Комроншоҳи Устопириён ба финали "Abu Dhabi Grand Slam" роҳ ёфт
![Комроншоҳи Устопириён ба финали](https://gdb.rferl.org/51637522-2B6C-41BD-B3E4-3B4F0560B632_w800_h450.jpg)
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик ба даври финалии мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” роҳ ёфт. Ӯ рӯзи 28-уми ноябр дар вазни -90 кг баромад кард ва ба се рақибаш аз Британияи Кабир, ИМА ва Қирғизистон дастболо шуд.