Иззат Амонро ба 6 соли дигари зиндон маҳкум карданд. ВИДЕО
Ҳукм рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе эълон шуд. Пештар ӯро бо айни гуноҳ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Мақомот ҳукмашро дурусту қонунӣ мешуморанд, аммо ҷонибдоронаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.