Шикоят аз боздошт барои ришу ҳиҷоб зиёд мешавад
Бархе аз сокинон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳоро барои ришу ҳиҷобашон бозпурсӣ кардаанд. Дар наворҳое, ки мо гирифтем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаст, дида мешавад, ки мақомот занонро маҷбур мекунанд, рӯймолҳояшонро ба «шакли тоҷикӣ» ба сар кунанд.