Дар минтақаи Тогуз-Булаки ноҳияи Аравани Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, рӯзи 31-уми май тирпаронӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд.
Марзбонони Қирғизистон дар наздикии марз ду мошинеро бо рақамҳои давлатии Узбекистон хостанд, боз доранд, вале ронандагон ба фармони онҳо итоат накарданд. "Мошинҳо бо вуҷуди оташкушоии огоҳкунанда ҳаракатро идома доданд. Марзбонон маҷбур шуданд, ки ба чархи мошинҳо паронанд, дар натиҷа як шаҳрвандӣ Ӯзбекистон захмӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи хадамот. Читать дальше...