Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 29.06.2020

Муҳоҷирон дар Тула аз мақомот хостанд, ки онҳоро баргардонанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шароити, ба гуфтаи онҳо, "тоқатфарсо, ҳуҷраҳои нам ва бархӯрди нодурусти нозирон" дар боздоштгоҳи вилояти Тула шикоят доранд. Онҳо баъди раҳо шудан аз зиндон бояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, аммо бинобар баста будани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо моҳҳо боз дар боздоштгоҳи Тула дармондаанд. Раҳмоналӣ Мавлонов пас аз 10 соли зиндон акнун ду моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад.  Ӯ рӯзи 29-уми июн дар паёме видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "нозирони боздоштгоҳ ба мо мегӯянд, ба касе даркор нестед. Читать дальше...

Осорхонаи Хуҷанд аз мардум сиккаву офтобаи қадимӣ харид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Осорхонаи шаҳри Хуҷанд дар аҳди коронавируси нав тамошобинонашро аз даст дод, аммо дар ин давра тавонист шумораи нигораҳои худро 220 адад зиёд кунад. Мутриба Мамадҷонова, як масъули осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд, мегӯяд, баъзе аз ин ашёро аз мардум хариданд.  "Дар байни 16 чизе, ки аз шаҳрвандони Суғд харида шуд, сиккаҳои мутааллиқ ба давраи Сомониён, ҷавоҳирот, матои чит аз асри 18, табақҳо, офтоба ва дастшӯйи мисини мунаққаш арзиши баланд доранд", -- шарҳ дод ӯ.  Осорхона ин ашёро... Читать дальше...

Наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ аз боздошти писари ӯ хабар доданд

Ozodi.org 

Наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ, узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) рӯзи 29-уми июн ба онҳо гуфтааст, писари ин шахс Асрориддин Розиқов ба боздоштгоҳи ин ниҳод интиқол дода шудааст. Дафтари матбуоти КДАМ ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод ва тасдиқ ё радди хабар аз ҷониби он муяссар нагашт. Вале дар бораи боздошт шудани Асрориддин Розиқов чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад. Ҳисомиддин Розиқов... Читать дальше...



Нахуствазири собиқи Фаронса ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Франсуа Фийон, собиқ нахуствазири Фаронса ва ширкатдори интихоботи президентии соли 2017 аз ҳизби ҷумҳурихоҳ бо иттиҳоми “тақаллуб” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ҳадди аққал ду соли ин ҳукмро сиёсатмадор дар зиндон мегузаронад. Ҳамсари Фийон ҳам гунаҳгор эълон шуд ва ӯ ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум гардид. Вакилон гуфтанд, ки аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд кард, чун дар парванда далелҳои нав ошкор шудааст.  Моҷарои атрофи нахуствазири собиқ соли 2017 дар авҷи маъракаи интихоботӣ расонаӣ шуд. Матбуот он замон гуфт... Читать дальше...

Таъсири бештари иттилооти ғалати расонаҳои хориҷии Чину Русия назар ба бархе манбаъҳои хабарии маҳаллӣ

Ozodi.org 

Таҳқиқоти тозае мегӯяд, иттилооти ғалати нашршуда дар бораи коронавирус аз ҷониби расонаҳои давлатии Чин ва Русия дар Фаронса, Испания ва Олмон дар бархе ҳолатҳо назар ба расонаҳои азими маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ин кишварҳо хонандаи бештар доштааст. Пажӯҳишгоҳи интернетии Оксфорд  (OII) дар таҳқиқоти тозааш, ки рӯзи 29 июн нашр шуд, мегӯяд, ки шабакаи байналмилалии хабарии RT гоҳо барои як хабари паҳнкардааш дар бораи коронавирус дар Фаронса  тавассути Твиттер ё Фейсбук ба забони фаронсавӣ... Читать дальше...

Санадҳои нав дар бораи берун бурдани садҳо миллион доллар аз як кишвари Осиёи Марказӣ

Ozodi.org 

Садҳо санади нав собит мекунад, ки дар давоми солҳои гузашта аз Қирғизистон ба хориҷа садҳо миллион доллари марбут ба як ширкати ношиноси логистикӣ ё боркашон берун бурда шудааст.

