Баҳси обанбори наздимарзӣ. Дар Бишкек эътироз карданд, дар Душанбе шарҳе надоданд. ВИДЕО
Рӯзи 8-уми феврал дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек тазоҳурот сурат гирифт. Эътирозгаронро суханони нахуствазири нав ба хашм овардааст.
Рӯзи 8-уми феврал дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек тазоҳурот сурат гирифт. Эътирозгаронро суханони нахуствазири нав ба хашм овардааст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тавсия дод, ки акси ӯро дар утоқҳои корӣ ва биноҳои маъмурӣ наовезанд. Дар ин бора сухангӯи вай Галина Байтерек рӯзи 8 феврал иттилоъ дод. Ба гуфтаи Байтерек, "Ҷабборов бар ин бовар аст, ки айни замон вай барои беҳсозии шароити зиндагии мардум коре накардааст, ба ҳамин далел ба мансабдорон тавсия медиҳад, ки аксашро дар утоқҳои корӣ ва биноҳои маъмурӣ наовезанд". Ҷабборов баръакс тавсия додааст, акси касоне истифода шавад, ки дар тақвияти давлатдории қирғиз ва рушди кишвар саҳм доштаанд. Читать дальше...
Мақомоти вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар ҷазирақаламрави Сӯх сохтмони фурудгоҳ шуруъ шудааст. Ба иттилои расмӣ, барои сохтмони фурудгоҳ 4,5 га замин ҷудо шудааст. Барои сохтмони ин фурудгоҳ бештар аз 1,1 млн доллар ҷудо ва қарор аст, он моҳи майи имсол ба истифода дода шавад. Рӯзи 31 майи соли 2020 миёни сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ҷанҷол бархост. Ба иттилои расмӣ, сокинони ду кишвар натавонистанд, сари тақсими об ба... Читать дальше...
Ҳудуди 60 корманди ширкати "Сагиз петролеум" 8 феврал дар назди коргоҳи ширкат дар шаҳри Атирауи Қазоқистон бо талаби баланд бардоштани маош ҷамъ шуданд. Ин коргарон, ки бо коркарди конҳои нафт дар вилоятҳои Атирау ва Оқтеппаи Қазоқистон машғул ҳастанд, гуфтанд, зери номаи онҳо ба унвонии раҳбарияти ширкат 188 кас имзо гузошта, танҳо наздики 60 каси он тавонистанд ба назди коргоҳ раванд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони "Сагиз петролеум" ба ҳисоби миёна аз 90 то 160 ҳазор танга (тақрибан 210-370 долар) моҳона мегиранд. Читать дальше...
Як намояндаи Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида баъд аз ду соли он ки ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқи башар тарк кард, дубора ҳамчун нозир бармегардад.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
123ru.net — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.