ТАСС: Яке аз гумонбарони парвандаи "Крокус" дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда буд
Умедҷон Солиев, яке аз гумонбарон дар парвандаи ҳамла ба "Крокус" қаблан дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда ва барои ҳамин дар Русия пинҳон шуда буд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба маводҳои парванда хабар додааст. Дар ҳоле, ки назари наздикони Умедҷон Солиев ба қазия маълум нест, ТАСС навиштааст ин ҷавон ҳанӯз соли 2023 дар Тоҷикистон даст ба ғоратгарӣ зада, баъдан ба Русия фирор кардааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парванда нисбати Солиев чизе нагуфтаанд. Читать дальше...
