Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Январь
2021

Новости за 13.01.2021

HRW беэътиноии Трамп ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонро танқид кард

Ozodi.org 

Рӯзи 13-уми январ созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch гузориши солона оид ба вазъи озодиҳо дар 100 кишвари ҷаҳонро муаррифӣ кард. Бахши муҳими он доир ба вазъи Амрико дар давраи пеш ва баъди раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ихтисос ёфтааст.

Наздикон талаб доранд, ки пирамарди 80-сола Дона Набиев аз зиндон раҳо гардад.

Ozodi.org 

Пайвандони Дона Набиев пирамарди 80-солаи маҳкумшуда ба зиндон ба Додгоҳи олӣ барои “шартан татбиқ накардани ҷазо” ариза доданд. Наздикон мегӯянд, Дона Набиев бемории сил дошт ва вазъаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ бад шудааст.

Мухолифат ба насби маҷвпарокани ширкати мобилӣ дар як деҳаи вилояти Суғд

Ozodi.org 

Чанд соли пеш бинобар шикояти мардуми деҳаи Рӯмон насби мавҷпарокани ширкати мобилӣ дар маҳалли зист мутавақиф шуда буд. Вале баъди дарёфти иҷозатнома мавҷпарокан дар деҳа гузошта шуд ва норозигии сокинонро ба миён овард. Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора гузориш дорад.



Хешони Дона Набиев аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ҳукми зиндони ӯро тағйир диҳад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Асомиддин Набиев, бародарзодаи Дона Набиев, мӯйсафеди 80-сола, ки ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст гуфт, ҳукми додгоҳ онҳоро “ҳайратзада кардааст.” Дона Набиев моҳи августи соли гузашта боздошт шуд ва додгоҳ ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Камбуди нерӯи барқ ва сармо боиси авҷи дарахтбурӣ дар баъзе деҳаҳои Тоҷикистон шудааст

Ozodi.org 

Ҳоло барои гарм кардани хона мардуми деҳот аксаран аз ҳезум истифода мекунанд ва зоҳиран, захираҳо ба поён расида, сабаби табар задан ба дарахтон мешавад. Мақомоти вилояти Хатлон аллакай чандин нафарро барои дарахтбурӣ ҷарима бастаанд.

Маҷлиси намояндагон аз муовини Трамп посухи манфӣ гирифт, акнун кори дигар мекунад

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагони Амрико, ки раиси ҷумҳур Доналд Трампро ба барангехтани ба ҳуҷум ба бинои Конгресс муттаҳам медонад, барои эълони нобоварӣ ба ӯ дар рӯзи 13-уми январ омодагӣ мегирад.

Темур Раҳимов дар World Judo Masters дар Қатар барои медали биринҷӣ мубориза мебарад

Ozodi.org 

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило барои медали биринҷӣ мубориза хоҳад бурд.



Дар паи моҷарои фасод нахуствазири Эстония ба истеъфо рафт

Ozodi.org 

Юри Ратас, нахуствазири Эстония ва раҳбари ҳизби Марказгаро дар пасманзари моҷарои марбут ба фасод ба истеъфо рафт. Ратас дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки аз мақом канор рафтани ӯ на ба хотири он аст, ки “касе ҳатмат гунаҳгор аст”, балки, ба гуфтааш, ба хотири он аст, ки тамоми моҷаро мӯшикофона таҳқиқ шавад. Рӯзи 12-уми январ полиси амнияти Эстония  раиси кулли ҳизби Марказгаро Михаил Корб, мушовири вазири молия Керсти Крах, соҳибкор Ҳиллар Тедер ва боз ду нафари дигарро гумонбар дар содир кардани ҷиноят номид. Читать дальше...

Як мақоми тоҷик: "Тоҷикистон ба дарёфти воксинаи тасдиқшудаи СҶТ умедвор аст"

Ozodi.org 

Як мақоми тоҷик гуфт, умедвор аст, ба Тоҷикистон воксинаи зидди коронавируси тасдиқшуда аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ворид мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфтааст, чунин умедворӣ ба хотири узви барномаи COVAX будани Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барномаи мазкур, ки зери назари СҶТ аст, 92 кишварро фаро мегирад ва ин кишварҳо умед доранд, ки бо ёрии ин созмон аҳолии худро бо воксина таъмин хоҳанд кард.  Ҷаъфаров гуфтааст... Читать дальше...

Дар ИМА аввалин бор дар қариб 70 сол ҳукми қатли як зан ба иҷро даромад

Ozodi.org 

Дар ИМА бо қарори мақомоти федеролӣ аввалин бор дар муддати қариб 70 соли охир ҳукми қатли як зани гунаҳгоршуда дар ҷинояти сангин ба иҷро даромад. Рӯзи 13-уми январ ба бадани Лиза Монтгомерии 52-сола дар зиндони аёлати Индиана аз роҳи сӯзандору маҳлули кушандаро ворид карданд.  Талошҳои вакили дифояш барои пешгирӣ аз ин қарор бо баҳонаи ин ки ин зан муддати тӯлонӣ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта, мушкилоти равонӣ доштааст, нодида гирифта шуд.   Лиза Монтгомери соли 2007 ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Читать дальше...

