Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
Ozodi.org
Апрель
2021

Новости за 26.04.2021

Сокинони Ворух мегӯянд, ду бачаи хурдсол дар марз бо Қирғизистон "боздошт ва зарбулат шудаанд"

Ozodi.org 

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара ва як сокини ҷамоати Ворух гуфтанд, рӯзи 25-уми апрел ду хонандаи синфи 8-и мактаби ҷамоати Ворух ҳангоми чарондани чорво аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шуда, дар давоми як соат мавриди пурсиш ва шаллоқ қарор гирифтаанд.



Муҳокимаи даъвои "дастдарозӣ" дар шаҳри Турсунзода

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, ки додрасе аз ӯ хостааст, гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба "дастдарозӣ" ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст. Дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода гуфтанд, баррасии парвандаи Каримов "дар чаҳорчӯби қонун" идома дорад.



Дониёр Набиевро шартан аз зиндон озод кардаанд

Ozodi.org 

Хешовандони Дониёр Набиев (Бобои Дона) нагузоштанд, ки хабарнигорон бо ӯ аз наздик суҳбат кунанд ва маълум нест, саломатии пирамарди 80-сола чӣ гуна аст. Дониёр Набиев, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд, ба қавли вакили мудофеъ, рӯзи 23-юми апрел аз зиндон озод шуд.

Сардор Бердимуҳаммадов -- раҳбари ояндаи Туркманистон?

Ozodi.org 

Роҳнамоии Сардор Бердимуҳаммадов, писари 39-солаи президенти худкомаи Туркманистон, дар ҷашнвораи Рӯзи байналмилалии асп ва сагпарварӣ ба овозаҳо дар бораи ҷойгузини падар шудани ӯ сабаб гардидааст.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати зане, ки дар куштори кӯдак гумонбар мешавад

Ozodi.org 

ВКД Тоҷикистон гуфт, додситонии ноҳияи Сино нисбати зане, ки дар куштори кӯдаки 7-сола гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола дар барномаи телевизионии вазорати корҳои дохилӣ нақл кард, ки ба хотири хусумату бадбинӣ  писари як хеши шавҳарашро ба қатл расондааст.  Маълум нест, ки иқрори гуноҳи ин зан таҳти чӣ шароите гирифта шуда, то куҷо ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст.  Мақомот гуфтанд, ки куштори  кӯдак рӯзи 5 март дар шаҳри Душанбе рух дод ва наздикон... Читать дальше...

Мақомоти Русия таҳияи низоми патенти электрониро идома медиҳанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, имкон дорад ки дар саротосари ин кишвар патенти кории муҳоҷирон электронӣ шавад. Ба навиштаи ТАСС, барои ҷорӣ кардани  шакли нави патент, заминаҳои ҳуқуқии қоидаи нав таҳия мешаванд. Патенти электронӣ то охири ҳамин  сол дар Маскав ҷорӣ хоҳад шуд ва интизор меравад, ки пардохти пулро барои муҳоҷирон осонтар кунад. Ҳоло андозаи моҳонаи патент дар шаҳри Маскав  барои муҳоҷирон  5341 рубл муқаррар  шудааст.  Аз ин пештар ҳукумати Маскав ҳушдор дод, ки ширкати кордеҳ... Читать дальше...

Таҳдиди то 4 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия

Ozodi.org 

Матбуоти русӣ менависад, дар  вилояти Тюмен  ба  як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон то 300 ҳазор рубл ҷарима  ва ё то 4 соли зиндон таҳдид мекунад. Муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди дар рӯйхатти сиёҳ будан бо ному насаби нав 7 маротиба ба Русия сафар кардааст. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки ҷавони тоҷики муттаҳамро соли 2015 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз ин кишвар берун карда, барои 5 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум намуданд. Аммо ӯ  дар  Тоҷикистон  ному насаби худро иваз карда, аз моҳи апрели... Читать дальше...

"Файзканд" пешсафи ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 24-25-уми апрел баргузор шуданд. «Файзканд»-и Восеъ, ки бозии даври чорумро дар меҳмонӣ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, бо 8 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дар бозии дигари даври чорум «Хуҷанд» дар шаҳри Кӯлоб аз тими мизбон - «Равшан» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ Далер Шомуродов ба ҳадаф расонд. «Хуҷанд»... Читать дальше...

