Ба хонаводаи Исматулло Қурбонов, афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 дар марз кушта шуд, хона ва кӯмакпулӣ додаанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон 7-уми январ хабар дод, ки калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Бохтарро раиси вилоят ба хонаводаи афсари кушташуда додааст. Пайвандони ин афсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи 1-уми январ мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ доданд. Читать дальше...