Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 24.09.2021

Ёди Улуғзодаро дар Душанбе гиромӣ доштанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише дар бинои Иттифоқи нависандагон дар рӯзи зодрӯзаш ёди адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзодаро гиромӣ доштанд. Нависандагону шоирон ва хонандагони ин адиби маҳбуб аз корномаи Сотим Улуғзода ва хотираҳои худ аз ӯ нақл карданд. Ҳамоиш рӯзи 23-юми сентябр баргузор шуд.

Туробӣ гуфт, "Толибон" аз буридани даст ва ҳукми қатл даст намекашад

Ozodi.org 

Мулло Нуриддин Туробӣ, яке аз поягузорон ва вазири адлияи ҳукумати гузаштаи "Толибон", дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, ки гуруҳ аз ҷазоҳое ба монанди буридани даст ва ҳукми қатл ё эъдом даст намекашад.



"Васл"-и синамогарони Тоҷикистону Узбекистон пас аз тақрибан сӣ сол "ҷудоӣ". ВИДЕО

Ozodi.org 

Яке аз филмҳо ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шоирони садаи понздаҳ, бахшида шуда, сабти қисме аз он ба далели зери тасарруфи "Толибон" гузаштани шаҳри Ҳироти Афғонистон дучори мушкил гардидааст.

Синамогарони тоҷику узбек се филми ҳунарӣ меофаранд

Ozodi.org 

Синамогарони Тоҷикистону Узбекистон пас аз тақрибан сӣ соли "ҷудоӣ" розӣ шудаанд, ки якҷоя се филми ҳунарӣ биофаранд. Яке аз филмҳо ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, бахшида шуда, сабти қисме аз он ба далели зери тасарруфи “Толибон” гузаштани Ҳироти Афғонистон дучори мушкил гардидааст.

Вазири дифои "Толибон" куштору қасосгириҳоро эътироф, аммо манъ кард

Ozodi.org 

Як намояндаи ҳукумати "Толибон" эътироф кардааст, ки бо вуҷуди афви умумӣ ҷангҷӯён дар баъзе аз минтақаҳо даст ба куштори мардум задаанд. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ҷангҷӯёни "Толибон" дар Панҷшеру Андароб ва Бағлон баъд аз муҳокимаи саҳроӣ мардумро мепаронанд.

Зиндоние, ки шиканҷаи пеш аз қатли варзишгари эрониро дидааст, даргузашт

Ozodi.org 

Мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки Шоҳин Носирӣ, як зиндоние, ки иддао кардааст пеш аз иҷро шудани ҳукми қатли гӯштигир Навид Афкорӣ дар оғози соли ҷорӣ шоҳиди шиканҷа шудани ӯ будааст, даргузашт. Мақомоти зиндонҳо рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки сабаби марги Носирои, ки дар зиндони "Теҳрони бузург" рух додааст,  таҳқиқ мекунанд. Ду рӯз пеш аз ин як созмони Ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Осло бо нашри гузорише гуфт, ки “Носирӣ баъди интиқолаш ба утоқи якҳуҷраӣ дар шароити мармуз даргузашт”. Ин созмон гуфт... Читать дальше...



Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд

Ozodi.org 

Дар Русия аз миёни 19 кӯҳнаварде, ки талош карданд қуллаи баландтарини Элбрусро фатҳ кунанд, панҷ нафарашон куштаву 11 нафарашон захмӣ шуданд. Ин гурӯҳ шоми 23-юми сентябр дархости наҷот карда буданд. Дар ин гурӯҳ, ба иттилои Интерфакс, намояндагони 11 минтақаи Русия аъзо буданд. 14 нафарашонро  дар амалиёти ҷустуҷӯ, ки бо ширкати 70 наҷотбахшу 16 васоили нақлиётӣ барпо шуд, зинда пайдо карданд. Фарзияи пешакии сабабҳои фоҷеа бад шудани ҳаво ва бориши зиёди барфу тӯфон гуфта мешавад. Шоми панҷшанбе... Читать дальше...

Русия барои ҳар навзоди муҳоҷирон дар Маскав 20 000 рубл медиҳад

Ozodi.org 

Шаҳрдории Маскав барои ҳар фарзанди таваллудшудаи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 20 ҳазор рубл медиҳад. Ба иттилои сомонаи "Readovka", солона аз буҷаи Маскав барои ин навъи пардохтҳо 700 миллион рубл харҷ мешавад.

