Муҳаммад Султонов, футболбози зодаи Тоҷикистон, аз "Ротор" ба "Нижний Новгород" гузашт
Футболбози машҳур Муҳаммад Султонов, ки зодаи Тоҷикистон аст, аз дастаи Премйер-лигаи Русия - "Ротор"-и Волгоград - ба бошгоҳи дивизиони якум - “Нижний Новгород” гузашт. Ӯ бо бошгоҳи нави худ рӯзи 9-уми сентябр шартномаи дусола баст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи шаҳри Нижний Новгород хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Султонов дар суҳбат бо хадамоти матбуотии даста гуфт, "сеюним соли ҳаётамро ба “Ротор” бахшидам. Ба клуби Волгоград замоне омадам, ки даста нав ба ФНЛ (Лигаи миллии футбол) ворид шуда буд. Читать дальше...