Овоздиҳӣ барои “ҳуқуқ ва бартариятҳо”-и Фаластин дар СММ
Имрӯз, 10-уми май қарор аст дар Маҷмаи кулли СММ барои қабули қатъномае овоз диҳанд, ки “ҳуқуқ ва бартариятҳое” барои Фаластинро пешбинӣ мекунад ва аз Шӯрои амният даъват хоҳад кард, ки дархости Фаластинро барои қабули он ба узвияти СММ ба ҳайси кишвари 194-ум бипазирад.