Тачи дар муроҷиат ба мардуми Косово дар бораи иттиҳоми “ҷиноятҳои ҷангӣ” изҳори назар мекунад

Ozodi.org 

Президенти Косово Ҳошим Тачи рӯзи 29 июн дар як муроҷиат ба мардуми кишвар назарашро ба иттиҳоми додситонҳои Аврупо баён мекунад, ки ӯро дар ҳодисаҳои солҳои 1998-99-и касби истиқлолияти Косово  дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият гунаҳгор кардааст. Рӯзи 24 июн дафтари вижаи додситонии Гаага эълон кард, ки президент Ҳошим Тачи ва сиёсатмадори дигари бонуфуз Кадрӣ Веселӣ дар миёни нафароне мебошанд, ки “дар куштори ҷиноии тахминан 100 нафар” ва дигар қонуншиканиҳо дар робита бо “албанитаборҳо... Читать дальше...

Дар ҳамла ба бозоре дар Афғонистон 23 кас ҷон дод

Ozodi.org 

Дар паи таркиши хумпорае дар бозори воқеъ дар ҷануби Афғонистон рӯзи 29 июн дастикам 23 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ  шуд. Сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ҳамла дар молбозор рух дод ва дар миёни қурбониҳо кӯдакон ҳам мебошанд. Сухангӯ масъулияти ҳамларо ба дӯши Толибон вогузор кард, дар ҳоле, ки ин гурӯҳ дафъатан ҳукуматро гунаҳгор намуд. Дар ҳоле, ки давоми ҷашнгирии Иди фитр гурӯҳи шӯришӣ  оташбасро риоя кардааст, ба қавли мақомот ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои пурхушунати Толибон афзоиш меёбад. Дар... Читать дальше...



Дороиҳои пешини Гулнора Каримоваро мефурӯшанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон истироҳатгоҳи "Сиҷак"-ро ба фурӯш гузоштанд, ки пештар ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини он кишвар Ислом Каримов рабт дошт. Дар ин бора Оҷонсии идораи амволи давлатии Узбекистон хабар медиҳад. Ҳаҷми умумии масоҳати маҷмааи истироҳатӣ 5,38 га-ро ташкил медиҳад. Ин маҷмаа меҳмонхона, толори варзиш, се ҳавз, ду фаввора, амфитеатр ва дигар иншоотро дар бар мегирад. Маҷмааи мазкур соли 2017 ба ҳабс гирифта шуда буд.

Сабти 1613 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-2019 дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Рӯзи 28 июн дар Қазоқистон 1 613 гирифтори нави COVID-19 сабт шудааст. Ба ин тартиб, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 37 ҳазору 966 расид. Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон мегӯяд, дар кишвар 178 кас аз вируси корона фавтидааст. Қариб сеяки фавтидаҳо ба пойтахти Қазоқистон рост меояд. Дар як шабонарӯзи гузашта, ба гуфтаи мақомоти он кишвар 12 кас аз ин вирус фавтидааст. Дар як рӯзи гузашта 195 гирифтор баъди муолиҷа аз беморхонаҳо рухсат ёфтаанд. Шумори умумии шифоёфтагон... Читать дальше...

Лукашенко эътироф кард, ки пайгарди рақибони интихоботиаш бо амри ӯ сурат мегирад

Ozodi.org 

Президенти Белорус эътироф кард, ки шахсан ба таҳқиқи парвандаи рақибони интихоботии худ амр содир кардааст.  Александр Лукашенко гуфт, ки рақибони сиёсии ӯ мехоҳанд вазъи кишварро бесубот кунанд ва бар зидди “ҳукумати амалкунанда бираванд”. Пеш аз ҳама манзури Лукашенко тими номзади эҳтимолии президентӣ Светлана Тихановская мебошад. Дар паи эътирозҳои сартосарӣ дар Беларус садҳо нафар ба тарафдории номзадии ӯ имзо ҷамъ карданд. Баъди ин Лукашенко супориш дод, ки алайҳи шавҳар ва раҳбари ситоди интихоботиаш Сергей Тихановский... Читать дальше...

