Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 27.04.2021

Дар Хоҷаи Ғорбобо чӣ гузашт? Тафсилоти "рабуда шудан"-и ду навраси тоҷик дар марз бо Қирғизистон

Ozodi.org 

Сокинони ҷамоати Ворух ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯянд, марзбонони ин кишвар чор нафар наврасонро рабудани буданд, аммо ду нафар фирор карда дуи дигар ба даст афтодаанд.

"Ҳар рӯз мебиёем, билет нест." Парвоз ба Русия арзон, вале билет камёфт шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз ҳушдори онҳо ба чаҳор ширкати ҳавопаймоӣ нархи билети парвозҳои чартерӣ ба Русия «поин омад». Ба қавли онҳо, акнун билети парвозҳои чартериро аз 8500 сомонӣ (беш аз 750 доллар) зиёд намефурӯшанд.

Писари Абдулмаҷид Достиев муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Фарҳод Салим, сафири пешини Тоҷикистон дар Амрико ва писари собиқ муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев, бо имзои президент Эмомалӣ Раҳмон муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Амрико озод шуда буд ва маълум нест, ки дар ин миён дар кадом симат ифои вазифа мекард.  Фарҳод Салими 46-сола, писари Абдумаҷид Достиев, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия, 15-уми майи соли 2014, чанд рӯз баъди барканор шудани падараш аз ин мақом... Читать дальше...



Вазирони СПАД хатарҳои баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро баҳс кардаанд

Ozodi.org 

Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва эҳтимоли қувват гирифтани нерӯҳои террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.

Нигаронӣ аз вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар маҳбас

Ozodi.org 

Масъулини Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯянд, саломатии Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст. Наздикони Одинаев ҳам гуфтанд, баъд аз эълони қарори додгоҳ се моҳ мешавад, ки ӯро надидаанд ва аз аҳволаш хабар надоранд.

Президенти Қирғизистон гуфт, қиморхонаҳо бояд фаъол шаванд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бори дигар аз идеяи боз кардани марказҳои бозӣ дар вилояти Иссиқкӯли он кишвар ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳоло тасмим дорад, боз кардани қиморхонаҳоро дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳам пешниҳод кунад. "Ман ба дастгоҳи президент дастур додам, ки ба порлумон пешниҳод кунанд, то ба фаъолияти онҳо (марказҳои бозӣ) дар тамоми марказҳои маъмурии вилоятҳо ва Бишкек иҷозат диҳад. Қиморхонаҳо то соли 2015 кор мекарданд ва ҳамаи шаҳрвандон метавонистанд, ки бозӣ кунанд. Читать дальше...



Духтари Навалний дар саммити ҳуқуқи инсон дар Вена суханронӣ мекунад

Ozodi.org 

Духтари мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний -- Даря дар саммити ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 7-8 июн дар шаҳри Вена баргузор хоҳад шуд, суханронӣ мекунад. Алексей Навалний моҳи феврали соли равон бо ҷоизаи шуҷоати Форуми ҳуқуқи инсони Вена сарфароз гардид. Созмондиҳандагони ҷоиза он замон изҳори умед карда буданд, ки "сиёсатмадори мухолифи рус ба зудӣ озод шуда, ҷоизаро шахсан дарёфт ва суханронӣ хоҳад кард". Дар сурати озод нашудан даъвати яке аз аъзои хонаводаи ӯ дар назар буд. Дар Форуми имсолаи... Читать дальше...

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз ёфт

Ozodi.org 

Дар нахустин даври мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳат – 24-25-уми апрел – баргузор шуд, панҷ бозӣ доир гашт. «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. «Барқчӣ»-и Ҳисор бар дастаи меҳмон -  «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 1:0 ноком кард. «Динамо»-и Душанбе дар сафар «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод. Читать дальше...

Эрдуғон истифодаи вожаи "наслкушии арманиҳо" аз ҷониби Байденро ба шиддат маҳкум кард

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як изҳороташ 26-уми апрел тасмими президенти ИМА Ҷо Байден оид ба эътирофи наслкушии арманиҳоро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт, ки ин таҳаввулот дар равобити ду кишвар “таъсири харобиовар” хоҳад дошт. Баъди ҷаласаи кабинаи ҳукумат дар як изҳороти телевизиониаш Эрдуғон бо ишора ба марги миллионҳо амрикоиҳои маҳаллӣ гуфт, пеш аз он ки Байден мардуми Туркияро дар роҳ додан ба наслкушӣ гунаҳгор мекунад,  бояд аввал “ба оина нигарад”. Эрдуғон дар як изҳороти калонаш... Читать дальше...

