Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Август
2018

Вакили дифоъ сабаби таваққуф дар мурофиаи Мирсаидовро шарҳ дод

0
Вакили дифоъ сабаби таваққуф дар мурофиаи Мирсаидовро шарҳ дод

Баррасии шикояти кассатсионии журналист Хайрулло Мирсаидов то як ҳафтаи дигар мутаваққиф шуд. Қарор буд субҳи 15 август додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии шикояти кассатсионии раҳбари гурӯҳи КВН-и маҳкумшуда ба 12 соли зиндони низомаш сангин шурӯъ кунад, вале субҳи чоршанбе мурофиа баргузор нашуд ва то 22 август мутаваққиф шуд.

Мавзӯи баҳс– норизоияти Мирсаидов аз ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд аст, ки рӯзи 11 июл   Мирсаидовро ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" гунаҳгор эълон кард.

Дилафрӯз Самадов, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 август аз шаҳри Хуҷанд гуфт:

“Мурофиа ба рӯзи чоршанбеи оянда, соати 10 гузаронида шуд. Котиби додгоҳи вилояти Суғд сабаби ин тасмимро чунин шарҳ дод, ки яке аз судяҳои парвандаи Хайрулло қаблан ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ дар мурофиа иштирок карда буданд. Бо сабаби аз ширкат дар мурофиаи кассатсионӣ номзадиашро берун кашидани ин судя, ин парванда ба судяи дигар вобаста карда шуд. Бо назардошти ин ҳолат, парванда ба хотири омӯзиши судяи дигар то як ҳафтаи дигар мутаваққиф мешавад”.

Ба гуфтаи Самадова, судяе, ки ҳангоми содир шудани қарор дар заминаи интихоби чораи пешгирӣ – ҳабс дар парванди Мирсаидов ширкат кардааст, барои ширкат дар баррасии кассансионӣ таъин шуда буд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ба гуфтаи вакили дифоъ, ҳар судяе, ки дар кадом бахши ин парванда дар мурофиаи пешина иштирок кардааст, иҷозати ширкат дар мурофиаҳои ояндаро надорад. Ӯ гуфт, ки чунин талабот ба хотири таҳияи заминаҳои объективии баррасии парванда дар зинаи дигари додгоҳӣ амал мекунад. Ҳоло, гуфт Самадова, баробари маълум шудани ин воқеият, ки як судя дар марҳилаҳои гузаштаи парвандаи Мирсаидов ширкат кардааст, қарор ин шуд, ки баррасии парванда як ҳафта баъд баргузор шавад.

Ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар нисбати Мирсаидов то ҳол мавриди интиқод ва таваҷҷӯҳи вижаи кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодии баён шудааст.

Дар як изҳоротааш рӯзи 14 август сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт изҳори умедворӣ кард, ки Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми мусбат содир мекунад ва  пуштибонӣ аз Хайрулло Мирсаидов нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ришвахорӣ муборизаи ҷиддӣ мебарад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

"Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад".

Рӯзи 13 август  дар  изҳороте, ки аз номи 12 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шуд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шуд, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назар, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад. Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳороташ дар интернет иддао кард сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро як тӯҳмат номид ба аз болои Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.

Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр карда буд.

Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: В ТиНАО в программу реновации включили 268 домов


Спорт в России и мире
Москва

В Нижнем Тагиле прошел десятый благотворительный забег ЕВРАЗа и городской спортивный праздник «Дай пять!»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективах развития туризма в Ингушетии





Путин в России и мире
Москва

Кадыров пригласил Путина посетить Чечню


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Владимир Путин встретится 23 мая с Лукашенко в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский пожаловался, что западная помощь опаздывает


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



OG Buda

Настоящая дружба: как Федук и OG Buda выглядели до популярности



Москва

В июне в районе Марьино завершат строительство храма в честь святых Петра и Февронии Муромских

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net