Марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё 2023 моҳи марти соли 2022 шуруъ мешавад
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 тасдиқ кард. Бар асоси тақвим даври дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бояд 15-уми июни соли равон ба поён бирасад. Аз рӯи натиҷаҳои даври дувум ҳашт дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ меёбанд ва ба таври худкор (автоматӣ) ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд. Дар даври севуми Ҷоми ҷаҳон-2022, ки 2-юми сентябри соли 2021 оғоз ёфта, 29-уми марти соли 2022 ба анҷом мерасад... Читать дальше...