Жириновский интиқоли муҳоҷирони тоҷику узбекро ба кор дар Русия тавассути роҳи оҳан пешниҳод кард

Ozodi.org 

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва як сиёсатмадори миллатгарову пархошгар, пешниҳод кардааст,  ки барои интиқоли муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон ба Русия, роҳҳои оҳан боз шаванд. Матбуоти русӣ аз қавли Жириновский менависад, беҳтар мебуд “агар ширкатҳои сохтмонӣ бо ташкили қатораҳои махсус муҳоҷиронро ба маҳалли корашон мерасониданд”. Ба андешаи ӯ, бо  анҷоми корҳои сохтмонӣ “онҳоро боз ҳам тариқи ҳамин поездҳо ба ватан бозгардонанд”. Ин сиёстамадори рус дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд... Читать дальше...

Пайвандонаш гуфтанд, Асадулло Исмоилов, имомхатиби кӯчаи Яккачинор, аз боздошт озод шуд

Ozodi.org 

Пайвандони Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе, хабар доданд, ки ӯ аз боздошт раҳо шудааст. Ӯ дар баробари чанде аз иштирокдорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаби 19-уми апрел дастгир шуда буд.

Матбуот: Иморот Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои "сабз" ворид кард

Ozodi.org 

Шурӯъ аз 25-уми апрел он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Иморати Муттаҳидаи Арабистон сафар мекунанд, аз карантини ҳатмии 10-рӯза озод мешаванд. Дар ин бора матбуоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар медиҳад. Тоҷикистон дар баробари Русия ва Узбекистон  ба руйхати кишварҳои "сабз" аз назари пандемия дохил карда шуданд. Аммо мусофирон бояд бо худ ҳатман ташхиси манфии COVID-19-ро дошта бошанд. Ташхиси такрорӣ баъди вуруд ба кишвар супорида мешавад. Дар айни замон, Тоҷикистон талаботро нисбати мусофироне... Читать дальше...

Муҳоҷирон намерасанд. Ҳукумати Русия БАМ-ро бо дасти зиндониҳо сохтанӣ аст

Ozodi.org 

Як нашрияи  русӣ мегӯяд, ки ҳукумат ният дорад барои сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) зиндониҳоро ҷалб кунад. Нашрияи “Коммерсант” менависад, ки ба вазорати нақлиёт, раёсати федеролии зиндонҳо ва ширкати Роҳи Оҳан супориш шудааст, ки то 14-уми май ин масъаларо баррасӣ карда, инчунин, масъалаи эҷоди инфрасохтор ё макони будубоши зиндониҳои сохтмончиро ҳам андеша кунанд. Феълан шумори нирӯи нокофии корӣ барои сохтмони БАМ 15 ҳазор нафар ҳисоб шудааст ва сабаби камбуд инчунин дар норасоии муҳоҷирони корӣ ҳам гуфта мешавад... Читать дальше...

SIPRI: Соли 2020 хароҷоти низомӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфт

Ozodi.org 

SIPRI ё Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм дар гузориши наваш мегӯяд, соли 2020 бо вуҷуди пандемияи коронавирус хароҷоти низомӣ дар ҷаҳон назар ба соле аз он пеш 2,6 дарсад афзоиш ёфт. Ба ҳисобҳои SIPRI, хароҷоти низомӣ 1,9 триллион долларро ташкил додааст ва  аксари хароҷотро  Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба ӯҳда доштаанд. Ин кишварҳо, ба навишта муҳаққиқон, бахши муҳими хароҷоти низомиро ба тадбирҳои муқобила бо пандемияи коронавирус равона кардаанд. Дигар кишварҳо, аз ҷумла Бразилия ва Русия соли гузашта харҷи камтар кардаанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Начала тонуть: Волочкову за ноги вытащили из воды после новости о родах Николаевой





Персональные новости
Театр

Мы продолжаем знакомить вас с артистами цирка Бурятии: Саян Дондоков - Театр и дети, Культура и Россия





Ҳамлаи мушакӣ ба озмуни қуръонхоние дар Кунар 16 нафар, асосан наврасонро маҷрӯҳ кард

Ozodi.org 

Раҳбари вилояти Кунари Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ба қароргоҳи раиси волӣ асобат кардани як мушак 16 нафар, аксар наврасон маҷрӯҳ шуданд. Муҳаммад Иқбол Саид  рӯзи 26-уми апрел дар сӯҳбат бо радиои “Афғонистони озод” гуфт, ки ҳамла ба қароргоҳи вилоят дар шаҳри Асадобод тахминан соатҳои 9:30-и маҳаллӣ рух дод. Ин лаҳзаҳое буд, ки дар миёни муҳассилони мадрасаҳои маҳаллӣ озмуни қуръонхонӣ ҷараён дошт. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳамла 14 шогирди мадрасаву омӯзгорон ва ҳам ду ходими амният маҷрӯҳ шуданд. Синни шогирдон 10 то 18-сола мебошад. Читать дальше...

