Бино ба гузоришҳо, зилзилаи 5,9-дараҷаӣ минтақаи Тарки вилояти Озарбойҷони шарқии Эронро такон додааст. Ба гузориши ИРНА-- хабаргузории давлатии Эрон, заминларза соати 2:17 дақиқа ва 3 сонияи шаби ҷумъа рух додааст.
Тарк яке аз ноҳияҳои вилояти Озарбойҷони шарқӣ аст. Маркази зилзилашиносии Донишгоҳи Теҳрон гуфтааст, ин заминларза ба иловаи Озарбойҷони шарқӣ, вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ, Гелон, Занҷон ва Ардабилро ҳам такон додааст.
Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки то ба ҳол панҷ нафар ҷони худро аз даст дода, 332 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Читать дальше...