Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Март
2020

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ савганди президентӣ ёд карданд

0
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ савганди президентӣ ёд карданд

Имрӯз президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои даври дуюм савганд ёд кард. Фиристодаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ва фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон, генерал Скотт Миллер ва инчунин бисёре аз мансабдорони хориҷӣ дар маросими савгандёдкунии Ғанӣ ширкат варзиданд, ки аз ҷониби раиси адлияи Афғонистон роҳбарӣ шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими рақибонаи савганди раёсатҷумҳурӣ худро президенти Афғонистон эълон кард. Дар маросими савганди Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки таҳти сарварии рӯҳонӣ баргузор шуд, ягон дипломати баландпоя ба мушоҳида нарасидааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ҳукумати эътилофӣ буд, ки бо сарпарастии Иёлоти Муттаҳида пас аз интихоботи пешинаи президентии соли 2014 ташкил шуда буд.

Маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ дар Арк -- Кохи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳузури бархе аз сафирони хориҷӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ баргузор шуд ва вай дар ҳузури Юсуф Ҳалим, раиси Додгоҳи олии ин кишвар, ба унвони президенти нав савганд ёд кард. Тибқи Қонуни асосии Афғонистон, иҷрои маросими савганд тавассути раиси Додгоҳ олӣ анҷом мешавад.

Дар маросими адои савганди Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар Кохи Сапедор -- коргоҳи раиси иҷроия баргузор шуд, сафирон ё намояндагони хориҷӣ ҳузур надоштанд.  Ашраф Ғанӣ дар суханрониаш таъкид кард, ки "рисолати мо таъмини сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон аст ва афзуд, кори ҳайати феълии ҳукумати ваҳдати миллӣ то ду ҳафтаи дигар идома меёбад.

Дар ҷараёни суханронии оқои Ғанӣ шунидани садое, ки зоҳиран ба таркиш монанд буд, маросимро барои чанд лаҳза дучори халал кард. Хабаргузориҳо гуфтанд, ки маншаи ин садо таркиши як мушак будааст.  Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар суханрониаш дар Кохи Сапедор бори дигар натиҷаҳои интихоботро "тақаллубӣ" хонд ва гуфт, ин натиҷаро намепазирад.

Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 18-уми феврал Ашраф Ғаниро барандаи интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро пуртақаллуб хонда, натиҷаро напазируфт ва эълон кард, ки "ҳукумати ҳамашумул" ташкил медиҳад.

Давоми чанд рӯзи ахир талошҳои сиёсӣ барои хатми ихтилофҳо миёни ин ду номзади пештози интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 бенатиҷа буд. Аз шомгоҳи якшанбе хабарҳои мухталифе дар бораи миёнҷигарии Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ нашр шуд.

Фаридун Хузун, сухангӯи дастаи "Субот ва ҳамгироӣ" бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдулоҳ шаби гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо миёнҷигарии мақомоти амрикоӣ маросими савгандёдкунии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ба таъхир афтодааст.

Қаблан эълон шуда буд, ки ин маросимҳо соати 9-и субҳ баргузор мешаванд. Аммо баъдан масъулони ҳар ду тими интихоботӣ эълон карданд, ки маросими савгандёдкунӣ баъд аз зӯҳр баргузор мешавад.

Дар остонаи баргузории ин маросимҳо, дар шаҳри Кобул тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд ва ҷодаҳои асосӣ баста шуда буданд. Дар шаҳри Кобул рӯзи шанбе таътил эълон шудааст.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Афғонистон 18-уми феврал пас аз ҳудуди панҷ моҳ эълон шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро бо касби 50,64 дарсад баранда эълон кард. Комиссия орои Абдуллоҳ Абдуллоҳро 39,5 дарсад гуфт. Гулбиддин Ҳикматёр дар мақоми савум қарор гирифт.

Интихоботи президентии Афғонистон бо иштироки бемонанди хеле ками овоздиҳандагон ва ҷанҷолҳо миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ гузаронида шуд. Аз 9 миллион овоздиҳанда 1.8 миллион нафар дар интихобот овоз доданд.

Гумонҳои қонуншиканиҳои зиёд дар интихоботи президентии соли 2014, боиси кашмакаши ҷиддӣ байни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуда буд. Дар ниҳоят ин бӯҳрон бо миёнҷигарии Амрико ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳал шуд. Тибқи он тавофуқ, Ашраф Ғанӣ ба мақоми раиси ҷумҳур расид ва мақоми наве бо унвони раиси иҷроия барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъсис дода шуд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин рассказал о реализации проектов КРТ в столице


Спорт в России и мире
Москва

В Крылатском будет создан современный спортивный кластер — Собянин


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Стефанос Циципас

«Он никогда не снимается с турниров». Циципас прокомментировал травму Джоковича


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Мария Багреева: глобальные климатические цели достижимы лишь при участии городов





Путин в России и мире
Москва

Песков не стал уточнять, кому Россия может поставить оружие для борьбы с Западом


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Владимир Высоцкий

Документальный спецпроект — Главком ВМФ адмирал Владимир Высоцкий (03.06.2024)



Москва

То солнце, то гроза: синоптик Позднякова рассказала о погоде в Москве в конце недели

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net