Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Март
2020

Новости за 24.03.2020

Беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҳинд "дармондаанд"

Ozodi.org 

Дар Ҳиндустон, дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудият дар робита бо коронавирус, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам банд мондаанд.  Рӯзи 24-уми март як шаҳрванди Тоҷикистон аз Деҳлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби қатъи парвозҳо аз Ҳиндустон, имкони бозгашт ба ватанро надоранд. Ин зан, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, дар Деҳлӣ беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон интизори бозгашт ба ватан ҳастанд ва бархе аз онҳо бо сабаби муолиҷаву ҷарроҳӣ ва гурӯҳи дигар аз рӯи барномаи таълимӣ ба ин кишар рафтаанд. Ӯ гуфт... Читать дальше...

Самарқанд камодам шуд

Ozodi.org 

Ба думболи эълони карантин ва дастури пӯшидани ниқоб дар Узбекистон шаҳри Самарқанд камодам шуд. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми март видеоеро аз Самарқанд фиристод, ки кӯчаҳои камодам ва мардумеро нишон медиҳад, ки ҳама ниқоб пӯшидаанд.



Тоҷикистон ва хушбахтӣ

Ozodi.org 

Созмони насарсанҷии Gallup мегӯяд, бар асоси нишондодҳои солҳои 2017-2019 Тоҷикистон аз рӯи шохиси хушбахтӣ дар миёни 153 кишвари ҷаҳон дар мақоми 71-ум қарор гирифт.

Сокинони селзадаи Ҳалқаҷар муҳтоҷи кумаки фаврӣ шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон паёмадҳои сели шоми 21-уми мартро рафъ мекунанд. Сел дар инҷо ба хонаҳои мардум осеб расонд ва молу амволашонро нобуд кард. Мардум шикоят доранд, ки касе аз мақомот ба додашон намерасад.

Сокинони селзадаи Ҳалқаҷар муҳтоҷи кумаки фаврӣ шудаанд

Ozodi.org 

Сокинони Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон паёмадҳои сели шоми 21-уми мартро рафъ мекунанд. Сел дар инҷо ба хонаҳои мардум осеб расонд ва молу амволашонро нобуд кард. Мардум шикоят доранд, ки касе аз мақомот ба додашон намерасад.

"Тӯй бо иштироки 10 нафар". Самарқанд ба "карантин" омода мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наргис, сокини 45-солаи шаҳри Самарқанд, рӯзи 23-юми март сари мошинаи дарздӯзӣ нишаст. Вай барои шавҳару фарзандон ва хешовандони дигар нақобҳои тиббӣ медӯзад, то дар кӯчаву хиёбонҳо оромона гаштугузор кунанд.

Қирғизистон барои мубориза бо вируси нав 125 миллион доллар кумак хост

Ozodi.org 

Дар поёни ҳафта Шӯрои иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул дархости Қирғизистонро барои кумаки молиявӣ дар амри мубориза бо коронавирус дар ин кишвар ба баррасӣ мегирад. Дар Қирғизистон то 24-уми март 42 мавриди сироят ёфтани сокинон ба вируси нав сабт шудааст.



Соат ба соат. Омори фавтидагон ва гирифторон ба COVID-19. Харитаи зинда

Ozodi.org 

Ба коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳон гирифтор шуда, беш аз даҳ ҳазор тани дигар ҷон бохтаанд. Ин омор ҳар лаҳза дар ҳар гӯшаи ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Бо харитаи нав аз рақамҳои навтарин дар ин замина огоҳ шавед.

Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баста шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистонро, ки то рӯзи сешанбе 42 мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт кардааст, муваққатан бастанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин маҳуддият рӯзи 24-уми март ҷорӣ шуда, то замони ба эътидол омадани вазъият идома хоҳад кард. Сабаби чунин тасмимро мақомот "эълон гардидани сирояти коронавирус ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ" рабт додаанд. Ин маҳдудият ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишвар ворид мешаванд; хориҷиҳое... Читать дальше...

