Генерали амрикоӣ: "Тоҷикистон шарики калидии ИМА дар минтақа аст"
Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи нирӯҳои марказии Амрико – дар як гузориши худ Тоҷикистонро бо назардошти марзи беш аз 1400-километриаш бо Афғонистон "шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа" хондааст.