Додситонӣ сабаби марги сарбоз Раҷабалӣ Назаровро дар Бадахшон таҳқиқ мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз дафни Раҷабалӣ Назаров, ки ҳангоми хидмат дар артиш ба таври мармуз фавтид ва дар расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба вуҷуд овард, Додситонии ҳарбии горнизони шаҳри Хоруғ ба санҷиши марги ӯ оғоз кардааст.

Ёрии USAID барои муқобила бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

USAID – Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ рӯзи 27-уми апрел  бо нашри изҳороте гуфт, ба хотири муқобила бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳои Тоҷикистон таҷҳизоти техникии вижаи мушаххаскунандаи ҳолатҳои бемории сил тақдим кардааст. Ин ёриҳо дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ин кишвар тақдим шудааст. Дар миёни таҷҳизоти тақдимшуда... Читать дальше...

Гурӯҳи шӯришие дар марз бо Тайланд урдугоҳи низомиёни Мянмарро ба даст овард

Ozodi.org 

Як гурӯҳи шӯришии қавмӣ дар Мянмар гуфт, урдугоҳи низомиеро дар шарқи ин кишвар, ки субҳи 27-уми апрел маҳалли задухӯрдҳои бисёр шадид бо артиши ҳукуматӣ буд, таҳти назорати худ даровард. Дар Мянмар моҳи феврал қудратро низомиён ба даст оварданд ва аз он замон то кунун ин кишвар дар як бебандубории сиёсӣ қарор дорад. Маконе, ки задухӯрдҳои 27-уми апрел рух дод, назди дарёи Салвин дар берун аз аёлати Карен  дар хати марз бо Тайланд ҷойгир аст. Гузоришҳо аз Тайланд мегӯянд, ки сокинони деҳоти маҳаллӣ... Читать дальше...

Нирӯҳои амрикоӣ аз ҳодисае дар обҳои Халиҷи Форс бо ширкати киштиҳои эронӣ хабар доданд

Ozodi.org 

ИМА гуфт, ки моҳи ҷорӣ киштиҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба ду киштии назоратии амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс расиданд ва ин ҳодиса аввалин бор дар як соли охир рух медиҳад. Нирӯҳои дарёии амрикоӣ рӯзи 27-уми апрел гуфтанд, ки дар ҳодисаи рӯзи 2-юми апрел касе ё чизе осеб надидааст. Эрон ҳанӯз ин ҳодисаро тасдиқ накардааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Вашингтон ва Теҳрон дар фикри музокироти ғайримустақим барои эҳёи созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон мебошанд. Музокироте, ки моҳи апрел дар Вена шурӯъ шуд... Читать дальше...

Додситонӣ сабаби марги Раҷабалӣ Назаровро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Пас аз дафни Раҷабалӣ Назаров, ки ҳангоми хидмат дар артиш ба таври мармуз фавтид ва дар расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба вуҷуд овард, Додситонии ҳарбии горнизони шаҳри Хоруғ ба санҷиши марги ӯ оғоз кардааст.

СҶТ ба Ҳинд бо васоили тиббиву мутахассисон ёрӣ мекунад

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Ҳиндро як воқеияти фавқулодда дилрешкунанда номид ва гуфт, ки барои кӯмак ба ин кишвар маводи зарурии тиббӣ ирсол мекунад. Тедрос Аданом Гебреусес, дабири кулли СҶТ гуфт, ки ин созмон беш аз 2 ҳазор кормандашро ба Ҳинд барои кӯмак дар муқобила бо бӯҳрони баамаломада сафарбар кардааст. Дар оғоз Ҳинд ҳамчун як кишваре ёд мешуд, ки дар амри мубориза бо паҳншавии коронавирус дар ин кишвари иборат аз 1,4 миллиард аҳолӣ бисёр муваффақ аст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Джиган

Джиган собирается торговать пивом





Персональные новости
РБК

РБК: в Москве нашли мертвым экс-председателя совета директоров «Норникеля»





Бритониё бар асоси Қонуни нави Магнитский таҳримҳои аввалро ҷорӣ кард

Ozodi.org 

Бритониё эълон кард, ки бар асоси Қонуни нави Магнитский таҳримҳои аввалро дар шакли масдудкунии ҳисобҳои бонкӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудият нисбати 14 шаҳрванди Русия ва ҳашт нафари дигар аз дигар нуқоти ҷаҳон татбиқ кард. Сергей Магнитский як ҳуқуқшиноси рус буд, ки нақшаҳои фасоди молӣ ва дуздии 230 миллион доллар маблағҳоро аз Русия ошкор карда буд. Худи ӯ баъди боздошт дар шароити мармуз дар зиндон даргузашт. Бар асоси тадбирҳои гирифташуда, дороиҳои шаҳрвандони Русия дар Бритониё масдуд шуда моликони онҳо ҳақи сафар ба ин кишварро надоранд. Читать дальше...