Додгоҳе дар Русия фаъолияти созмонҳои марбут ба Навалнийро қатъ кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия бо қарори додситонҳо розӣ шуд ва фаъолиятҳои созмонҳои марбут ба сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро боздошт. Иван Жданов, раиси ин созмон дар як изҳороташ тавассути Твиттер рӯзи 26-уми апрел гуфт: “Онҳо бо ин қарори худ нидо мекунанд, ки “мо аз фаъолияти шумо ҳарос дорем, мо аз раҳпаймоиҳои шумо тарс дорем, мо аз овоздиҳии боҳуш дар интихоботҳо метарсем”. Дар изҳороти Жданов инчунин хулосаҳои хаттии додситонҳо ҳам илова шудааст. Додситонии Маскав дар ин хулосаҳояш навиштааст... Читать дальше...

"Гуфтанд, гуноҳро ба гардан гир, озод мешавӣ." Муҳокимаи даъвои "дастдарозӣ" дар Додгоҳи Турсунзода

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, додрасе аз ӯ хостааст, ки гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба бадрафторӣ нисбат ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст.

Дар Қазоқистон эмкунӣ бо воксинаи маҳаллии “ҚазВак” шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон тақсими воксинаи сохти маҳаллии зидди COVID-19 ба аҳолӣ шурӯъ шуд. Вазири тандурустӣ Алексей Тсой нахустин шахсе шуд, ки ин воксинаро қабул кард. Воксинае бо номи “ҚазВак” (QazVac)  аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи мушкилоти амнияти биологӣ таҳия шудааст ва онро  давлат маблағгузорӣ мекунад. Ба гуфтаи вазири тандурустии Қазоқистон, 50 ҳазор дона воксинаи қазоқӣ аллакай дар саросари ин кишвари иборат аз 19 миллион аҳолӣ тақсим мешавад. Воксинаи “ҚазВак” аз ду воя ё доза иборат буда, дар фосилаи се ҳафта бояд ҳарду донааш гирифта шаванд. Читать дальше...

Чжао Хлоя аз Чин барои "Сарзамини овораҳо" барандаи Оскар шуд

Ozodi.org 

Коргардони чинӣ Чжао Хлоя дар таърихи ҷоизаи бонуфузи синамои Оскар аввалин намояндаи Чин шуд, ки барандаи мукофоти “Беҳтарин коргардони сол” гардид. Чжао ва филмаш «Сарзамини овораҳо» барандаи ҷоизаи беҳтарин филм шуданд, ва ӯ инчунин нахустин зани осиёӣ гардид, ки чунин ҷоизаи бонуфузро бурдааст.  Чжао 39 сол дорад ва филмашро қиссаи “саёҳату девонагиҳое дар зиндагӣ” ташреҳ кардааст. Чжао Хлоя лаҳзаҳои гирифтани ҷоизаи бонуфуз аз минбари баланд дар Лос-Анҷелес гуфт: “Барои филмсозони осиёӣ ва умуман... Читать дальше...

Ҳинд дар ҳолати изтирории муқобила бо COVID-19 аст

Ozodi.org 

Бритониё, ИМА ва Канада ваъда супурданд, ки ба Ҳинд ба таври оҷил таҷҳизоти тиббӣ мефиристанд, чун дар ин кишвар афзоиши бесобиқаи нави олудашавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Рӯзи 25-уми апрел дар ин кишвар  349,691 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва ин рӯзи чорум аст, ки омори олудагӣ ба COVID-19 дар ин кишвар рекордӣ мешавад. Беморхонаҳои ин кишвар пур аз муштарӣ буда, дастгоҳҳои нафаскашӣ ба бистариҳо намерасад. Шабакаҳои иҷтимоӣ бо аксу наворҳои хешовандони бемороне пур шудааст... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В рамках празднования Дня Победы в Москве пройдет ежегодный турнир среди студенческих футбольных команд «Вызов»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Более 9 тыс сотрудников Росгвардии обеспечили безопасность в День Победы в Москве





Путин в России и мире
Москва

Путин поблагодарил Рахмона за соболезнования в связи с терактом в «Крокусе»


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко вернулся с парада Победы в Минск: "Ядерный апокалипсис неминуем"




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве налоговая потребовала взыскать долг с Алексея Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Nirvana

Умер продюсер альбомов Nirvana, Pixies и PJ Harvey Стив Альбини



Москва

Анастасия Удальцова посетила выставку-форум «Уникальная Россия»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net