Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Март
2020

Аббос Неъматуллоев: "Роҳхати олимпӣ гирифтем, аммо то ба ҳол қадрдонӣ нашудем". САДО

0
Аббос Неъматуллоев:

Чунонки маълум аст, Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба иллати пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузаронида шуданд. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо гирифта шудааст.

Мавқуф гузоштани Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба як сол дар ҷомеаи варзишӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Мураббии варзидаи бокс Аббос Неъматуллоев, ки шогирд ва писараш Шаббос Неъматуллоев, муштзани маъруфи тоҷик, дар вазни то 81 кило соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио гардидааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба масъала суҳбат кард ва ба суолҳои дигар низ посух дод. 

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Неъматуллоев дар бораи ба соли 2021 гузаронидани Олимпиадаи Токио-2020 чӣ назар доред?

Аббос Неъматуллоев: Ин ташаббуси ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ, инчунин тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба фикри ман, дуруст аст. Ҳоло дар ҷаҳон хатари ҷиддӣ коронавирус аст. Бинобар ин, чунин тасмим барои он гирифта шуд, ки паҳншавии вирус дар тамоми ҷаҳон пешгирӣ карда шавад. Пеш аз ҳама, ин барои бехатарии варзишгарон, иштиркунандагон, сайёҳон аст. Ман ба таъхир гузоштани Бозиҳоро ҷонибдорӣ мекунам.

Радиои Озодӣ: Ба таъхир гузоштани Бозиҳо ба омодагии варзишгарон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Аббос Неъматуллоев: Ба таъхир гузоштани Олимпиада ба варзишгарон таъсири мусбат мерасонад, зеро ки дар ин муддат имкон пайдо мешавад, ки ба Бозиҳо хубтар омодагӣ бигиранд. Ҳоло қариб дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои варзишӣ қатъ карда шудаанд. Варзишгарон машқҳо мегузаронанд, аммо бе рақобат. Дар робита ба ин, нигоҳ доштани омодагии варзишӣ хеле мушкил аст. Бо вуҷуди ин, мо кори худро идома медиҳем. Ман боварӣ дорам, ки ба зудӣ ин вазъияти душвор беҳтар хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун ба Олимпиада чӣ тавр омодагӣ мегиред? Нақшаҳоятон чӣ гуна аст?

Аббос Неъматуллоев: Муҳим аст, ки мо солро бо руҳияи мусбат ба итмом расонем. Дар Олимпиада рақибони мо варзишгарони касбӣ хоҳанд буд ва дар ин асос, мо бояд ҳаматарафа омода шавем, аз таҷҳизоти варзишӣ сар карда, то натиҷаҳоямон. Умедворам, ки ба туфайли дастгирии давлат ва роҳбарияти федератсия мо ба муваффақиятҳои бузург ноил хоҳем шуд. Вале ҳоло мушкилоти зиёд дорем. Ба шогирдам Шаббос моҳе ба маблағи 350 доллар стипендия дода мешавад, ки ин барои омодагии ҳамаҷониба хеле кам аст. Мо кӯшиш мекунем, ки маблағ пайдо кунем ва дар мусобиқаҳо иштирок намоем.

Радиои Озодӣ: Ду роҳхате, ки то ҳоло варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио гирифтаанд, якеашро муштзани машҳур Баҳодур Усмонов ва дувумиро Шаббос ба даст овардаанд. Барои чунин дастовард шуморо чӣ гуна қадрдонӣ карданд?

Аббос Неъматуллоев:То ҳоло ҳеҷ гуна қадрдонӣ нашудаем. Баъди бозгашт аз Урдун дар хонаем, вале то имрӯз аз масъулини соҳа касе ба мо занг назадааст, ба ягонҷо даъват нашудаем. Ба чунин хулоса омадам, ки роҳхат ба Тоҷикистон зарур набудааст, касе парво ҳам надорад.

Радиои Озодӣ: Зимнан, барои онҳое, ки ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 роҳхат гирифта буданд, мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ супурда мешуд, ҳоло чӣ?

