"Ҳамааш барои як шахс аст." Тоҷикистонро барои "маршировка" танқид карданд
Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид истифода аз нерӯи кӯдакону ҷавонон ва занонро дар маъракаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон танқид карда, як навъ “истисмор” номидааст. Шивон Маллалли охири соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва хулосаашро 8-уми июни имсол нашр кард.