Президентҳои Эрон ва Русия дар бораи Афғонистон гуфтугӯ карданд
Президентҳои Русия ва Эрон дар бораи омодагиашон барои кумак ба барқарории сулҳ ва субот дар Афғонистон сухан гуфтанд. Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, дафтари раёсати ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Владимир Путин ва Иброҳим Раисӣ рузи душанбеи 16-уми ноябр дар мавриди Афғонистон телефонӣ суҳбат карданд. Қабл аз ин Маскав ва Теҳрон дар пайи ба қудрат расидани дубораи Толибон дар Афғонистон, аз вазъи Афғонистон нигаронӣ карда буданд. Эрон ва Русия, ки пеш аз сарнагунии ҳукумати Ғанӣ дар Афғонистон, бо Толибон робитаҳо доштанд, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар шудаанд. Толибон ҳукумати кунуниашонро ҳамашумул медонанд. Бо гузашти се моҳ аз суқути Кобул, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст.