Сафири Афғонистон "не"-и СММ-ро "оғози поёни ҳукумати Толибон" донист. ВИДЕО
Гурӯҳе аз паноҳандагон ва сафиру мансабдорони ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дар Тоҷикистон аз тасмими надодани курсии Кобул ба Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид ситоиш карданд. Нишаст рӯзи 2-юми декабр баргузор шуд.