Қоидаҳои нави ИМА дар робита бо пандемия

Ozodi.org 

Дар ИМА, ки шумори марги инсонҳо бар асари COVID-19 рӯзона то 4,5 ҳазор нафар афзудааст, тасмим гирифтанд, ки маъракаи эмкунӣ суръат бахшида мешавад ва тақрибан тамоми мусофирони воридшаванда ба ин кишвар  бояд тести манфӣ дар даст дошта бошанд. Баъди интиқодҳо аз суръати сусти эмкунӣ, маъмурияти Трамп эълон кард, ки барои сокинони 65-сола боло воксина дастрас мешавад. Пеш аз ин ҳар аёлат қоидаҳои печидаи худро дар бораи афроди дорои ҳақи гирифтани воксина дар навбати аввал доштанд. Ҳукумати федеролӣ инчунин тамоми захираҳои воксинаҳоеро... Читать дальше...

45 ҳазор имзо барои бекор кардани мусобиқаҳои ҳоккеи ҷаҳонӣ дар Минск

Ozodi.org 

45 ҳазор сокини Беларус як муроҷиатномаи интернетӣ имзо карда, хостори бекор кардани нақшаи баргузории мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонии ҳоккей дар шаҳри Минск шуданд. Далели онҳо – саркӯби хушунатомези эътирозгарони Александр Лукашенко ва ҳам тақаллуб шудани интихоботи президентии августи соли 2020 аст. Қарор аст моҳҳои май ва июн Латвия ва Беларус мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҳоккеи рӯи яхи соли 2021 шаванд. Вале Ригаву дигар пойтахтҳои Иттиҳоди Аврупо аз Федератсияи байналмилалии ҳоккей тақозо кардаанд... Читать дальше...

Украинаву Молдова, бо як чашм ба Русия, созиши нави ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд

Ozodi.org 

Раҳбарони Молдова ва Украина аз таҷдиди ҳамкориҳо хабар доданд. Ду ҳамсояи наздик, ки стратегияи рӯ ба Иттиҳоди Аврупоро пеш гирифтаанд, айни замон аз мушкили баҳсҳои ҳудудӣ бо нирӯҳои рӯ ба Русия азият мешаванд. Раҳбари Молдова рӯзи 12-уми январ дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кард ва ин аввалин сафари хориҷии Майа Санду дар мақоми раиси ҷумҳурии Молдова буд. Санду дар интихоботи моҳи декабр бар президент ва номзади рӯ ба Русия Игор Додон пирӯз шуд. Санду бо ваъдаҳои мубориза бо коррупсия сари кор омадааст. Читать дальше...

Навалний гуфт, 17 январ ба Русия меравад

Ozodi.org 

Алексей Навалний, як мунаққиди шадидлаҳни Кремл, ки ҳоло дар Олмон бо табобати баъди заҳролудшавӣ машғул аст, дар Твиттер хабар дод, ки ният дорад рӯзи 17-уми январ ба Русия баргардад. Навалний моҳи августи соли 2020 баъди он ки дар ҳавопаймои Русия заҳролуд шуд, барои наҷоти ҷонаш ба беморхонаи Берлин фиристода шуд. Санҷишҳои лаборатории анҷомшуда дар Олмон, Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шуд. Ин хулосаро Созмони байналмилалии манъи силоҳҳои кимиёӣ содир кард. Читать дальше...

Баъди рад кардани Пенс, Маҷлиси намояндагон аз паи импичменти Трамп мешавад

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагон рӯзи 13-уми январ ҷараёни импичмент ё эълони нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трампро шурӯъ мекунад. Трампро барои нақшаш дар таҳрики издиҳоми мардум ба ҳамла ба бинои Конгресс муттаҳам мекунанд. Ин қазия боиси эҷоди бӯҳрони сиёсӣ дар ҳизби Ҷумҳурихоҳ шудааст. Муовини президент Майк Пенс рӯзи 12-уми январ гуфт, ки банди 25-уми Конститутсияи Амрикоро, ки барканории президентро дар назар мегирад, иҷро нахоҳад кард. Ин изҳорот каме пештар аз он садо дод, ки маҷлиси намояндагони зери назари демократҳо аз ҳукумат тақозо кард... Читать дальше...

Ҷасади муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба ватан меоранд

Ozodi.org 

Ҷасади муҳоҷири 21-солаи тоҷикро, ки дар сӯхторе дар Русия фавтид, шоми имрӯз ба Тоҷикистон меоранд. Шуҳрат Cулаймонов, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд , ки дар шаҳри Ростов лаби Дон, дар як нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр кор мекард, бар асари сӯхтор дар ҷойи кораш ҷон дод. Ба гуфтаи муҳоҷирон ва дӯстони Шуҳрат, ҳодиса шаби 6-ум ба 7-уми январ рух додааст. Дар ин сӯхтор як муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ бо Шуҳрат якҷо дар "Шаурмахона" кор мекардааст, осеби ҷиддӣ дида, дар бемористон бистарӣ аст. Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Каков скандал. Катя Гордон режет правду матку про Анастасию Волочкову





Персональные новости
Сергей Собянин

Собянин поздравил православных христиан с Пасхой





Занеро ба шикофтани бакорати ҷияни хурдсолаш гунаҳкор карданд. Худи ӯ инро туҳмат номид

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт як сокини 25-солаи шаҳри Турсунзодаро барои вайрон кардани бакорати ҷияни хурдсолаш ба 11-уним соли зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Одина Ҳайдарова ба хотири бадном кардани модари духтарча бо сабзӣ бакорати ӯро вайрон кардааст.

