Як метри мураббаъ 877 доллар? Нархи хона дар Душанбе боло рафт
Нархи манзил дар Душанбе қариб 3 дар сад боло рафта, дар Хуҷанду Кӯлоб ва Бохтар баръакс поин рафтааст. Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, нархи як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 8207 сомонӣ (877 доллар) аст. Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 29-уми январ дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки 8207 сомонӣ нархи миёна аст ва дар баъзе қисматҳои пойтахт манзил метавонад гаронтар бошад. Раиси Кумитаи сохтмон мегӯяд, соли гузашта нархи манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 2,8 дарсад боло рафтааст. Читать дальше...
