Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2018

Новости за 25.03.2018

Ҳалокати ба камияш 37 нафар дар сӯхтори Кемеровои Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар сӯхтори маркази тиҷоративу фароғатии "Зимняя вишня" дар вилояти Кемеровои Русия 37 нафар ҷон бохтаанд. Инчунин, дар ин ҳодиса беш аз чиҳил нафар ҷароҳат бардошта, 36 тани онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Хабаргузории ТАСС ба нақл аз мақомоти Русия навишт, ки ҳудуди 70 нафар низ бедарак шудаанд. Аз ин ҳисоб чиҳил нафар кӯдакон ҳастанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар ин замина парванда боз кардааст. Мақомот мегӯянд, сӯхтор рӯзи 25-уми март дар ошёнаи чаҳоруми бино сар зад. Ин маркази тиҷоратӣ соли 2013 ба истифода дода шуда буд. Читать дальше...

Тоҷикистон "рӯбоҳ"-и чиниро боздошт ва ба Пекин таслим кард

Ozodi.org 

Тоҷикистон бо дархости Чин як шаҳрванди ин кишварро боздошт ва истирдод кардааст. Оҷонси хабарии “Синхуа” рӯзи 25-уми март бо такя ба идораи пулиси вилояти Шанси навишт, ин нахустин шаҳрванди Чин аст, ки дар Тоҷикистон боздошт ва истирдод мешавад. Ба навиштаи “Синхуа”, боздошти ин чинӣ дар доираи амалиёти “Шикори рӯбоҳон” сурат гирифтааст. Ин маъракаи ҷустуҷӯи ҷинояткорони иқтисодиест, ки дар хориҷ паноҳ бурдаанд. Бино ба иттилои пулис, нафари муттаҳам Сюй, ки гуруҳи ширкатҳоро аз соли 2007 то июни 2011 идора мекард... Читать дальше...



Сипосгузории президент аз мардум барои ҳимоят аз Рустами Эмомалӣ

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – аз сокинони Душанбе "барои ҳимоят аз шаҳрдори ҷавони пойтахт" сипосгузорӣ кард. Ӯ шоми 25-уми март, дар охирин лаҳзаҳои ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе, ки ба таври зинда тавассути телевизионҳои кишвар пехш мешуд, гуфт, "хеле заҳмат кашидан зарур аст, то пойтахт ва мамлакатамон боз ҳам ободу зебо гардад ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар шавад." Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017, дар 29-солагӣ, шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Читать дальше...

"Рӯзи озодӣ". Дар Беларус даҳҳо нафарро боздошт карданд

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Беларус рӯзи 25-уми март даҳҳо нафарро дар пойтахти он кишвар боздошт карданд. Ин афрод замоне дастгир шуданд, ки мухолифин мехостанд як роҳпаймоӣ баргузор кунанд. Ин роҳпаймоӣ ба хотири таҷлил аз садумин солгарди эълони истиқлоли ин кишвар аз Русия сурат мегирад. Беларус соли 1918 эълони истиқлол кард ва ин то соли 1919 идома ёфт. Ба ин муносибат, ки номи “рӯзи озодӣ” ёд мешавад, мухолифони ҳукумати Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, тазоҳуротро ба роҳ меандозанд. Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон: "Наврӯзи имсола барои мо таърихист" АКС

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди бозгашт аз Амрико дар маъракаи расмии таҷлил аз Наврӯз дар Душанбе иштирок кард. Эмомалӣ Раҳмон шоми 25-уми март дар як суханронӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷашни имсоларо барои ҳукумат ва сокинони кишвар таърихӣ донист.

Пучдемон, раҳбари собиқи Каталония, дар Олмон боздошт шуд

Ozodi.org 

Вакили дифои Карлос Пучдемон – раҳбари собиқи Каталония – гуфт, ки ӯ аз тарафи пулиси Олмон дастгир шудааст. Ҷауме Алонсо Куэвиляс рӯзи 25-уми март дар Твиттер навишт, Пучдемон замоне боздошт шуд, ки мехост аз сарҳади Дания вориди хоки Олмон шавад. Ба қавли ӯ, Пучдемон равонаи Белгия буд. Карлос Пучдемон, раҳбари собиқи Каталония, моҳи октябри соли гузашта аз Испания фирор кард. Каталонияи зери раҳбарии ӯ рӯзи 1-уми октябри соли 2017 барои мустақилият аз Испания назарсанҷӣ баргузор кард ва порлумони... Читать дальше...



Аҳмадинажод: “Ин қувва комилан аз роҳи адолат берун шудааст”

Ozodi.org 

Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури собиқи Эрон – навори қувваи қазоияи ин кишвар алайҳи Ҳамид Бақоӣ, яке аз афроди наздик ба ӯро “хандаовар” хонд. Ӯ рӯзи 25-уми март дар як навори видеоӣ эълон кард, ки “ин қувва ба таври комил аз роҳи адолат берун шудааст”.

Дар инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Ҳирот як нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Пулиси Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи таркиши бомба дар беруни масҷиди шиаҳо дар шаҳри Ҳирот ба камияш як нафар кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд. Абдулаҳад Вализода, сухангӯи идораи амнияти вилояти Ҳирот, гуфт, инфиҷори 25-уми март намозгузоронро ҳадаф қарор додааст. Ба қалви ӯ, захмиҳо ба бемористон бурда шудаанд. То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст. Рӯзи 21-уми марти имсол дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар масҷиди шиаҳо дар Кобул 33 нафар кушта шуданд. Читать дальше...

