Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико хостанд, Эрон киштии нафткашро раҳо кунад
Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико аз Эрон хостаанд, киштии нафткаши мутаалиқ ба Куриёи Ҷанубиро раҳо кунад. Киштии “МТ Ҳанкук Хеми”-ро мақомоти Эрон рӯзи 4-уми январ ба гуфтаи онҳо барои барои “олуда кардани об бо нафт” дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз дастгир карданд.