се посгоҳи полис ҳамла карданд. Дар иддаои сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфта шуд, ки дар ҳамлаи онҳо ба Бағлон даҳҳо низомӣ кушта шудааст.