Комиссиюни интихоботҳои Русия: шумори овоздодаҳо аз  28% гузашт

Ozodi.org 

Комиссиюни марказии интихоботи Русия гуфт, ки дар рӯзи сеюми овоздиҳӣ барои тағйири конститутсияи ин кишвар, ки ҳадафи аслиаш тамдиди мӯҳлати президентии Владимир Путин аст, шумори овоздодаҳо аз 28,5% гузашт. Элла Памфилова, раиси комиссиюн рӯзи 28 июн гуфт, ки 31 миллион шаҳрванди Русия дар дохил ва ҳам аз берун овоз додаанд. Ӯ гуфт, ки 113 шикоят дар заминаи қонуншиканиҳои замони раъйдиҳӣ дарёфт кардааст. Овоздиҳии тағйири конститутсияи Русия бо сабаби пандемияи коронавирсус на дар як рӯз, балки... Читать дальше...

Баррасии барномаи 500-миллиарддолларӣ дар маркази таваҷҷӯҳи мулоқоти Меркелу Макрон

Ozodi.org 

Дар остонаи музокираҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таъсиси бунёди барқарорӣ аз коронавирус, рӯзи 29 июн президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел  дар Олмон мулоқот мекунанд. Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи ду раҳбар баъди шурӯи пандемияи коронавирус мешавад ва мулоқот ҳам дар Олмон барпо мешавад, ки раҳбарии нави давраии ИА-ро ба ӯҳда хоҳад гирифт. Қасри Елисей хабар дод, ки мулоқоти ду раҳбари аврупоӣ дар Қасри Масеберг, воқеъ дар шимоли Берлин баргузор ва баъдаш нишасти матбуотӣ доир мешавад. Читать дальше...

Дар Эрон доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ шуд

Ozodi.org 

Баъди як рӯзи рекордии бақайдгирии  марги инсонҳо дар Эрон бар асари COVID-19, мақомот пӯшидани ниқоби тиббиро дар дохили муассисаҳо ҳатмӣ карданд. Президент Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 28 июн зимни эълони ин хабар гуфт, ки ба минтақаҳои  шадидан осебдида иҷоза мешавад, ки маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ кунанд. Рӯҳонӣ гуфт, ки доштани ниқоб дар дохили биноҳо то 22 июл ҳатмӣ мешавад. Аз ин пеш раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ҳушдор дод, ки дар сурати беназорат мондани паҳншавии вирус мушкилоти иқтисодӣ сангинтар хоҳанд шуд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Джиган

Сын Оксаны Самойловой и Джигана пожаловался на поведение старших сестер: забавное видео





Персональные новости
Филипп Киркоров

«Попрошайка»: Киркоров унизил Успенскую в эфире шоу





Омори марг аз COVID-19 дар ҷаҳон аз 500 ҳазор гузашт

Ozodi.org 

Рӯзи 28 июн омори марги инсонҳо бар асари COVID-19 аз 500 ҳазор нафар ва олудагӣ ба коронавирус аз 10 миллион нафар гузашт ва ин ҳолат бархе кишварҳоро водор мекунад, ки тасмими қаблӣ дар бораи бозкушоии иқтисодҳояшонро бекор кунанд. Рӯзи гузашта Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар заминаи ҳодисаҳои тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус рекорди нави якрӯзаро ба қайд гирифт: дар 24 соати гузашта дар ҷаҳон 189 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд. Ҳафтае пеш рекорди якрӯзаи олудагӣ ба вируси нав 183 ҳазор нафар буд. Читать дальше...

Бимаи ҳатмии мошинҳо аз монополияи ду ширкат берун карда шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон суғурта ё бимаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт аз монополияи ду ширкат берун карда шуд. Агар то ин вақт танҳо "Тоҷиксуғурта" ва "Суғуртаи аввалини миллӣ" ҳақ доштанд воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро бимаи ҳатмӣ кунанд, пас минбаъд ҳамаи ширкатҳои суғурта ба ин кор ҳақ доранд. Бимаи воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ҳатмӣ буда, яке аз бахшҳои сердаромади соҳа мебошад. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ҳафтаи гузашта тарҳи нави қонун "Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию... Читать дальше...