Яке аз дӯстони Скрипал: “Вай ба Путин нома навишта буд”

Ozodi.org 

Яке аз дӯстони Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия, ки дар оғози моҳи марти имсол дар Бритониё заҳролуд шуд, гуфт, ӯ чанд вақт пеш ба Владимир Путин нома навишта буд. Скрипал гӯиё дар номааш аз Путин хостааст, иҷоза диҳад, ки ӯ ба Русия баргардад. Ба қавли Владимир Тимошков, ҳамдарси собиқи Сергей Скрипал, ӯ дар номааш худро “хоин” надониста, айни замон аз он таассуф хӯрдааст, ки ҷосуси дугона буд (барои ду кишвар кор мекард). Скрипал далели бозгашти худ ба Русияро ба он рабт додааст, ки ҳамаи наздиконаш дар Русия зиндагӣ мекунанд. Читать дальше...

Ҳалокати се коргар дар баландошёнаҳои Хуҷанд мақомотро "ҳушёр кард"

Ozodi.org 

Ҳалокати се нафар дар якуним соли гузашта дар сохтмони баландошёнаҳои шаҳри Хуҷанд мақомотро «ҳушёр» ва даст ба кор кардааст. Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз ширкату корфармоҳои минтақа талаб дорад, ки шароити бехатарии зердастони худро таъмин карда, дар сурати тасодуфе ба онҳо ҷуброн пардозанд.

Валиаҳди Саудӣ: Шарт нест, ки занон чодари сиёҳ пӯшанд

Ozodi.org 

Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – эълон кард, ки занон ба пӯшидани чодар ё ҳиҷобу рӯсарии сиёҳ муваззаф нестанд. Ба шарти онки, ба қавли ӯ, “либоси муносиб ва муҳтарамона ба бар кунанд”.

Интихоботи Туркманистон. Рақобати писари Бердимуҳаммадов

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбе раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Туркманистон шуруъ шуд. Аксари номзадҳо аъзои се ҳизби Туркманистон буда, ба назар мерасад, ба раиси ҷумҳури он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вафодоранд. Дар миёни номзадҳо Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи раиси ҷумҳури Туркманистон низ ҳаст. Бархе аз коршиносон ӯро ҷонишини ояндаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов медонанд Созмони Фридом Ҳауз ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Вашингтон, моҳи январи имсол Туркманистонро аз назари озодиҳои маданӣ... Читать дальше...

Шӯрои уламо: "Иттилоъ додан дар мавриди ҷиноят хабаркашӣ нест"

Ozodi.org 

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон хост, ки дар сурати огоҳӣ аз ҷиноят ё мавридҳои шубҳаовар мақомотро огоҳ кунанд. Ин танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш навишт, "ба мақомот хабар додан кори хайр аст, агар туҳмат ё ғарази шахсӣ набошад". Масъулони ин созмон гуфтанд, "ҳар фарде, ки шубҳанок аст ё амалаш ба суботи ҷомеа ва одобу ахлоқи он зарар дорад, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, таҳдид, зарари ҷисмонӣ расондан ба касе, инчунин беэҳтиромӣ ба қонунҳо... Читать дальше...

Сокинони наздимарзӣ: "Монед, бо шиносномаи сурх ба Узбекистон равем"

Ozodi.org 

Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон як ҳафта боз наметавонанд бо шиносномаи сурхи дохилӣ марзи Узбекистонро гузаранд. Қаблан ба онҳо иҷозат шуда буд, ки бо шиносномаи дохилӣ то 30 километри кишвари ҳамсоя рафта, панҷ шабонарӯз дар онҷо бимонанд.

Боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Субҳи барвақти 25-уми март заминларзае шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакентро такон додааст. Бархе аз сокинони пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларза соати 3:19 дақиқа эҳсос шуд. Созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, ки маркази заминларза тақрибан 50-километрии Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд. Ба қавли онҳо, шиддати заминларза дар марказаш ба 5,1 дараҷаи Рихтер мерасид. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар... Читать дальше...

Заминларзае пойтахти Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Шаби 25-уми март заминларзае шаҳри Душанберо такон дод. Бархе аз сокинони пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳодиса соати 3:19 дақиқа рух дод. Марказҳои зилзиланигории ҷаҳон мегӯянд, маркази ин заминларза Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон будааст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​ Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, дар як соли ахир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Спорт в России и мире
Москва

Спортсменка из Бутово выиграла «золото» на турнирах по художественной гимнастике


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Как Рыбакиной стать второй ракеткой мира: расклад от WTA


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Жёсткие экологические требования решат инновационные энерготехнологии





Путин в России и мире
Москва

Педагогов Калмыкии приглашают принять участие в Форуме классных руководителей


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Дух разделения в Святой Руси, или Можно ли лишиться сана за отпевание Навального*



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Маркетолог Родочинская: новая девушка Тимати копирует Решетову ради бизнеса



Москва

Опубликован список запрещенных вещей на Параде Победы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net