Вазир гуфт, интихоби кӯдаки 10-миллиона шаффоф буд. Сокинон шубҳа доранд
Вазири тандурустии Тоҷикистон тасмими муайян кардани шахсияти шаҳрванди 10-миллионнафарии ин кишварро чун “ҷараёни шаффоф” ҳимоят кард ва гуфт, ки интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин замина асос надоранд.