Дар Чехия дувумин бемори коронавирус ба ҳалокат расид

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Чехия Адам Войтех гуфт дар ин кишвар нафари дувум марди 40-сола аз коронавирус ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар бемористоне дар Моравияи шарқӣ ҷон додааст. Войтех рӯзи 24 март дар Твиттераш навишт, ки бемор дар натиҷаи “кор накардани чандин узваш” мурдааст ва инчунин бемории саратон доштааст. "Коронавирус ҳолати ӯро бадтар кард" - навиштааст Войтех. Ин марг як рӯз пас аз он рӯй дод, ки Вазорати корҳои дохилии Чехия маҳдудияти равуоро то 1 апрел дароз кард. Аз рӯи қоидаҳои нав, ҳамчунин... Читать дальше...

Бадахшон - ягона минтақаи бе расонаи мустақил дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақае дар Тоҷикистон аст, ки то кунун расонаҳои мустақил надорад. Телевизиони давлатӣ ҷойгузин (алтернатива) надорад ва сокинон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаррасонии мардумӣ (даҳон ба даҳон) бартарӣ медиҳанд. Расо даҳ сол муқаддам дар шаҳри Хоруғ шумораи нахустини якумин нашрияи соҳавии "Ҳаёт" бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар умури табобат ва пешгирии Бемории норасоии масъунияти бадан нашр шуд, ки моҳнома буд. Тиражи моҳонаи нашрия 800 нусха буд, ки... Читать дальше...

IMF дархости Қирғизистонро барои кӯмаки изтирорӣ баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Сандуқи байналмилалии пул дар як блогаш навишт, ки дархости ҳукумати Қирғизистонро барои дарёфти ёрии изтирории молӣ барои муқобила бо вируси фарогири Ковид-19 баррасӣ хоҳад кард. Ба эҳтимоли зиёд, ин аввалин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мешавад, ки барои муқобила бо коронавирус аз созмони байналмиллии молии воқеъ дар Вашингтон  кӯмак мегирад. Дар блоги СБП дар бораи ҳаҷми маблағи дархостӣ чизе гуфта намешавад. То ҳол даҳҳо кишвари ҷаҳон аз Осиёи Марказиву Ховари Миёна  барои  кӯмаки изтирорӣ дар муқобила бо паҳншавии вирус ба СБП муроҷиат кардаанд. Читать дальше...

Хушбинӣ ва бадбинӣ дар мавриди коронавирус дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бино ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироят ёфтани одамон ба коронавирус сабт нашудааст. Вале мавзӯи баҳс дар бораи ин беморӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба гуруҳи "хушбинҳо" (оптимистҳо) ва "бадбинҳо" (пессимистҳо) тақсим кардааст.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 68 расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад, ки дар пойтахти ин кишвар як ҳолати дигари гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Ин шашумин ҳолати сабти гирифторони нав дар Қазоқистон танҳо дар рӯзи сешанбеи 24-уми март аст. Ба ин тартиб, шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 68 расид. Аз ин теъдод 35 тан дар шаҳри Нурсултон, 29 тан дар шаҳри Алмато, ду тан дар Қарағанда, якҳолатии дигар дар вилоятҳои Алмато ва Оқтеппа сабт шудааст. Дар саросари дунё то шоми 23-уми март бештар аз 372 ҳазор ҳолати гирифторӣ... Читать дальше...

Сироятшиноси рус барои пинҳон кардани сафараш ба Испания ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуд

Ozodi.org 

Дар Русия нисбати як мутахассиси амрози сироятӣ, ки эҳтимолан баъди богашташ аз Испания  карантини хонагиро риоя накард, парванда боз кардаанд. Кумитаи тафтишот дар минтақаи Ставрополйе сардухтури бемориҳои сироятии минтақаро барои нақзи қоидаҳои карантин ба ҷавообгарӣ кашидааст. Ирина Санникова бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “Пинҳон кардани иттилоъ дар бораи ҳаводисе, ки ба зиндагиву саломатии инсонҳо хатар дорад” ва “Хунукназарӣ” гумонбар мешавад. Ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.  Тафтишот мегӯяд... Читать дальше...

