Раҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон дар Сочӣ гуфтугӯ мекунанд
Президенти Русия Владимир Путин 26-уми ноябр бо ҳамтои озарияш Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Николай Пашинян мулоқот мекунад.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии Кремл, гуфтугӯи сеҷониба бо ташаббуси Путин бахшида ба солгарди қатъи даргириҳо дар марзи Арманистон бо Озарбойҷон баргузор карда мешавад. Мулоқоти алоҳидаи Путин бо Алиев ва Пашинян низ дар назар аст.
Хадамоти матбуотии Кремл хабари баргузор шудани гуфтугӯи сеҷониба дар Сочиро дар пасманзари оғози дубораи даргириҳо дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон нашр кард.
Вазъ дар марзи ду кишвар баъди задухурди мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта, ки дасти кам 6,5 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, печида боқӣ мемонад. Ин низоъ бо миёнаравии Русия ба поён расид. Бар асоси созишномаи имзошуда, Боку қисми зиёди Қарабоғи Куҳиро соҳиб шуд ва дар як қатор минтақаҳо посдорони сулҳи Русия ҷойгир карда шуданд.