Тоҷикистон барои ҳифзи сирри давлатӣ 1,5 миллион доллар ҷудо кард
Тоҷикистон барои ҳимояти бештар аз сирри давлатӣ барномаи махсусеро то соли 2026 қабул карда, барои иҷрои он зиёда аз 15 миллион сомонӣ (1,5 миллион доллар) ҷудо кардаааст. Ин санадро Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми август ба нашр расонд.