26 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон 26 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустии Қирғизистон Толо Исоқов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ хабар дод. Дар миёни мубталоён ду тифли то 1-сола, кӯдаки 6 сола, навраси 14-сола низ ҳастанд. Боқӣ аз 16 то 86 сол доранд. Ҳамаи онҳо дар бемористони ҷумҳуриявии касалиҳои сироятии шаҳри Бишкек, бемористонҳои вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканди Қирғизистон бистарӣ карда шудаанд. Ба огаҳии ситод, 4 тани дигар бо натиҷаи мусбати пешакӣ бистарӣ шуда... Читать дальше...

Ҳукми се мард барои оташ задани як муассисаи маҷористонӣ дар Украина

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Краков се шаҳрванди Полшаро дар амалҳои террористӣ айбдор дониста гуфт, ин шахсони рӯ ба Русия соли гузашта як маркази фарҳангии маҷорӣ (ё венгерӣ)-ро дар ғарби Украина оташ задаанд. Ин нафарон дар оташ задани маркази фарҳангии маҷориҳо дар минтақаи Закарпатйеи Украина айбдор дониста шуданд. Ин минтақа макони зисти 100 ҳазор маҷориҳо мебошад. Раҳбари ин гурӯҳ Михал Прокоповичи 29-сола ба се соли зиндон маҳкум шуд. Як шарики 23-солаи ӯ ба ду соли зиндон ва нафари сеюм ба хотири... Читать дальше...

Талаби маълумотномаи тиббӣ аз сокинон барои равуои дохилӣ дар Туркманистон

Ozodi.org 

Дар Туркманистон аз шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд, талаб мешавад, дар бораи мубтало нашуданашон ба коронавирус маълумотнома пешниҳод кунанд. Мақомоти туркман ахиран дар доираи чораҳои пешгирӣ аз паҳни коронавирус равуо миёни шаҳру вилоятҳоро маҳдуд карданд ва ба онҳое иҷозати сафар ба дигар минтақаро медиҳанд, ки бо пешниҳоди маълумотнома ба коронавирус мубтало нашуданашро исбот кунад. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ талаботи нав навбатпоиҳои... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Начала тонуть: Волочкову за ноги вытащили из воды после новости о родах Николаевой





Персональные новости
Эвелина Блёданс

Эвелина Бледанс: «У меня было три пышные свадьбы, и каждая из них - уникальная»





Дар Тошканд дари бозору марказҳои тиҷориро мебанданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон аз 24-уми март фаъолияти тамоми бозору фурӯшгоҳҳои масолеҳи ғайриғизоӣ, аз ҷумла сохтмонӣ, техникаҳои маишӣ ва мошин новобаста аз шакли моликияташон муваққатан қатъ карда мешавад. Ба огаҳии шаҳрдории пойтахти Узбекистон, дар Тошканд танҳо бозорҳои деҳқонону фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизоӣ, дорухона, бемористон ва бунгоҳҳои тиббӣ ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод. Маконҳои ғизои умум танҳо ба шарте ҳаққи иҷозати фаъолият доранд, ки муштариёнро қабул накунанд ва ғизоро ба манзилу хонаҳои фармоишгарон дастрас намоянд.

Дар пасманзари Ковид-19 қарзҳои бонкӣ дар Русия афзуда, қурби рубл коҳиш меёбад

Ozodi.org 

Пойгоҳи иттилооти иқтисодии РБК дар Русия мегӯяд, тарс аз болоравии нархҳову қарзҳои бонкӣ боиси афзоиши муроҷиатҳо ба бонкҳо барои дарёфти қарз шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар марҳилаҳои мухталифи бӯҳронҳои иқтисодӣ ва тарс аз болоравии нархҳо дар Русия мардум одат доранд аз паи захира кардани ғизову мол, ҳамчунин хариди мошину хона шаванд. Арзиши рубли русӣ дар давоми як моҳи охир бо сабаби коҳиши нархи нафт  то ҳол  тақрибан 20 дарсади арзишашро аз даст додааст. Сабаби ин дар ихтилофи Маскав ва Риёз бар сари нархи нафт аст. Читать дальше...

