КМИР -и Қирғизистон харҷи номзадҳо ба мақоми президентиро эълон кард
Ба огаҳии комиссия, то 25 декабри соли равон ба ҳисобҳои бонкии 18 номзад ҷамъан 104 миллиону 463 ҳазору 444 сом ($1 275 781) ворид шудааст. Аз ҳама бештар - 51 млн 461 ҳазор сом (наздики $628,5 ҳазор) ба ҳисоби бонкии ситоди номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов ворид гаштааст.
Ба буҷаи ситоди интихоботии номзад Бобурҷон Тобоев низ назар ба дигарон пули бештар - 14 миллиону 224 ҳазору 572 сом ($173 ҳазор) гузаронида шудааст. 9 миллиону 264 ҳазору 488 соми ин маблағ аллакай харҷ гаштааст. Ситоди интихоботии Ҷабборов то ҳол 50 млн 439 ҳазору 859 сом ($616 ҳазор) харҷ кардааст.
Номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон то ба имрӯз дар маҷмуъ 94 млн 640 ҳазору 746 сом ($1,1 млн) харҷ кардаанд.
Буҷаи интихоботии номзадҳои дигар аз 5 миллион сом бештар нест.
Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон қарор аст, 10 январи соли 2021 баргузор шавад. Дар он 18 номзад сабти номанд.
