Ҳавопаймои духтари миллиардери турк дар Эрон суқут кард
Як ҳавопаймоии шахсии Туркия рӯзи якшанбеи 11-уми март дар фазои вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрии Эрон суқут кардааст ва ҳама 11 сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳавопаймо ягона духтари як миллиардери турк ва дӯстонаш буданд.