Аспҳои сарватмандону сиёсатмадорон дар мусобиқаи наврӯзӣ. Кӣ ғолиб омад?

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2020” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 22-юми март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд, 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг ширкат дошт. Дар ин бора довари ин мусобиқа профессор Арбобмирзо Шамсиев, муҳаққиқи соҳа ва муаллифи аспи зоти тоҷикӣ, имрӯз, 24-уми март, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки мусобиқаи... Читать дальше...

Шоҳрух Юнусов дар Милан: "Аз айвони хонаам месароям, то мардум рӯҳафтода нашаванд"

Ozodi.org 

Дар ин шабу рӯзе, ки сокинони Италия зери реҷаи шадиди карантин ҳастанд ва ин кишвар аз хуруҷи короновирус беш аз дигар давлатҳо қурбонӣ медиҳад, як овозхони ҷавони тоҷик бо таронасароӣ аз айвони манзили зисташ талош дорад ҳамсояҳои итолиёвиашро рӯҳбаланд созад.  Бинобар иттилои охирин дар Италия наздик ба 60 ҳазор нафар гирифтори бемории COVID -19 шуда, то санаи 23-уми март 5476 нафар фавтидаанд. Шоҳрух Юнусов, овозхони ҷавони тоҷик, донишҷӯи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузеппе Верде дар... Читать дальше...

Ихтилофи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Амрико $1 млрд аз кӯмакҳояш ба Афғонистонро қатъ кард

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри як баёния, ки лаҳни он ниҳоят шадид мебошад, аз идомаи ихтилофҳо байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди натиҷаҳои интихоботи президентӣ, интиқод кардааст. Ин баёнияи Вазорати умури хориҷии Амрико ин ихтилофҳоро "таҳдид алайҳи амнияти миллии ИМА" хондааст. Вазорати умури хориҷии Амрико дар ин баёния гуфтааст, ки як миллиард доллар кӯмакҳои худро барои Афғонистон қатъ мекунад. Вашингтон шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ташкили як "ҳукумати фарогир ва мушорикат дар раванди сулҳ"... Читать дальше...

СҶТ: коронавирус босуръат паҳн мешавад

Ozodi.org 

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адҳано Гебрэсус мегӯяд, вируси нав дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар давоми 11 рӯз шумори мубталоёни коронавирус аз 100 ҳазор то ба 200 ҳазор нафар расидааст. "Пас аз чаҳор рӯзи дигар аллакай шумори беморон ба 300 ҳазор кас расид. То шоми рӯзи душанбе ин рақам дар саросари ҷаҳон 373 ҳазор шуд", -изҳор дошт ӯ. Беш аз 20 навъи доруи зидди коронавирус ё худ COVID-19 дар ҳоли коркард қарор доранд. Дар бораи муассир будани яке... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Турнир по пляжному волейболу «ЮМР ОПЕН» прошел в Краснодаре


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Анастасия Павлюченкова

Павлюченкова официально аккредитовала на турнир в Риме двух своих собак


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Метеоролог Шувалов рассказал, когда в Москве закончится снег и отступят холода





Путин в России и мире
Москва

Владимир Путин вступил в должность президента РФ на новый шестилетний срок


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко предупредил Запад о молниеносной атаке в ответ на любую агрессию




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В США прокомментировали подготовку покушения на Зеленского


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Желдорреммаш

Экзаменационный центр «Воронеж-НК» на базе Воронежского ТРЗ Желдорреммаш сертифицирует до 200 дефектоскопистов ежегодно.



Москва

Администрация Лобни встретится с жителями 16 мая

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net