Наврӯз дар Панҷакент 27-уми март доир мешавад
Ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯзи имсола дар шаҳри Панҷакент рӯзи 27-уми март баргузор мешавад. Қарор буд ин ҷашн пештар баргузор шавад, аммо ба сабаби сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико, таҷлили Наврӯзи саросарӣ дар Панҷакент ба таърихи 27-уми март вогузор шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз ширкат дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об, дар мақари Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон бармегардад ва дар маросими таҷлилил Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат мекунад. Масъулони ҳукумати шаҳри Панҷакент зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр чандин бинову иншоот мавриди истифода қарор мегирад.