Аббос Неъматуллоев: Бале, он замон ин маблағ якуним ҳазор  доллар мешуд. Соли 2016 ба шогирдам Анвар Юнусов, ки ба Олимпиадаи Рио роҳхат гирифта буд, мукофоти молӣ тақдим гардид. Ман соли 2008 се муштзанро ба Пекин бурда будам. Пешакӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълон карда буд, ки гирандагони роҳхатҳои олимпӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Вале ҳоло чунин мукофотпулӣ нест. Шаббос баъди бозгашт аз мусобиқаи интихобии олимпӣ ба Кумитаи олимпӣ рафт ва пурсон шуд, ки оё маблағи стипендияааш зиёд мешавад? Вале посух доданд, ки ҳоло имкон нест. Ҳамон 350 доллар боқӣ мемонад. Дар Қазоқистон 5 ҳазор доллар, дар Узбекистон 2 ҳазор доллар стипендия медиҳанд, ки ин барои ғизо ва либос аст, барои иштирок дар мусобиқаҳо боз маблағи алоҳида медиҳанд. Бояд гуфт, ки чор сол боз ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ман ҳамчун мураббӣ аз ҳисоби худам меравам. Ба Урдун бо пули қарзкардаам рафтам. Аз Кумитаи олимпӣ хоҳиш кардам маблағро пардохт намояд, вале маълум нест, ки пули харҷшударо медиҳанд ё не?

Радиои Озодӣ: Боз як мусобиқаи интихобии ҷаҳонии олимпӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио бояд дар Фаронса баргузор шавад, шумо аз муштзанҳои тоҷик чиро интизоред?

Аббос Неъматуллоев: Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бояд моҳи май доир мегашт, вале он ба таъхир гузошта шуд. Шояд моҳҳои июн-июл баргузор шавад. Ман, албатта, мехоҳам, ки муштзанҳои дигари тоҷик боз соҳиби роҳхатҳои олимпӣ шаванд. Вале, ба назари ман, ин кори хеле мушкил аст. Дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ҳам бигирӣ, боз барои роҳхат мубориза мебарӣ. Бо зӯртарин муштзанҳои дунё рақобат кардан кори осон нест.

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи шумо барои муваффақ шудани варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ чӣ чизҳо аз ҳама зурурист?

Аббос Неъматуллоев: Ба назари ман, бояд пеш аз ҳама раҳбарони соҳа, федератсияҳои варзишӣ ба варзишгарон ва мураббиён таваҷҷуҳ намоянд, кӯмак кунанд, аз ҳолашон ҳамеша бохабар бошанд. Солҳои пеш ҳангоми омодагӣ ба Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012 ва 2016 таваҷҷуҳ ба омодагии варзишгарон хеле ҷиддӣ буд. Ин фикри шахсии ман аст.

Радиои Озодӣ: Шаббос дар чанд соли ахир ба натиҷаҳои баланд, минҷумла қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён мушарраф шудааст. Оё дар тули ин солҳо касе ба шумо кӯмак накардааст?

Аббос Неъматуллоев: Ба Шаббос, ки аз 11-солагиаш ба бокс машғул аст, раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон кумак мерасонад. Маҳз бо ёрдами ӯ мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзем. Мо дар толори бокси варзишгоҳи “Локомотив” машқ мекунем, ки бароямон тамоми шароитҳо муҳайёст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об уникальных составах, которые поедут по БКЛ в эти выходные


Спорт в России и мире
Москва

Ярославское шоссе стало лидером сезонного спроса на спортивные площадки в коттеджных комплексах


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ига Свёнтек

Свёнтек высказалась об акции протеста экоактивистов, выбежавших на корты Рима


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Сотрудники СЛД «Курск» филиала «Московский» ООО «ЛокоТех-Сервис» продолжают проводить экологические акции





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об изменениях в налоговом и бюджетном законодательстве России


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск поддерживает Баку: планы по строительству агрогородка в Карабахе – ОБНОВЛЕНО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

ABC: Зеленский недоволен результатами визита Блинкена в Киев


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Игорь Бутман

ЖКП: музыкант Игорь Бутман описал Пугачеву тремя буквами



Москва

Путин осмотрел российско-китайское ЭКСПО в Харбине

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net