Сарсонии даҳҳо ронандаи тоҷик дар марз бо Узбекистон
![Сарсонии даҳҳо ронандаи тоҷик дар марз бо Узбекистон](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-6c5a-08dc2348d21b_tv_w800_h450.jpg)
Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.