Муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров дар маҳбас мурда ёфт шуд
Ҷасади Аюб Тунтуев - муҳофизи пешини Аҳмад Қодиров, падари кушташудаи Рамазон Қодировро, ки бо ҷурми терроризм ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар маҳбаси рақами 6-и минтақаи Владимировск пайдо карданд. Дар ин бора нашрияи "Медиазона" рӯзи 12 март бо такя ба вакили ӯ Тагир Шамсуддинов хабар дод.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, бо ӯ аз маҳбас дар тамос шуданд ва хабар доданд, ки Тунтуев худкушӣ кардааст. Шамсуддинов гуфт, ки бори охир зерҳимояаашро ду моҳ пеш дида буд ва гӯё Тунтуев борҳо ба ӯ хабар додааст, ки раҳбарони муассиса ба ҷони ӯ таҳдид мекунанд.
Ӯ соли 2015 ба зиндони Владимировск интиқол ёфт.
Тунтуев қаблан борҳо шикоят карда буд, ки кормандони зиндони Владимировск ӯро шиканҷа мекунанд. Соли 2016 Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи кормандони Иддораи зиндонҳо, ки номашон маълум нест, парванда боз карда буд. Ба иддаои Тунтуев, аз ӯ мехоҳанд ҳамла ба гурӯҳи десанти Псковро, ки соли 200-ум дар Чеченистон рух дода буд, эътироф кунад. Ба гуфтаи Тунтуев афроди ношинос ба ӯ таҳдид карданд, ки агар ба санадҳои зарурӣ имзо намонад, ӯро масмум хоҳанд кард.
Соли 2008 Аюб Тунтуев бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар деҳаи Знаменское ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Ду сол пеш дар заминаи ҳамлаи соли 2000-ум ба воҳиди десантӣ, ба ҳукми ӯ 11 моҳи дигар илова шуд. Тунтуев гуноҳро эътироф накард.