Дуда дар даври дуюми интихобот барои курсии президентӣ рақобат мекунад

Ozodi.org 

Натиҷаҳои экзитпол бар пояи даври аввали интихоботи президентӣ дар Полша баёнгари он аст, ки президенти амалкунанда Анджей Дуда аз пуштибонии 42 дарсади мардум бархӯрдор аст. Даври дуюми овоздиҳӣ 12 июл аст ва дар ин давра ӯ бо номзади созмони мухолифини “Эътилофи шаҳрвандӣ” Рафал Тшасковский рақобат хоҳад кард. Тшасковский дар даври аввал  30,5% овоз гирифт. Баъди даври аввали овоздиҳии рӯзи якшанбе, дар ҷои сеюм журналист, нависанда ва барандаи ТВ Шимон Головня қарор гирифт, ки 13%  ба даст овардааст. Читать дальше...

Полис: Дар ҳамла ба биржае дар Карочи чор ҷангҷӯ кушта шуд

Ozodi.org 

Дар як ҳамла ба биржае дар Карочи, ки як маркази муҳими молии Покистон ба ҳисоб меравад, чаҳор ҷангҷӯ кушта шуданд. Полис инчунин гуфт, ки ҳамлагарони мусаллаҳ нахуст мошини худро ба даромадгоҳи биржа наздик карда,  норинҷакро тарконданд ва баъдан ба дохили бино бо тирандозии бебандубор ҳамла намуданд. Раиси полис Ғуломнабӣ Мемон гуфт, ки “чаҳор ҳамлагар кушта шуданд” ва полис гуфт, ки аз дасти ҳамлагарон ду муҳофиз ва як афсари полис кушта шуданд. Ҳоло вазъият таҳти назорат аст ва кормандони биржа осебе надиданд. Читать дальше...

Раҳпаймоӣ дар Бишкек зидди қонуни "дасткории иттилоот". Пахши зинда

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкек ба зидди қонун "Дар бораи дасткории иттилоот" тазоҳурот карданд. Норозиён аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков талаб доранд, ки қонунро имзо накунад. Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 25-уми июн тарҳи қонун "Дар бораи дасткории иттилоот"-ро қабул карданд. Ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ 79 вакил раъйи мусбат ва 10 тани дигар раъйи манфӣ доданд, аммо қонун ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳоло президент ин имконро дорад, ки қонунро имзо кунад ва ё рад намояд.  Иштирокдорони... Читать дальше...

Аъзои Конгресс таҳқиқи хабарҳои пулдиҳии Русия ба Толибонро талаб доранд

Ozodi.org 

Қонунгузорони ИМА мегӯянд, баъди гузорише дар бораи он ки хадамоти иктишофии Русия ба ҷангҷӯёни марбут ба Толибон барои куштори низомиёни ИМА дар Афғонистон подош додааст,  аз Кохи Сафед иттилои бештар тақозо мекунанд. Президент Доналд Трамп гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар ин замина аз хадамоти иктишофии кишвараш хабаре дарёфт накардааст, дар ҳоле, ки ба навиштаи ахири New York Times, президент дар ин бора дар моҳи март огоҳонида шуд. Вакил аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Лиз Чейнӣ рӯзи 28 июн гуфт, ки агар навиштаҳои нашрия дуруст бошад... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В городах России выступят летом юные вокалистки из Приамурья


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свентек выиграла титул WTA в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Синоптик Позднякова: москвичей 7 мая ждет аномально холодная погода





Путин в России и мире
Москва

Валентин Коновалов Хакасии примет участие в церемонии инаугурации Владимира Путина


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья отказался от должности и попросил защиты у Лукашенко. Он обвинил Варшаву в нечестной политике




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

Каков скандал. Катя Гордон режет правду матку про Анастасию Волочкову



Москва

В День Победы по ТВ покажут новые военные фильмы. Что можно посмотреть 9 мая?

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net