Муроҷиати додситонҳои зан дар Афғонистон ва тарсашон аз "Толибон". ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситонҳои зан дар Афғонистон, ки дар замони ҳукумати пешин ҳам таҳти хатар буданд, ҳоло метарсанд, ки ҳадафи "Толибон" ва ҳазорон зиндонии раҳокардаи онҳо қарор мегиранд. Иддае аз ин занон, ки дар Афғонистон мондаанд, аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, танҳо нагузоранду дасти мадад дароз кунанд.

Тарси додситонҳои зан дар Афғонистон аз "Толибон"

Ozodi.org 

Додситонҳои зан дар Афғонистон, ки дар замони ҳукумати пешин ҳам таҳти хатар буданд, ҳоло метарсанд, ки ҳадафи "Толибон" ва ҳазорон зиндонии раҳокардаи онҳо қарор мегиранд. Иддае аз ин занон дар Афғонистон мондаанд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, онҳоро танҳо нагузоранд.

Дипломати амрикоӣ ба нишони эътироз аз бӯҳрони муҳоҷират истеъфо дод

Ozodi.org 

Фиристодаи ИМА барои Ҳаитӣ ба нишони эътироз аз ихроҷи ҳазорҳо паноҳҷӯи ин кишвар дар Амрико истеъфо дод. Давоми чанд рӯзи гузашта шаҳрвандони ин кишвари соҳилҳои Карриб дар Техаси Амрико ҷамъ шуда, бархе дархости паноҳандагӣ дар ИМА кардаанд. Даниэл Фут, дипломати собиқадор вазъи Ҳаитиро бо истилоҳи як “давлати суқуткарда” тасвир карда гуфт, ки ин кишвар ҳоло наметавонад ба мушкилоти муҳоҷирони баргашта расидагӣ кунад. Дар номае, ки Фут ба унвонии Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 23-юми сентябр навишт... Читать дальше...

ИМА дар САҲА: интихоботи Русия озоду одилона набуд

Ozodi.org 

Ҳайати ИМА дар САҲА интихоботи ахири Думаи давлатии Русияро ҳамчун “ҷавобгӯ набуданаш ба меъёри интихоботи озоду одилона” интиқод карда иддаои Маскавро дар бораи дахолати берун  “бепояву асос” номид.  Эндрю Шепард, иҷрокунандаи вазифаи мушовири сиёсии ИМА интиқодҳои худро рӯзи 23-юми сентябр дар сатҳи Шӯрои доимии САҲА матраҳ кард. Шепард гуфт: “Амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Руси пеш аз баргузории интихоботи Дума дар таърихи 17-19-уми сентябр ва баъди он аз шаффофияти интихооботӣ озод буд, орӣ аз... Читать дальше...

Даъвати нави мақомдори тоҷик: мошинро ба дучарха иваз кунед. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват кардааст мошинро камтар истифода намуда ба велосипед гузаранд. Баҳодур Шерализода дар сӯҳбат бо нашрияи расмии «Ҷумҳурият» гуфтааст, бо ин васила аз олуда шудани муҳити атроф ва тағийри иқлим метавон ҷилавгирӣ кард. Мақомдори тоҷик мисол овардааст, ки дар саҳни даромадгоҳи кумитаи таҳти раҳбарии ӯ барои дучарха тавақуффгоҳ бунёд шудааст. Даъват ба истифодаи дучарха дар Тоҷикистон нав нест. Чандин мақомдори баландпояи дигар ҳам... Читать дальше...


Музыкальные новости
Аранжировка

Аранжировка. Аранжировка Песни. Современная Аранжировка. Аранжировка Произведения.





Персональные новости
Петербург

Москву и Санкт-Петербург назвали лучшими городами для подработки





Мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирони корӣ дар Русия тамдид намешавад

Ozodi.org 

Қарори президенти Русия Владимир Путин дар бораи додани имтиёз барои қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дароз карда намешавад. Федератсияи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ин тасмим 23-юми сентябр дар пайи ҷаласаи васеи мақомоти рус гирифта шуд. Мӯҳлати охирини сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия  30-юми сентбяр ба поён мерасад. Баъди ин мақомоти Русия ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз хоҳанд кард. Моҳи гузашта Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ маълум шудааст... Читать дальше...

