"Захира ҳаст, вале аҳолӣ фақир." Баҳои Global Finance ба Тоҷикистон
Тоҷикистон дар гузоришҳои байнулмилалӣ тақрибан ҳамеша яке аз кишварҳои фақиртарини дунё ном бурда мешавад. Global Finance рӯзи 7-уми май дар радабандии нав Тоҷикистонро кишвари қашшоқи Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ номид. Ин натиҷагирӣ бар пояи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул таҳия шудааст.