Нархи билетҳои парвозҳои чартерӣ тахминан ду баробар кам шуд, вале ҳамоно баланд боқӣ мемонанд

Ozodi.org 

Баъди талаби Агентии авиатсияи граждании Тоҷикиcтон чаҳор ширкати ҳавоии русӣ нархи билети парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистонро ҳудудан 50 фойиз арзон карданд. Вале нархи кунунӣ ҳам, ки ҳудуди 8,5  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, талабгорони сафар ба Русияро қонеъ намекунад. Онҳо мегӯянд,  ин нарх нисбати  давраи пеш аз хуруҷи COVID-19  ду баробар баландтар буда, онҳо тавони харидории билетҳоро надоранд. Мушкили дигар набуди билет ба хатсайрҳои ҳафтаҳои наздик мебошад, чун билетфурӯшиҳо мегӯянд, ки билетҳо... Читать дальше...

Вена мизбони ҷаласаи барномаи ҳастаии Эрон ва қудратҳо мешавад

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, имрӯз дар шаҳри Вена музокирот ба хотири бозгардонидани ИМА ба созиши ҳастаии соли 2015 аз сар гирифта мешавад. Ин созишро кишварҳои абарқудрати олам панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон бо Эрон бастаанд. Соли 2018-ум ИМА аз созиш берун шуда, таҳримҳои Эронро барқарор кард. Дар суҳбатҳои имрӯза талош хоҳад шуд, ки Эронро ба иҷрои талаботи созиш, ки ахиран аз тарафи Теҳрон нодида гирифта мешавад, водор кунанд. Ҳайати ИМА дар шаҳри Вена мебошад, вале дар музокирот ба таври ғайримустақим иштирок мекунад. Читать дальше...

Марде барои қочоқи даҳҳо сар гов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гунаҳгор мешавад

Ozodi.org 

Дар ҷамотаи Чоркӯҳи Исфара, як сокини 53-соларо барои қочоқи ғайриқонунии чорво дастгир кардаанд. Ба қавли Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин шахс моҳи апрел аз Қирғизистон бидуни супоридани боҷи гумрукӣ 48 сар говро  ба маблағи беш аз 241 ҳазор сомонӣ ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ҳафтаи гузашта  кормандони милитсия аз ин сокин чорвои қочоқиро мусодира карданд ва  ҳоло ба ӯ ҷарима ва ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекуанд.

Омор: Истеҳсоли гӯшт зиёд шуд, вале нарх арзон нагардид

Ozodi.org 

Тибқи ҳисоби вазорати кишоварзии Тоҷикистон соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт дар кишвар, беш аз 8 фоиз афзуда, 43 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ба илова дар Тоҷикистон дар ин муддат  655 тонна моҳӣ ва ҳудуди 230 миллион дона тухм  истеҳсол шудааст. Cарфи назар аз афзоиши истеҳсол,  нархи гӯшту тухм дар ин давра  баръакс боло рафтааст. Ҳоло нархи як кило гӯшти гов дар бозор ба ҳисоби миёна аз 60 то 70 сомонӣ ва як қуттӣ тухми мурғ 35-36 сомонӣ аст. Коршиносон сабаби баланд рафтани  нархи тухмро дар воридотӣ будани хӯроки паррандагон марбут медонанд... Читать дальше...

Матбуот: Намози Иди Рамазон дар Маскав дар чор масҷид барпо мешавад

Ozodi.org 

Дар иди  Рамазон мусулмонони шаҳри Маскав танҳо дар чор масҷиди пойтахти Русия метавонанд намоз гузоранд. Дар ин бора ба хабаргузориҳои русӣ Албир Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳониёни мусалмон дар Русия итилоъ додааст. Ба қавли ӯ ҳарчанд нисфи муҳоҷирон ба ватанҳояшон рафатанд, вале шумораи мусулмонҳое, ки доимӣ дар Маскав зиндагӣ мекунанд,, зиёд аст.  Ба гуфтаи Крганов, иди Рамазонро дар ин шаҳр  ҳудуди 250 ҳазор нафар таҷлил хоҳанд кард. Аммо намозгузорӣ  танҳо дар чаҳор масҷид, яъне масҷиди Ярдам дар кӯчаи Хачатурян... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Полина Гагарина — про уход на пенсию и особые способности Сергея Лазарева


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

ATP представила новые правила парного тенниса


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Лесной северный олень Прохор переехал в Керженский заповедник из зоопарка





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о героях нашего времени


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья Шмидт попросил защиты у Лукашенко и политического убежища в Белоруссии




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Невеста Тимати ответила на слухи о пластике ягодиц



Москва

DM: Ученые создали мутировавший вирус Эбола и изучают его распространение

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net