Байден раҳбарони Ҳинду Ҷопон ва Австралияро даъват намуд

Ozodi.org 

Қарор аст рӯзи 24-уми сентябр президенти ИМА Ҷо Байден дар Кохи Сафед ҷаласаи сарони кишварҳои узви гурӯҳи Quad-ро барпо  кунад, ки аз раҳбарони кишварҳои  Ҳинду Уқёнусия иборат аст. Рӯзи 24-уми сентябр Байден нахуствазирони  Ҳинд, Ҷопон ва Австралия - Нарендра Моди, Йошиҳиде Суга ва Скотт Моррисонро қабул мекунад. Ин ҷаласа ба Байден имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳро аз вокуниши тунди Фаронса ба барномаи бисёрмиллиарддолларии сохтмони киштиҳои зериобии атомӣ барои Австралия ба сӯи дигар бикашад. Пеш аз ҷаласаи Quad... Читать дальше...

Ҳайати ҳукумати "Толибон" ба Маскав сафар мекунад

Ozodi.org 

Хабаргузории "РИА Новости" иттилоъ дод, ки айни замон миёни Маскав ва "Толибон" гуфтушунид бобати сафари як ҳайати ҳукумати "Толибон" ҷараён дорад. Ҳамчунин ба нақл аз иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати "Толибон" Забеҳулло Муҷоҳид гуфта мешавад, ки Кобул хостори чунин сафар шудааст. Ин дар ҳолест, ки панч увзи доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостори муколама бо ҳукумати "Толибон" шудаанд. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки ин талошҳо ба он хотир аст... Читать дальше...

Раҳбари ҷудоиталабони Каталония дар Итолиё боздошт шуд

Ozodi.org 

Карлес Пучдемон, раҳбари ҷудоиталабон бо дархости Испания дар ҳудуди ҷазираи Сардиняи Итолиё боздошт шуд. Ӯ баъди чор сол пеш барпо кардани референдуми итиқлолият, ки онро Мадрид ғайриқонунӣ номидааст, аз кишвар фирор кард. Вакили дифои Пучдемон гуфт, ки ӯ рӯзи 24-уми сентябр  дар додгоҳи истирдодаш ҳозир хоҳад шуд. Каталония як минтақаи дурдаст ва сарватмандтарини Испания мебошад.   Ҳоло ӯ сокини Белгия ва як узви Парлумони Аврупо мебошад. Пучдемон дар оғоз дар баробари таъқиби ҷиноӣ масуният дошт, вале моҳи март масунияти ӯ бекор карда шуд.

ИМА як мудири ширкати русиро бо гумони напардохтани андоз боздошт кард

Ozodi.org 

Дар ИМА як раҳбари баландпояи ширкати русии истеҳсолкунандаи гази табииро бо иттиҳоми фирор аз пардохти андоз ва дар ҳисобҳои офшор нигоҳ доштани даҳҳо миллион доллар боздошт шуд. Вазорати адлияи ИМА рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки Марк Ҷетвей бо қарори додраси додгоҳи калони федеролии Флорида бар асоси иттиҳоме, ки рӯзе аз он пеш эълон шуд, дастгир гардид. Ширкати “Новатэк” истеҳсолкунандаи азим ва мустақили гази табиӣ мебошад. Марк Ҷетвей дар назди сармоягузорони хориҷӣ ба ҳайси симои муаррифгари ширкат баромад мекард. Читать дальше...

Манбаъҳо: "Ансоруллоҳ" ба Тоҷикистон чашм "дӯхтааст". Душанбе нигарон аст, "Толибон" рад мекунад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз тақвият ёфтани ҷангҷӯёни “Толибон” дар минтақаҳои шимолии Афғонистон нороҳатанд ва маълумоти расида аз густариши фаъолияти “Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро дар хатти марз бо Тоҷикистон меомӯзанд.

Спорт в России и мире
Москва

В городах России выступят летом юные вокалистки из Приамурья


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Стефанос Циципас

Паула Бадос и Стефанос Циципас расстались | Виды спорта


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Пресс-релиз | CRYPTONIUM | Новая экосистема для заработка на криптовалюте | Арбитраж | Трейдинг | Обучение





Путин в России и мире
Москва

Ушаков: Путин и Пашинян расставят точки на «и»


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья Шмидт попросил защиты у Лукашенко и политического убежища в Белоруссии




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Юрий Лоза

«В фонограмме нет ничего плохого»: певец Лоза оценил бесплатный концерт Мадонны в Рио-де-Жанейро



Москва

Акции «М.Видео» упали на 10% на планах компании увеличить уставной капитал путем SPO

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net