"Буҷавиҳо"-и Туркманистон вазифадор шуданд, бо худ шарбати ширинбия гардонанд

Ozodi.org 

Дар вилояти Лебапи Туркманистон мансабдорон, кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва хонандагон вазифадор карда шуданд, ки бо худ шарбати решаи ширинбия гардонанд. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин шарбат дар доруқуттии ҳамаи кормандони муасссисаҳои давлатӣ ё хонандагони мактабҳои миёна бояд бошад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияи Фороби Лебап кормандони муассисаҳои давлатӣ огаҳ карда шудаанд, ки бидуни ин гуна доруқуттӣ ба коргоҳ роҳ дода намешаванд. Хонандагони мактабҳои Фороб низ вазифадор шудаанд... Читать дальше...

Дариға Назарбоева аз ҳисоби ҳизби падараш вакили порлумон мешавад

Ozodi.org 

Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон дар рӯйхати номзадҳои худ ба мақоми вакилии Маҷлис, палатаи поёнии порлумон номи Дариға Назарбоева, духтари президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро низ пешниҳод кардааст. Ба ҷуз ин, раиси кунунии порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири он кишвар Аскар Мамин низ дар рӯйхати номзадҳои ҳизби "Нур Отан" шомил шудаанд. Дариға Назарбоева 57-сола то моҳи майи соли гузашта раиси сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон буд. Дертар ваколати... Читать дальше...

Узбекистон теъдоди зиндон ва маҳбусони худро эълом кард

Ozodi.org 

Дар Узбекистон аз ҳар 100 ҳазор нафар 68 кас дар зиндон ё дигар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар ҷаласаи Кумита порлумони Узбекистон дар умури дифоъ ва амният хабар дода шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин кишвар 18 зиндони дорои низоми сахт, 25 муассисаи ислоҳӣ ва 11 боздоштгоҳи муваққатӣ фаъолият мекунад. Бар пояи омори Вазорати умури дохилии Узбекистон, дар зиндонҳои он кишвар беш аз 22 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Беш аз 14 ҳазори онҳо дар зиндонҳои низомашон сахт адои ҷазо мекунанд. Читать дальше...

Рӯзноманигори боздоштшудаи узбекистониро дар Туркия озод карданд

Ozodi.org 

Абдукарим Мирзоев, рӯзноманигор ва коргардони узбекистонӣ, ки аз сӯи пулиси Туркия боздошт шуда буд, рӯзи 12-уми январ аз Маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷии Хадамоти муҳоҷирати Истанбул раҳо карда шуд. "Ҳоло Абдукарим Мирзоев дар манзилаш, ҳамроҳ бо хонаводааш аст. Дар фурсатҳои наздик вай ният дорад, моҷароро нақл кунад", - хабар дод телевизиони онлайнии RegistonTV. Иттилоъ дар бораи боздошти Абдукарим Мирзоев ҳанӯз 11-уми декабри соли 2020 расонаӣ шуда буд. Додситонии кулли Узбекистон гуфт... Читать дальше...

Қарзи давлатии Қирғизистон дар як соли охир 380 млн доллар афзудааст

Ozodi.org 

Вазорати молияи Қирғизистон хабар дод, ки қарзи давлатии ин кишвар то санаи 30-уми ноябри соли 2020 ба 4 млрд 887 млн 46 ҳазор доллар расидааст. Дар давоми як сол ин қарз 383 млн 980 ҳазор доллар афзудааст. Қарзи хориҷӣ 86,3 дарсад ё 4 млрд 218 млн 38 ҳазор доллар ва қарзи дохилӣ 13,7 дарсад ё 669 млн долларро ташкил медиҳад. Бузургтарин қарздиҳандаи Қирғизистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ба Қирғизистон 1 млрд 782 млн 37 ҳазор доллар қарз додааст.

Спорт в России и мире
Москва

Шесть скейт-парков и роллердром работают на площадках «Московских сезонов»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Андрей Рублёв

На кураже: Рублёв пробился в финал «Мастерса» в Мадриде, Медведев снялся из-за травмы


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В России замечен доступный кроссовер по цене Lada Granta: что о нем известно?





Путин в России и мире
Москва

Путин проведет встречу с членами правительства на следующей неделе


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Русских заявил о субсидировании новых авиарейсов до Минска




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

Кудрявцева отправила сообщение Волочковой с призывом бросить пить алкоголь



Москва

Рынок электромобилей в России будет расти в среднем на 38% в год

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net