Долони Вахон. "Нишонагузорӣ"-и Покистон сарусадо ба по кард
Тайи рӯзҳои ахир иддаоҳо дар бораи аломатгузориҳои нави марзӣ аз сӯи Покистон дар бахшҳое аз ноҳия ё вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон, сару садоҳоеро дар расонаҳои Афғонистон ва Покистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.