Додраси тоҷик барои паст задани шаъну эътибор аз кор ронда шуд
Як додраси Додгоҳи шаҳри Турсунзода аз мақомаш барканор карда шуд. Мақомот гуфтанд, Муҳаббат Сафарализода “бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз мақом озод шудааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам гуфт, ки рӯзи 23-юми ноябр дар ин замина фармони Эмомалӣ Раҳмон содир гардидааст. Ҷузъиёти “кирдор”-и Муҳаббат Сафарализода, ки боис ба барканориаш шуд, то ба ҳол маълум нест. Тайи як соли охир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар аз кор ронда ва баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Читать дальше...
